Интизор меравад, рӯзи 28 август додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба муҳокимаи пурсарусадои муноқишаи гурӯҳии толибилмони ду мактаб дар поёни моҳи май, ки мунҷар ба ҳалокати як ҷавони 17-сола шуд, нуқта гузорад.
Айдоркунандаи давлатӣ барои гумонбари асосӣ дар қатли Бурҳониддин Зарипов, хонандаи мактаби 54-и шаҳри Душанбе бар асоси ду моддаи Қонуни ҷиноии Тоҷикистон -- куштор ва авбошӣ - 10 соли зиндон талаб кардааст. Фирӯз Бобохонов, айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 26-уми август аз додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт хост, то Бобоҷон Ҳомидови низ 17-сола - муттаҳами асосии марги Бурҳониддин Зарипов - ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад. Бино бар натиҷаҳои тафтишот, Бобоҷон Ҳомидов рӯзи 30-юми май дар як муноқишаи гурӯҳӣ миёни хонандагони мактаби 54 ва 66-и шаҳри Душанбе
Бурҳониддин Зариповро бо зарби корд ба ҳалокат расонд. Дар робита ба куштор ва занозании гурӯҳӣ ҷамъан 12 нафар боздошт шудаанд.
Рӯзи 27 август дар сухани охиринаш дар додгоҳ Бобоҷон Ҳомидов гуноҳи худро дар қатли Бурҳониддин Зарипов қисман ба гардан гирифт ва аз волидайни Бурҳониддин узрхоҳӣ кард.
Хуршед Зарипов, бародари Бурҳониддин дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз тасмими айбдоркунандаи давлатӣ, ки барои муттаҳами асосӣ 10 соли зиндонро талаб кардааст, қонеъ аст, аммо: «Агар додрас ба гунаҳкор 100 сол ҳам ҳукм барорад дили мо ором намегирад. Ба хотири он ки бародарамонро аз даст додаем. Аммо ба хотири он ки ҳамин корҳо такрор наёбад, ба даҳ соли талаби прокурор розием. Агар ба шарте боз додрас онро кам накунад ва муттаҳам аз карда пушаймон бошад.»
Аммо наздикони Бурҳониддинг Зарипов бо ҷазоҳое ки айбдоркунанда барои гумонбарони дигар дар ин занозанӣ хостааст, розӣ нестанд. Айбдоркунандаи давлатӣ дар канори талаби 10 соли ҳабс барои муттаҳами асосӣ хостааст, ки Баҳрулло Асоев, Аъзам Рабиев, Ҷамолиддин Холназаров, Икромиддин Холназаров ва Собир Салихов бар асоси моддаҳои 237 қисми 2 банди б-и Қонуни ҷиноӣ бо пардохти 1000 нишондиҳанда (як нишондиҳанда 40 сомонӣ) ба фоидаи давлат муваззаф карда шавад. Ҳамчунин Комрон Холов, Сино Каҳҳоров, Алибахш Алиназаров, Толибхон Авазов, Беҳрӯз Одинаев ва Маҳмадшариф Ҳомидов мутобиқи бандҳои 63 ва 87-и Қонуни ҷиноӣ ба кори маҷбурӣ ба андозаи 160 соат ҷалб карда шаванд. Бархе аз ин афрод дар мурофиа
ба гуноҳи худ пурра иқрор карда, бархи дигар гуноҳро қисман ба гардан гирифтанд. Вале бархе аз айбдоршавандаҳо ба талаби айбдоркунандаи давлатӣ розӣ набуда, хостори онанд, ки ҳаҷми ҷаримаи онҳо кам карда шавад.
Куштори Бурҳониддин Зарипов, хонандаи мактаби 54-и шаҳри Душанбе дар ҷараёни як муноқиша миёни хонандагони мактаби 54 ва 66 дар маҳаллаи 91-и пойтахт сар зада буд. Гуфта мешавад, ин занозанӣ дар идомаи баҳси Сино Қаҳҳоров ва Алибахш Алиназаров дар шабакаи «Одноклассники» сурат гирифтааст. Ин ду хонандаи ду мактаби ба ҳам наздики Душанбе дар «Одноклассники» бо ҳам «чат» ё паёмзанӣ мекарданд ва гуфтугӯи онҳо ба ҷое расид, ки кадоме аз ҳарду зӯранд. «Зӯр» будан дар фаҳмиши онҳо доштани «дӯстдухтар»-ро ҳам фаро мегирифт. Яке гуфт, «арӯс» дорад ва дигариро айбдор кард, ки бо ҳеч духтаре дӯст нест ва биноан «лох», яъне «беғайрат» аст.
Лаҳни таҳқиромез сабаб гашт, ки яке дигариро ба «ҷанги тан ба тан» даъват кунад. Ду нафар дӯстони худро низ ба саҳнаи занозанӣ даъват карданд ва дар натиҷа моҷарои онҳо ба занозании гурӯҳие мунҷар шуд, ки дар ҷараёни он Бурҳониддин Зарипов аз дасти Бобоҷон Ҳомидов, ки дар ҳеч яке аз ин мактабҳо таҳсил намекард, кушта шуд.