Тӯби кӯҳна ва як майдончаи нимвайрона макони дӯстдоштаи бозии футбол барои Юсуф Ёрзодаи 15-сола аст. Ин наврас дар деҳаи Шайнаки ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунад ва орзу дорад, ки дар оянда футболбози маъруф бишавад.
Аммо набудани майдончаи бозӣ Юсуф Ёрзодаро дилсард накардааст. Ӯ пайваста дар кӯчаву гузаргоҳҳои деҳа бо дӯстонаш бозӣ мекунад ва ҳар рӯз ба гуфтаи худаш як қадам то орзуҳояш наздиктар мешавад.
"Мехоҳам, ки мисли Дилшод Восиев, Фарҳод Восиев ва Алишер Тӯйчиев бозигари хуб шавам. Ҳангоме дастаи Тоҷикистон дар бозиҳо мағлуб мешавад, хеле рӯҳафтода мешавам. Ба фикрам, яке аз сабабҳои бохти дастаи мо, кам будани бозигарони хуб аст. Ба мисли дигар кишварҳо, аз қабили Аргентина, Олмон ва дигарон, ки зиёда аз дусад бозигари беҳтарин дорад, мо чунин футболбоз надорем," – афзуд ӯ.
Аз ин талошҳои Юсуф волидонаш ҳимоят мекунанд. Модари ӯ Зулфия Исмоилова мегӯяд, умед дорад, ки фарзандаш рӯзе футболбози машҳур шуда, Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ хоҳад кард. Ӯ гуфт, "лекин, рости гап, барои тамрини ӯ дар толорҳо маблағи кофӣ надорем. Агар ягон имконияти дастгирӣ бошад, ки ними маблағ аз ҳисоби мо шавад ва ними дигараш аз ҳисоби толорҳо, он вақт ба манфиат мебуд."
Ба мисли Юсуф дар Тоҷикистон даҳҳо навраси дигаре ҳастанд, ки бо вуҷуди рағбату орзу, бинобар нодорӣ наметавонанд ба футбол ҷиддӣ машғул шаванд. Аммо Раҷабалӣ Қиличев, дӯстдори футбол, бо вуҷуди аз хонаводаи нодор буданаш, имкон пайдо кардааст, ки ба футболи касбӣ роҳ биёбад.
Ӯ ду ҳафта боз дар ҳайати дастаи "Помир" тамрин дорад. "Бовар дорам, ки дастаи мо дар мусобиқаҳои дар пешистода пирӯз мегардад. Ман мухлиси дастаи "Бавария" ҳастам ва Рибериро хеле меписандам. Мехоҳам, ки дар оянда мисли Риберӣ шавам," - мегӯяд ӯ.
Имконияти ба футболи касбӣ рӯ овардани наврасон аз оилаҳои камбизоатро созмони "Ҳамсояҳои нек" ба уҳда гирифтааст. Ба гуфтаи ҳамоҳангсозони ин тарҳ, бо мусоидати онҳо ҳамакнун наздик ба 300 наврас аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар дастаҳои ташкилшуда тамрин мекунанд. Қаблан дастаҳо танҳо миёни худ қувваозмоӣ мекарданд.
Имсол, футболбозони наврас аз хонаводаҳои нодор алакай дар Федератсияи футболи Тоҷикистон номнавис шудаанд ва имкон пайдо кардаанд, ки бо дастаҳои дигари футбол низ нерӯ биозмоянд.