Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати маориф омӯзгорони тоҷикро ҳайрон кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Понздаҳ дар сад кам шудани маош дар моҳи январ аксар омӯзгорони мактабҳои миёнаи Тоҷикистонро нороҳат кардааст. Омӯзгорони бархе аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳо аз он шикоят мекунанд, ки музди кори онҳо дар моҳи январ аз 60 то 300 сомонӣ кам пардохт шудааст.

Раҳбарони мактабҳо ҳам дар посух ба суоли омӯзгорони ҳайратзада гуфтаанд, моҳи январ хонандаҳо дар таътил буданд ва кори омӯзгорон ҳам зиёд набуд, аз ин рӯ пули иловагие, ки барои “роҳбари синфӣ” ва “тафтиши дафтар” пардохт мешуд аз маоши онҳо буриданд.

Омӯзгори як мактаб дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, ки худро Маърифат Аюбова муаррифӣ кард, мегӯяд, маошаш дар ҳоле бурида шуд, ки онҳо ин як моҳ баробари хонандаҳо истироҳат накарда, кор мерафтанд.

Шумо роҳбари синфӣ накардед ва тафтиши дафтар надоштед гуфта, маошҳоро аз 100 то 300 сомон хат заданд.

“Шумо роҳбари синфӣ накардед ва тафтиши дафтар надоштед гуфта, маошҳоро аз 100 то 300 сомон хат заданд. Ман ҳамагӣ 900 сомон маош мегирифтам 100 сомонӣ кам шуд, вале барои омӯзгор ин маблағи кам нест. Музди омӯзгорони дигар хеле кам шуд.”

Омӯзгор мегӯяд, ӯ ва ҳамкасбонаш бо маоши ночизи худ, базӯр аз моҳ ба моҳи дигар зиндагиро пеш мебаранд. Гоҳо маоши худро дер мегиранд ва дар бисёр ҳолат то маоши навбатӣ қарздор мешаванд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо қаблан новобаста ба таътил маоши худро пурра мегирифтанд, вале ҳоло намедонанд дар кадом асос ва дастуре маошашон якбора кам шуд.

Масъулини Вазорати маориф ва илми кишвар мегӯянд, тибқи тартиби нави пардохти музди меҳнат, дигар дар мавсими таътил ба омӯзгорон иловапулӣ дода намешавад. Омӯзгорон дар Тоҷикистон дар баробари маош барои роҳбари синфӣ, тафтишӣ дафтарҳо ва утоқи фаннӣ маоши иловагӣ мегиранд.

Дастурҳои пардохти маош иваз шуд

Фирӯза Ғаниева, як масъули Вазорати маориф ва илми кишвар рӯзи 15 - уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Дар ҳақиқат дар тартиби пардохти музди корманони соҳаи маориф ва илм соли 2010 чунин гап набуд, вале моҳи марти соли 2017 тартиби пардохти музди меҳнати нав бо мувофиқаи чор вазорат тасдиқ шуд, тибқи он иловапулии омӯзгорон дар таътили зимистон ва тобистон дода намешавад, чунки хонандаҳо нестанд ва омӯзгорон кори иловагӣ надоранд.” Ин масъули вазорати маориф мегӯяд, бояд ҳама кормандони соҳаи маориф аз ин тағйирот огоҳ бошанд.

Омӯзгорони нороҳат аз кам шудани маоши якмоҳаашон дар минтақаҳо мегӯянд, новобаста ба таътил онҳо дар моҳи январ ҳам ҳар рӯз кор мерафтанд ва ба бачаҳо дарси иловагӣ ҳам додаанд.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Салимахон, омӯзгори фанни забон аз ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, ба ҷои 900 сомонӣ ин моҳ 700 сомонӣ маош гирифт. “Ман ду фарзанд дорам, маош барои ҳамин хурду хӯроки хона сарф мешавад. Шавҳарам дар Русия аст. Ин моҳ якбора 200 сомон кам шуд маош, пурсидем, гуфтанд ҳамин хел шудаст. Ҳайрон шудам.”

Коҳиш ёфтани маош ба вижа омӯзгоронеро нороҳат кардааст, ки бо даъвати маоқомот ба далели камбуди омӯзгор аз як ноҳия ба ноҳияҳои дигар барои кор рафтаанд ва ба қавле ҳар тангаи онҳо дар ҳисоб аст.

Қишри муҳимтарин, вале камбизоати ҷомеаи Тоҷикистон

Омӯзгорӣ дар Тоҷикистон аз касбҳое ҳаст, ки бо вуҷуди кори зиёд маоши ночизе дорад. Ба омӯзгорони одӣ аз ҳудудан 500 то 1800 сомонӣ, яъне ҳадди аксар 200 доллар маош пардохт мешавад. Аммо бархе мегӯянд, на ҳамеша маоши худро пурра ба даст мегиранд. Аз музди меҳнати онҳо барои обуна ба нашрияҳои расмӣ як дафъа 100 сомонӣ ё бештар аз он маблағ мегиранд.

Аз ин қишр, дар бархе аз мактабҳо дар маъракаву чорабиниҳои давлатӣ ҳам пул ҷамъоварӣ мешавад ва ё аз кӯмакашон истифода мешавад. Дар баробари мусоидат дар тозагии шаҳр, омодагӣ ба ҷашнҳои бузург, маъмулан дар маъракаҳои интихоботӣ ҳам ҳазорҳо омӯзгор ба ҳайси нозир, ташкилотчӣ ва раису узви ҳавзаву қитъаҳои интихоботӣ, ширкат мекунанд.

Теъдоди умумии омӯзгорон дар макотиби олӣ ва миёнаи кишвар беш аз 100 ҳазор гуфта мешавад. Як сабаби аслии поин будани сифати таълим дар мактабҳо ҳам ба маоши ками омӯзгорон, набуди имтиёзҳои иҷтимоӣ ва ҳавасмандии онҳо рабт дода мешавад.

XS
SM
MD
LG