Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сояи танишҳо бо Эрон дар сафари Э.Раҳмон ба Арабистони Саудӣ


Таҳлилгарон мегӯянд, Тоҷикистон рӯи Арабистони Саудӣ ҳамчун дӯсти нав дар Ховари Миёна ҳисоб мекунад, вале ин ба маъное нест, ки аз дӯстони кӯҳнааш, ба мисли Эрон, бибурад.

ттифоқан сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ ба замоне рост омад, ки равобити Душанбе бо Теҳрон аз як сӯ ва муносибатҳои Теҳрон бо Риёз аз сӯи дигар дучори буҳрон шудаанд.

Муносиботи Тоҷикистону Эрон дар пайи даъвати Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба як ҳамоиш дар Теҳрон хадшадор шуд. Ҳамзамон муносиботи Эрон - рақиби деринаи Арабистони Саудӣ дар ҷаҳони исломӣ, дар пайи эъдоми як шайхи шиамазҳаб - Нимр ан-Нимр ба бӯҳрони амиқ рӯ ба рӯ шудааст.

Ин ҳолат дар зеҳни бисёриҳо мисраи “Бо душмани ман, ки дӯст бисёр нишаст”-ро ба ёд овард ва дар маҳофили сиёсӣ дар Душанбе ин суолро мекунанд, ки ин сафари раисиҷумҳур ба Саудия дар ин шабу рӯз ба муносиботи Тоҷикистону Эрон чӣ таъсир хоҳад гузошт?

Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари умури сиёсӣ рӯзи 4−уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст ва бо ҳар кишваре аз зовияи манофеи миллии худ муносибат мекунад ва ба як кишвар барқасди давлати дигар сафарҳои расмӣ анҷом дода намешавад. Вай афзуд: “Арабистони Саудӣ барои мо дӯсти нав шуданаш мумкин аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки бо пайдо кардани дӯсти нав мо аз дӯсти куҳан даст кашем. Мо бо ҳар кишваре, аз ҷумла бо Арабистони Саудӣ ва Эрон ҳам аз зовияи манфиатҳои миллии ҳеш ва бо иттико ба сиёсати бисёрсамтӣ муносиботи худро ба роҳ мемонем.”

Арабистони Саудӣ пас аз эълони таъсиси як эътилофи зиддитеррористӣ бо шумули кишварҳои исломӣ аз Тоҷикистон ҳам даъват карда буд, то ба ин эътилоф бипайвандад. Дар баробари ин дархост ҷониби мақомоти Саудия аз раисҷумҳури Тоҷикистон хоста буданд бо як сафари расмӣ ба ин кившар ташриф биорад.

Ширкати раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар як анҷумани байналмилалӣ дар Ҷумҳурии исломӣ ва зуҳури акси ӯ бо раҳбари Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ тайи ҳафтаи ахир Душанберо то андозае асабонӣ карда буд ва бо эҳзори сафири Эрон ба вазорати корҳои хориҷӣ Тоҷикистон ба Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ ҳатто нотаи эътирозӣ супурда буд.

Рашид Ғанӣ Абдуло мегӯяд, дар муносиботи дуҷонибаи кишварҳо ин гуна нофаҳмиҳо рух медиҳад ва Душанбеву Теҳрон бояд ба ин масъала нуқта гузоранд. Вай афзуд: “Он танише, ки ахиран рух дод, то ба он дараҷае нест, ки муносиботи то ба ҳол ҳасанаи Тоҷикистону Эронро халалдор созанд. Ин як танишест, ки аснои рушди муносибатҳо рух медиҳад. Аммо ин гуна нофаҳмиҳо муносибатҳоро усулан халалдор намесозанд. Тарафҳо бояд ба ин қазия эҳтимоми лозимаро гузоранд ва корро аз будаш бадтар набинанд.”

Аммо таҳлилгари эронӣ Шаҳоб Фаррухёр дар як пости худ дар Фейсбук чанд ҳаракати мақомоти Душанберо ҳамроҳ бо як мақоми баландпояи ҳукуматро як навъ пушт ба Эрону рӯ ба Саудия кардани ҳукумати кунунии Тоҷикистон бардошт кардааст. Ӯ аз ҷумла навиштааст, "пас аз дидори оқои Эмомалӣ Раҳмон бо шоҳ Салмон мушаххас хоҳад шуд, ин намоиши нобаҳангоми ҳокимияти Эрон дар замоне, ки саҳфаи шатранҷи сиёсии минтақа доғтар аз ҳар ҳамони дигарест ҳаракате андешида буда ё хатое ки метавонад табъоти манфии домандоре ба ҳамроҳ дошта бошад. Фаромӯш накунем дар бозии шатранҷ арзиши мӯҳраҳо ба тавоноии расмиашон нест. Дар ҷараёни бозӣ ин мӯҳраҳо пиёда ҳастанд , ки метавонанд ба вазир бадал шаванд ва на асбу на фил ё қалъае ки ба вақташ дар гил фурӯ мемонанд."

Зимнан дар ҷараёни боздиди серӯзаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Арабистони Саудӣ панҷ санади ҳамкории миёни ду кишвар, аз ҷумла созишномаи ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи илму технология ва варзиш, ба имзо расиданд ва Душанбе тааҳуди онҷониб барои 108 миллион доллар сармоягузорӣ ба идомаи сохтмони роҳи Кӯлоб – Қалъаихумро низ ба даст овард.

Рӯзи якшанбе президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо подшоҳи Арабистони саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд гуфт, Душанбе Риёзро дар ҷаҳони араб ва минтақаи Ховари Миёна шарики муҳими худ медонад ва тарафдори рушди ҳамкориҳост.

Дар айни замон, Тоҷикистон ба пешниҳоди вуруди номаш дар феҳрасти кишварҳои эътилофи исломии зидди терроризм, ки ахиран аз сӯи Риёз матраҳ гашт, то ҳанӯз посухе надода вамегӯяд, ки ин мавзӯъро арзёбӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG