Дар соли ҷории таҳсил ҳам дар Қирғизистон, бар асоси анъана донишҷӯёни тоҷик миёни донишҷӯёни хориҷӣ ба шумори теъдод мавқеи намоёнро ишғол карданд.
Бар асоси маълумоти Кумитаи миллии омори Қирғизистон, имсол аз 7643 донишҷӯ аз кишварҳои ИДМ, ки дар ин кишвар таҳсил мекунанд, шаҳрвандони Тоҷикистон 1856 нафарро ташкил медиҳанд. Тибқи омори маҷмӯии ин ниҳод, ба лиҳози теъдод донишҷӯёни Тоҷикистон паc аз Қазоқистон (3294 нафар) ва Ҳинд (6828 нафар) аз назари шумори донишҷӯён дар мақоми сеюм қарор доранд.
Дар Тоҷикистон мутахассисони риштаи ман бисёр каманд ва муътақидам, ки он ҷо барои худ кор пайдо мекунам.
Бештари донишҷӯёне, ки дар ин макотиби олӣ таҳсил мекунанд, тасмим доранд ба Тоҷикистон баргарданд ва умедворанд, ки бар асоси тахассусашон кор пайдо мекунанд.
Ба хориҷи кишвар барои муваффақ шудан
Мижгона Абдулназарова дар соли чоруми риштаи равоншиносии Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ (ДАОМ) таҳсил мекунад. "Ман чунин мактабҳои олиро дар Тоҷикистон ҳам ҷустуҷӯ кардам, вале арзёбии наздиконам дар мавриди онҳо хеле хуб набуд. Дӯстон таҳсил дар ДАОМ-ро машварат доданд. Ман ҳам ба дунболи маълумот дар бораи ин донишгоҳ дар интернет шудам ва интихобам билохира рӯйи ин донишгоҳ қарор гирифт", - нақл мекунад Мижгона.
Дар ин донишгоҳ, ба гуфтаи ӯ, тамоми раванди таълим бо забони англисӣ аст ва донишҷӯён дар интихоби фаннҳои иловагӣ ва устод озод ҳастанд. Бештар ба омӯзиши самтҳои нодири тахассусҳои хос талош мекунанд.
Таҳсил дар ин донишгоҳ арзон нест -- 6400 доллар барои як сол, вале 70 дарсади ҳаққи таҳсили Абдуназароваро Бунёди Сорос маблағгузорӣ мекунад ва маблағи боқимондаро волидайнаш мепардозанд. Ба ҷуз ин ҳама, Мижгона ҳамроҳ бо дугонаҳояш аз ҳисоби худ хона иҷора мегиранд, ки хароҷоти моҳонааш 250-300 доллар мешавад.
Дар оянда ӯ тасмим дорад, ки дар марҳилаи магистратура таҳсил ва дар Тоҷикистон кор кунад. "Дар Тоҷикистон мутахассисони риштаи ман бисёр каманд ва муътақидам, ки он ҷо барои худ кор пайдо мекунам. Донише, ки дар ДАОМ мегирам, барои ман дарҳои зиёде боз мекунад", - нақл кард Абдулназарова дар бораи нақшаҳояш.
Ба ҷуз Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ, донишҷӯёни тоҷик ҳамчунин дар Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русия, Академияи тиббии ба номи И. Охунбоев, Донишгоҳи Қирғизистону Туркия - "Манас", Донишгоҳи давлатии Бишкек ва дигар макотиби олии Қирғизистон таҳсил мекунанд.
Бо машварати наздикон
Муяссар Абутробов, донишҷӯйи соли чоруми факултаи иқтисодии Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русия мегӯяд, ки ба ин муассисаи олии Бишкек бо пойфишории хоҳарбузургаш, ки худ хатмкардаи ин донишгоҳ будааст, дохил шуд. Ба ҷуз таҳсил дар донишгоҳ, Абутробов варзишгари ҳирфаии риштаи куштии озод ва номзад ба устоди варзиши Тоҷикистон дар ин ришта мебошад. Соли 2017 дар универсиада бо намояндагӣ аз Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русия мақоми аввалро соҳиб шуд.
"Душвориҳо дар соли аввали таҳсилам, хусусан дар риштаи риёзӣ домангирам буданд. Ман маҷбур будам, ки ҳам таҳсил ва ҳам тамрин кунам, ки дар натиҷа дар давраи имтиҳонот муваффақ нашудам. Бо гузашти вақт ба ин натиҷа расидам, ки дар кишварҳои мо ба варзиш қоил нестанд ва ҳоло ба таҳсил бештар сару кор мегирам", - қисса мекунад Муяссар.
Дар мавриди муносибати мардумони маҳаллӣ ин донишҷӯ назари нек дорад ва мегӯяд, бо ӯ ҳама муҳтарамона бархӯрд мекунад ва дар натиҷа муносибати хубро мебинад. Баъди донишгоҳ тасмим дорад, ки ба Тоҷикистон баргардад ва дар риштаи варзиш тиҷорати худашро боз кунад.
Таҳсили босифат ва нархи паст
Азиза Бурибекова, донишҷӯи соли 4-уми факултаи тибби Донишгоҳи Славянии Қирғизистон мегӯяд, ки ба далели камтар будани ҳаққи таҳсил тасмим гирифт, ки дар ҳамин донишгоҳ бихонад.
"Дар Тоҷикистон ҳаққи таҳсил дар риштаи тиб гаронтар аст. Ин ҷо бар асоси шартнома 1000 доллар мепардозам. Ба ҷуз ин, хеле аз пизишкони ошноям гуфтанд, ки омӯзиши тиббӣ дар Бишкек босифаттар аст",- нақл мекунад Азиза.
Зиндагӣ дар Бишкек барояш писанд аст. Мегӯяд, ин ҷо қишри сокинон бо даромади миёна наза ба Тоҷикистон бештаранд, шаҳр хадамоти хуби коммуналӣ дорад ва арзиши интернет ҳам арзонтару дастраст аст.
Баъди донишгоҳ Азиза нақша дорад барои таҳсили давраи ординотура ба Санкт-Петербург дар риштаи геноэндокринология (гени ғадуди дарунрез) биравад, вале дар оянда тасмим дорад дар Тоҷикистон кору зиндагӣ намояд, зеро дар хонавода духтари калонист.
Миёни ҷавонони тоҷик дар кишварҳои ҳамсоя кам нестанд онҳое, ки падару модарашон онҳоро маҳз ба хотири он ки мустақилтар шаванд, барои таҳсил ба хориҷ фиристодаанд.
Дар талоши мустақил будан
Донишҷӯйи соли дувуми Академияи ҳуқуқи Бишкек Амин Имроншоевро волидайнаш баъди муваффақ нашудан дар Академияи Хадамоти амнияти федеролии Русия ба Бишкек барои таҳсил фиристоданд. "Хонаводаамон мехост, ки ман берун аз Тоҷикистон зиндагӣ кунам, зеро, ки ин барои рушди шахсии ман фоида дораду зудтар мустақил мешавам", - нақл мекунад Амин.
Ҳоло ӯ дар факултаи тафтишотию ҷурмшиносӣ дар риштаи "таҳқиқи ҷиноятҳои иқтисодӣ" таҳсил мекунад ва соле барои хониш 600 доллар мепардозад. Ба ҷуз ин, ӯ мегӯяд, ки ҳамроҳ бо шаш дӯсташ хонаи сеҳуҷраиро бо қимати 450 доллар ба иҷора гирифтаанд. Мехоҳад, ки дар оянда дар ниҳодҳои зидди фасод ба унвони корманди ҳирфаӣ фаъолият кунад.
Ҷавонони тоҷик ба мактабҳои олии Қирғизистон ба хотири сифати беҳтари таҳсил, интихоби беҳтари донишгоҳҳо, аз ҷумла муассисаҳое, ки бар асоси барномаҳои таълимии ғарбӣ дарс медиҳанд таваҷҷӯҳ доранд. Бархе ба хотири таҳсил зери назари омӯзгорони дорои таҷрибаву дониши даврони шӯравӣ ба ин ҷо меоянд.
Низоми маорифи Тоҷикистон баъди солҳои 1990-ум бисёре аз ин гуна кадрҳоро аз даст дод ва макотибии олие, ки комилан бар асоси низоми омӯзиши ғарбӣ фаъолият кунад, тақрибан вуҷуд надорад.
Таҳсил ба забони қирғизӣ
Шодмонбек Ҳазратов, донишҷӯйи донишгоҳи улуми инсонии Бишкек тасодуфан ба Бишкек омад. Баъди омӯзиши дусола дар ИМА аз рӯи барномаи Flex Ҳазратов дар моҳи август ба Тоҷикистон баргашт ва имкон пайдо накард, ки санадҳояшро ба донишгоҳҳои кишвар бисупорад. Ба ин довталаб пешниҳод шуд, ки барои ворид шудан ба донишгоҳи Қирғизистону Туркия "Манас" имтиҳон бидиҳад ва бар асоси озмун шомили ин донишгоҳ шуд. Баъд аз чанде ба риштаи равобити байналмилалии Донишгоҳи давлатии Бишкек гузашт.
Шодмонбек мегӯяд, то омадан ба Бишкек мушкили забондонӣ дошт ва аз ин рӯ худро бисёр нороҳат ҳис мекард, вале бо гузашти вақт, замоне, ки забони қирғизиро омӯхт, ҳама чиз тағйир кард. "Вақте бо забони қирғизӣ сухан оғоз мекунам, эҳсос мешавад, ки муносибат бо ман ба тарафи мусбат тағйир мекунад ва боэътимодтар мешавад", - мегӯяд Шодмонбек.
Ҳаққи таҳсилашро ба андозаи 400 доллар хонаводааш пардохт мекунад. Ин донишҷӯ ният дорад дипломат шавад ва саҳми худро дар беҳтар кардани равобити Тоҷикистону Қирғизистон бигузорад.
Сафирони кишвари худ
"Донишҷӯёни тоҷик дар Бишкек созмони расмии худро доранд. Иттиҳодияи ҷамъиятии "Сомониён" соли 2013 расман дар Вазорати адлияи Қирғизистон номнавис шудааст ва ҳадафаш намояндагӣ аз Тоҷикистон дар сатҳҳои гуногуни Қирғизистон аст," - гуфт дар суҳбат бо Радиои Озодӣ раиси ин иттиҳодия Кукан Куканов.
Ӯ гуфт, созмони онҳо дар баробари ба ҳам овардани ҷавонони тоҷик, боз дар ҳолати зарурӣ ба онҳо кӯмакҳои ҳуқуқӣ ҳам фароҳам мекунад. Ҳоло созмони "Сомониён" чорабиниҳои гуногуни варзишиву фарҳангиро ҳам миёни донишҷӯён баргузор ва ҳам кишварро дар ҳамоишҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад.
Куканов сабаби таваҷҷуҳ кардани донишҷӯёни тоҷик ба макотиби олии Қирғизистонро на танҳо дар нархи арзони ҳаққи таҳсил мебинад. Ба Қирғизистон донишҷӯён ҳам аз ҳисоби худ ва ҳам аз ҳисоби бурсияҳои Бунёди Сорос, Бунёди Оқохон, сафоратхонаи ИМА, квотаҳои Вазорати маорифи Тоҷикистон аз рӯйи барномаи табодули донишҷӯён меоянд, мегӯяд Куканов.
Ба гуфтаи ӯ, дар гузашта, маъмулан, хатмкардаҳои донишгоҳҳои Бишкек дар мавриди пайдо кардани ҷойи кор, хусусан дар созмонҳои байналмилаӣ ва бахши хусусӣ, камтар мушкил доштанд. Ӯ муътақид аст, ки ба ҳамин далел, бисёриҳо талош мекарданд, ки дар ҳамин макотиби олӣ таҳсил кунанд.
Аксари донишҷӯёни тоҷик мегӯянд, ки интихоби таҳсил дар Қирғизистон заминаҳои молӣ ҳам дорад. Як донишҷӯ ба иловаи пули таҳсил, ки дар ҳар муассиса арзиши худро дорад, моҳе ҳадди аққал 200 доллар барои хароҷоти маишиву ғизо ва ҳудуди 100 доллар барои иҷораи хона мепардозад. Дар маҷмӯъ масрафи миёнаи як донишҷӯ дар як сол 3500-4000 долларро ташкил медиҳад.
Дар шароити Тоҷикистон чунин имконро танҳо намояндагони синфи миёна дошта метавонанд. Мардуме, ки даромади кам доранд, наметавонанд фарзандони худро ҳатто ба кишварҳои давру бар бифиристанд. Намояндагони табақаи миёна шояд имкон дошта бошанд, ки таҳсили баъдидипломии фарзандони худро низ таъмин кунанд. Шояд ба ҳамин далел, бештари ҳамсуҳбатони мо мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд.
Бояд гуфт, ки солона ба макотиби олии кишварҳои хориҷӣ бар асоси квота бештар аз 800 донишҷӯйи тоҷик фиристода мешавад. Дар соли ҷорӣ, ба гуфти муовини вазири маорифи Тоҷикистон, 830 квота дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷ, аз ҷумла дар Чин (182), Қазоқистон (50), Қирғизистон (50), Украина (20) ва Белорус (8) ихтисос дода шудааст. Илова бар ин, ҳудуди 5 ҳазор донишҷӯи дигар тарҷеҳ медиҳанд, ки тариқи шартномавӣ дар донишгоҳҳои хориҷ аз кишвар таҳсил кунанд.