Дилшод Саидов, сокини ҷавони шаҳри Душанбе, чанд сол боз орзуи таҳсил дар Амрикоро дошт ва барои ин зиёд талош мекард. Ҳоло ба сафар омодагӣ мебинад. Ӯ дар як озмуни серрақобат пирӯз шудааст.
Бар асоси омори расмӣ, феълан дар донишгоҳҳои хориҷ аз кишвар бештар аз 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Ва танҳо дар як соли ахир чаҳор ҳазор ҷавон аз Тоҷикистон барои таҳсил ба хориҷ рафтаанд.
“Аз синфи ҳаштумӣ ба омӯзиши забони англисӣ шуруъ карда будам. Ахиран дар озмуни барномаи омӯзишии Флекс, ки имкони таҳсил дар Амрикоро фароҳам мекунад, иштирок кардам. Сатҳи дониш ва навиштану гап задан ба англисӣ муҳим буд. Чунки бояд бо омӯзгорон ва атрофиён суҳбат карда тавонӣ. Дар 3 давр пирӯз шудам”, - нақл кард ӯ рӯзи 16-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Дилшод Саидов яке аз чиҳил ҷавонест, ки дар пайи ширкат дар озмуни “Флекс” шанси таҳсил дар Амрикоро ба даст овард. Қарор аст, ин гуруҳ аз моҳи оянда таҳсилро дар Амрико сар кунанд. Ин ягона барномаест, ки ба ҷавонони болаёқати тоҷик ройгон ё бепул имкони барои як сол зиндагӣ ва таҳсил дар Амрикоро муҳайё месозад.
"Таҳсил бепул аст"
Ин барнома бештар ба донишу забондонии ҷавонон таваҷҷуҳ мекунад ва аксар онҳое ҳам, ки орзуи таҳсил дар хориҷро доранд, хеле талош мекунанд дар ин барнома ғолиб оянд. “Флекс” дар чанд соли пеш ба ҷавонони тоҷик ҳанӯз аз курсии мактабӣ имкони таҳсил дар Амрикоро фароҳам мекард.
Нона Маҷидӣ, муовини раҳбари Шӯрои Амрико оид ба маорифи байналмилалӣ дар Тоҷикистон, гуфт, ҳамасола то 42 ҷавони болаёқат тавассути барнома ба Иёлоти Муттаҳида сафар мекунанд. Маҷидӣ гуфт, “ҳоло дар Шӯрои Амрико оид ба маорифи байналмилалӣ дар Тоҷикистон танҳо ҳамин барнома фаъол аст. Мо дар барномаи Флекс ҷавононро аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон фаро мегирем. Таҳсил ройгон аст ва аз сӯи Департаменти Амрико сармоягузорӣ мешавад”.
Рақобат шадидтар хоҳад шуд
Ғолибият ва сафари гурӯҳи чилнафарии ҷавонони тоҷик ба Амрико дар ҳолест, ки теъдоди зиёди хоҳишмандони дигар дар Тоҷикистон аз ҳоло барои ширкат дар давраҳои навбатии барномаи Флекс омодагӣ мебинанд. Зоҳиран рақобатҳои навбатӣ дар ин барнома ба ҷавонони тоҷик шадид хоҳад буд.
Нона Маҷидӣ, муовини раҳбари Шӯрои Амрико оид ба маорифи байналмилалӣ дар Тоҷикистон мегӯяд дар давоми 25 соли охир танҳо тавассути барномаи “Флекс” 866 ҷавони тоҷик дар Амрико таҳсил кардаанд. Ба гуфтаи масъулин, ҳукумати Амрико тамоми харҷи сафар, зиндагӣ ва таҳсили хонандагонро пардохт мекунад. Барои ҳар кадом аз ин хонандагон дар давоми сафар ҳар моҳ 125 доллар стипендия ва 300 доллар ҷубронпулӣ ҳам таъйин шудааст.
Маҷидӣ гуфт, “иҷрои барномаи Флекс аз соли 1992 шурӯъ шуда, дар муддати чанд соли ахир тавонистем ҳаҷми онро зиёд кунем. Дар чаҳорчӯби барнома теъдоди иштирокчиён як баробар афзоиш ёфт”.
Мултикид ва Скорпро бастаанд
Чанд сол пеш ҷавонони тоҷик имкони васеътари ба даст овардани шанси таҳсил дар Амрико ва Аврупоро доштанд. Марказу барномаҳои мустақилу байналмилалии зиёд ин имконро барои онҳо фароҳам мекард. Аммо дар чанд соли ахир марказу барномаҳо, аз ҷумла Мултикид ва ТМ-International-ро аз ҳаққи интиқоли ҷавонон барои таҳсил дар хориҷа маҳрум карда ва созмони “Scorp”-ро пурра бастааст. Ҳамзамон Айрекс як барномаи маъруфи сафорати Амрико ҳам, ки бисёриҳоро барои таҳсил омода мекард, баста шудааст.
Акнун ҷавононе, ки мехоҳанд таҳсили худро дар Амрико идома диҳанд, ба чанд тарҳи омӯзишии ҳукумати Амрико умед бастаанд.
Ҳоло бар асоси як лоиҳаи нави сафорати Амрико дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Душанбе омодасозии довталабони таҳсил дар ин кишвар барои солҳои 2019-2020 роҳандозӣ шуда, алакай ҷараёни қабули аризаи хоҳишмандон шуруъ шудааст. Хайришо Шонусайриев, роҳбари маркази таълимии донишгоҳ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо бештар хонандагони синфҳои нуҳро қабул ва давоми ду соли дигар барои таҳсил омода мекунанд.
Вазорат ба Амрико намефиристад?
Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, дар онҷо барномаи “TOEFL” ва омӯзиши забони англисӣ роҳандозӣ шудааст. “Имтиҳон аз тариқи онлайн мегузарад ва сатҳи забондонии довталабон бояд дар дараҷаи баланд бошад. Ин шарти аслӣ аст. Баъдан мо сайти махсус дорем ва довталаб вориди он шуда, онҷо имтиҳон месупорад. Ҳамин тест нишон медиҳад, ки довталаб дар кадом сатҳ забони англисиро медонад.”
Ин барномаи сафорати Амрико ҳамасола 30 нафарро фаро мегирад. Хайришо Шонусайриев мегӯяд, хоҳишмандони ширкат дар ин барнома хеле зиёданд.
Дар Вазорати маориф ва илм ҳам ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ягона барнома барои таҳсили ҷавонони тоҷик дар Амрико Флекс аст. Ҳатто маркази барномаҳои байнулмилалии Вазорати маориф, ки ҳамасола барои таҳсили ҷавонон ба хориҷ бурсия ҷудо мекунад, барномаи махсуси омӯзишӣ дар Амрикоро надорад.
Ҳазорҳо донишҷӯи тоҷик дар хориҷа
Дар Тоҷикистон ҷавонҳои зиёд барои таҳсил дар хориҷа алоқамандӣ зоҳир мекунанд ва ҳазорҳо ҷавонон дар мактабҳои Амрико, Аврупо ва дигар нуқоти ҷаҳон таҳсил доранд. Аксари онҳо аз роҳҳои хусусӣ ва ё тавассути барномаҳои таълимии грантӣ бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. То чанд соли пеш марказҳои омузишӣ бо баргузории намоишгоҳҳо имкони таҳсил дар кишварҳои хориҷиро фароҳам мекарданд. Аз ҷумла маркази фарҳангии “Бактрия”, Барномаи Эрасмус +, Хадамоти табодули академкии Олмон (DAAD), Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Донишгоҳи Оғохон дар Британия, MBO Professional ва Маркази омӯзишии “Мултикид” даҳҳо барномаҳои худро ба ҷавонон пешкаш мекарданд.
Бар асоси омори расмӣ, феълан дар донишгоҳҳои хориҷ аз кишвар бештар аз 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Ва танҳо дар як соли ахир чаҳор ҳазор ҷавон аз Тоҷикистон барои таҳсил ба хориҷ рафтаанд. Аммо як бахши аъзами онҳо баъди хатми таҳсил ба далели набуди ҷои кори муносиб ва маоши хуб дар Тоҷикистон барнамегарданд ва кӯшиш мекунанд, дар Амрико ё Аврупо ҷои кор пайдо кунанд.