Дар шаҳри Пекин – пойтахти Чин озмуни 27-уми байналмилалии “Посдорони сулҳи донишгоҳҳои ҷаҳон” (World University Peace Service Corps) натиҷагирӣ шуд. Тоҷикистон дар ин озмун барои нахустин бор дар симои донишҷӯи Донишгоҳи славяниву қирғизии шаҳри Бишкек – Насиба Наимхонова муаррифӣ ва барандаи ҷои 7-ум гардид. Гран-при ё шоҳҷоизаро намояндаи Перу ва ҷои аввали озмун насиби намояндаи Чин (минтақаи Макао) гардид.
Насиба Наимхонова дар роҳи бозгашта аз Чин дар фурудгоҳи шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ рӯзи 29 январ гуфт, ки аз мақоми гирифтааш хеле розӣ аст. Насиба гуфт, интизор надошт, ки дар ин озмуни байналмилалӣ метавонад барои кишвараш чунин мақоми баландро ба даст орад. Ҷои ҳафтуми Насиба ба шарофати пуштибонии интернетии ҳаводорон (6006 овоз) ва ҳам суханрониву баромадҳои ӯ дар озмун даст дод. Вай гуфт, “Ман хеле розӣ ҳастам, чунки ман нахустин намояндаи Тоҷикистон будам, ки дар чунин озмуни байналилалӣ аз шарафи ватанам ҳимоят кардам. Барои аввалин бор ин як натиҷаи хеле баланд аст. Вақте ба ифтихори ман парчами Тоҷикистон баланд шуд, маро як эҳсоси наҷиби ифтихор аз кишвар фаро гирифт”.
Насиба Наимхонова гуфт, ҳоло аз озмун бо таассуроти зиёд ва нақшаҳои нав бармегардад. Ҳоло, мегӯяд ӯ, ҷиддан дар фикри ин аст, ки баъди хатми донишгоҳ аз рӯи ихтисоси тарҷумонӣ, ба арсаи дипломатия қадам гузорад. “Мо дар бораи сулҳу субот, дар бораи таҳаввулоти иқтисодӣ ва таъсири он ба суботи ҷаҳон сӯҳбатҳо кардем. Аз рӯи
муқаррароти озмун, дар оянда ман метавонам ширкатдори конфронсу барномаҳои вижаи СММ шавам ва дар таблиғи сулҳ дар ҷаҳон саҳмгузорӣ кунам”, гуфт ӯ. Насиба Наимхонова баъди пирӯзӣ дар озмуни “Мисс Университет” дар Қирғизистон барои ширкат дар озмуни шоистаҳои ҷаҳон роҳ ёфт. Азбаски ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст, қарор шуд, ки дар Чин кишвари худро муаррифӣ кунад ва ба намояндагӣ аз Қирғизистон номзади дигар интихоб шуд.
Озмуни шоистатарин посдори сулҳ инак 27 соли охир зери чатри СММ баргузор мешавад ва ҳадафаш таблиғ ва саҳмгузорӣ дар сулҳу суботи ҷаҳон аст. Ташкили чунин як озмунро Анҷумани байналмилалии раҳбарони донишгоҳҳои ҷаҳон соли 1981 аз СММ дархост кард ва аз он сол ба баъд ин барнома пайваста роҳандозӣ мешавад. Вазифаи Посдорони сулҳ ширкат дар барномаи ҳимоят аз сулҳ ва таблиғи оштиву таҳаммулпазирӣ дар ҷаҳон аст. Дафтари марказии созмони World University Peace Service Corps дар шаҳри Ню-Йорк ҷойгир аст.
Насиба Наимхонова зодаи ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Тоҷикистон буда, дар Душанбе ба воя расидааст. Насиба бо кӯмаки барномаи Бунёди рушди Оғохон барои таҳсил ба Қирғизистон рафт ва ҳоло дар соли сеюми бахши тарҷумонӣ аз забонҳои англисиву фаронсавии Донишгоҳи славяниву қирғизии Бишкек таҳсил дорад. Ӯ орзу дорад, ки тарҷумони забонҳои хориҷӣ шавад.