Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии хабарнигори боздоштшудаи Шабакаи аввали Тоҷикистон


Акси Хайрулло Мадисоев
Акси Хайрулло Мадисоев

​Хайрулло Мадисоев, муҳаррири идораи сиёсии Шабакаи аввал аз боздошт раҳо шудааст. Вай қаблан аз сӯи маъмурони Оҷонсии зиддифасод боздошт ва ба гирифтани "пора" муттаҳам мешуд.

Хайрулло Мадисоев, корманди бахши сиёсии Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, ки моҳи апрели соли ҷорӣ ба иттиҳоми гирифтани ришва аз сӯи маъмурони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза зидди коррупсия боздошт шуда буд, озод гардидааст. Як манбаи огоҳ аз ин қазия гуфт, Мадисоев ба буҷаи давлат ҳамчун ҷарима ҳашт ҳазор доллар, муодили 42 ҳазор сомонӣ, пардохт кардааст.

Вале худи ӯ 29 май дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ бо зикри он ки "проблемааш пурра ҳал нашудааст", гуфт, "ҳанӯз мурофиа дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур идома дорад".

Як манбаъ дар Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон низ гуфт, "моддае, ки бо он Хайрулло Мадисоев айбдор мешуд, 247-и Кодекси ҷиноист ва он марбут ба қаллобӣ аст ва бастани ҷаримаро дар пай дорад". Ҳамсӯҳбати мо афзуд, агар Мадисоев ҷаримаи муқарраркардаи додгоҳро пардохт карда бошад, пас, аз пайгарди қонунӣ раҳо шудааст.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Хайрулло Мадисоев, муҳаррири идораи сиёсии Шабакаи аввали Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистонро ҳангоми гирифтани 3 ҳазор доллар аз шаҳрванде бо номи “Н” боздошт карда буд. Бинобар хулосаҳои тафтишот, ин корманди Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ҳамроҳ бо муҳандис-заминсози ҷамоати Лоҳур Абдусаттор Мирзоев барои миёнҷигарӣ дар гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз як сокини ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бо номи “Н” гӯё 6 ҳазор доллар талаб кардааст.

Тафтишот мегӯяд, Хайрулло Мадисоев ба ин нафар, ки бо ӯ аз қабл шинос будааст, ваъда мекунад, ки дар якҷоягӣ бо Абдусаттор Мирзоев, муҳандис-заминсози ҷамоати Лоҳур барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ мусоидат хоҳад кард. Хайрулло Мадисоев рӯзи 9 апрели соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба ҳангоми аз шаҳрванд "Н" гирифтани 3 ҳазор долллар аз пули ваъдагии 9 ҳазор доллар боздошт шуд.

Хайрулло Мадисоев як корманди собиқадори телевизиони давлатии Тоҷикистон аст, ки на камтар аз 20 соли охир дар ин муассиса кор кардааст. Дар гузашта ӯ дар шӯъбаи кишоварзии телевизион ба унвони гузоришгар фаъолият мекард.

XS
SM
MD
LG