Мансур Наврӯзов, сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, барои қатли лейтенант Муносиб Олимбеков даҳ сол зиндонӣ шуд. Ҳукмро Додгоҳи ҳарбии вилояти Бадахшон рӯзи 25-уми феврал содир кард.
- Мақомот гуфтанд, Наврӯзов бар иловаи қатли афсари нерӯҳои марзбонӣ, ба убури ғайриқонунии сарҳад низ айбдор шудааст. Вай баъди куштори афсари марзбонӣ талош кардааст, ки ба қаламрави Афғонистон гузарад.
Дар гузашта низ дар баъзе аз қисмҳои низомӣ тирпаронӣ боис ба марги сарбозону афсарон шудааст. ِВале мақомот аксари чунин ҳодисаҳоро тасодуфӣ гуфтаанд.
Чаро Олимбеков кушта шуд?
Муносиб Олимбеков, муовини сардори дидбонгоҳи “Андароб” дар наздикии шаҳри Хоруғ, рӯзи 7-уми декабри соли гузашта аз зарби се тир кушта шуд. Дар ин кор Мансур Наврӯзови 19-сола аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлонро гунаҳкор карданд.
Наврӯзов дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, баҳси ӯ бо Муносиб Олимбеков бар сари телефон сурат гирифт. Лейтенанти нерӯҳои марзбонӣ, тавре тафтишот ҳам дар аввал муайян карда буд, телефонро аз дасти сарбоз гирифта ва сипас ӯро шаллоқ задааст. Сарбоз ба хашм омада, ба тарафи афсар тир холӣ кардааст.
Қаблан гуфта мешуд, сарбоз Мансур Наврӯзов бемории руҳӣ дорад, вале баъдан тафтишот эълон кард, ки ӯ солим аст.
Як мусоҳиби мо дар Додгоҳи ҳарбии вилояти Бадахшон рӯзи 25-уми феврал гуфт, ду ҷониб даҳ рӯз фурсат доранд, ки аз рӯи ҳукм шикоят кунанд. Ӯ гуфт, додгоҳ иқрори гуноҳ, пушаймониву узрхоҳӣ ва фарзанди бузургу ягона таъминкунандаи хонавода будани Мансуровро ба назар гирифта, чунин ҳукм кардааст.
Наздикон аз ҳукм норозианд
Дар ҳоле ки наздикони Мансур Наврӯзов ҳанӯз дар ин замина чизе нагуфтанд, пайвандони афсари кушташуда аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд.
Онҳо ният доранд барои сахттар кардани ҷазои сарбоз ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят баранд. “Барои куштор ва убури ғайриқонунии марз даҳ сол ҳабс кам аст. Бояд ҷазои муносиб бигирад”, - гуфт Давлатбек Олимбеков, амаки Муносиб Олимбеков.
Муносиб Олимбеков, лейтенанти кушташудаи нерӯҳои марзбонӣ, мактаби рақами 35-и ҷамоати Андароби ноҳияи Ишкошим ва Донишкадаи нерӯҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Наздиконаш мегӯянд, ӯ тақрибан се моҳ пеш аз марг дар дидбонгоҳ ба кор оғоз карда буд.
Ҳодисаҳои тасодуфӣ?
Дар гузашта низ дар баъзе аз қисмҳои низомӣ тирпаронӣ боис ба марги сарбозону афсарон шудааст. Аммо мақомот аксари ин ҳодисаро тасодуфӣ гуфтаанд.
“Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” – як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон мегӯяд, дар чаҳор соли гузашта ба онҳо ҳудуди даҳ ҳолати марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ ошкор шудааст ва аксари онҳо дар пайи бадрафторӣ ё азияти сарбозон рух додааст.
Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 2018 Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон Сафармаҳмад Боқизодаи 20-соларо барои аз беэҳтиётӣ паррондани ҳамхидматаш Алӣ Мирзоеви 26-сола аз озодӣ маҳрум карданд. Моҳи июн додгоҳи ҳарбии Хатлон сарбоз Муҳсинхӯҷа Султоновро, ки дар қатли ҳамхидматаш Ҳасан Каримов айбдор дониста мешуд, ба 10 соли зиндон маҳкум намуд.