Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Флешмоб"-и Фарзона барои 150 000 пайраваш дар Инстаграм


Фарзонаи Хуршед, овозхони маъруфи тоҷик, миёни мухлисонаш дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм озмун ё, ба қавли худи ӯ, "флешмоб" эълон кард. Ӯ, ки як сол боз дар "Инстаграм" хеле фаъол аст, дар муроҷиат аз мухлисони худ хостааст, ба сурудҳояш ҳамовозӣ ва зери оҳангҳояш рақс карда, дар шакли навор дар бифристанд.

"Шуморо дӯст медорам"

Хоҳарон Шабнам ва Фарзона аз фаъолтарин овозхонҳои тоҷик дар шабакаи "Инстаграм" ҳастанд.

"Видеоҳои беҳтарини Шуморо дар саҳифаи худ мегузорам ва шахсан ба ғолиб тӯҳфа месупорам. Азизон, Шуморо хеле дӯст медорам", - навиштааст ӯ.

Тӯҳфа ҳоло дақиқ нест, вале ба гуфтаи Фарзона ва дӯстонаш, ӯ бо шахси ғолиб вохӯрдаву мулоқот мекунад. Фарзона гуфтааст, ҳар наворро бевосита худаш интизор шудаву тамошо хоҳад кард ва беҳтаринро муайян мекунад. Таъкид намудааст, шарти аслии озмун ишора кардан ба номи Фарзона дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаст.

Беш аз 20 навор фиристодаанд

Идеяи эълони чунин "флешмоб" ҳам ба сари Фарзона пас аз тамошои чанд наворе бо оҳангҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шудааст. Вай бо ин роҳ мехоҳад бидонад, ки то куҷо ҷавонон ба таронаҳои ӯ таваҷҷӯҳ доранд ва бештар кадом оҳангаш мухлис дорад. Ҳадафи аслӣ тавре худи Фарзона гуфтааст, наздик шудан бо мухлисонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст.

То ҳоли ҳозир барои иштирок дар "флешмоб"-и Фарзонаи Хуршед беш аз 20 навори кӯтоҳ фиристода шудааст, ки дар он ҷавонон дар ҳолатҳои мухталиф, бархе дар дохили мошину бархе дар хона ва хиёбон зери навои мусиқии Фарзона лаб меҷунбонанду мерақсанд.

Раҷ Аҳмад: Фарзона дар Инстаграм беш аз аз 150 ҳазор мухлис дорад

Фарзона ҳудудан 5-тои ин наворро писандидаву дар саҳифаи вижаи худ ҷой кардааст. Раҷ Аҳмад, ровӣ ва аз дӯстони Фарзона, ки муаллифи чандин таронаи овозхон ҳам ҳаст дар гузарондани ин "флешмоб" ба ӯ кумак мекунад. Ӯ рӯзи 23-юми январ гуфт, ташкили чунин озмуну бозиҳо таҷрибаи маъмул миёни ситораҳо ва мухлисон дар кишварҳои дигар аст. Ба гуфтаи ӯ, Фарзона дар Инстаграм беш аз 150 ҳазор пайрав дорад.

Зимнан, хоҳарон Шабнам ва Фарзона аз фаъолтарин овозхонҳои тоҷик дар шабакаи Инстаграм ҳастанд. Онҳо дар саҳифаҳои худ бештар аксу видео мегузоранд. Фарзона дар "Фейсбук" ва "Вконтакте" ҳам саҳфа дорад. Аз "Фейсбук" ӯ бештар хабарҳоро дарёфту мутолиа мекунад.

"Инстаграм як бахши муҳими кори Фарзона аст"

Аммо дар "Инстаграм" аз фаъолияти ҳунарии худ ва оҳангҳои наваш мухлисонро дар дохилу хориҷ огоҳ мекунад ва пайваста аксу наворҳои мухталифи худ ва фарзандонро нашр месозад. "Инстаграм" як бахши муҳими кори овозхонии Фарзона ҳам будааст. Даъвату пешниҳодҳои ҳамкорӣ ва сафарҳо ба хориҷро ӯ баъзан маҳз тавассути "Инстаграм" дарёфт мекунад. Тавре худи овозхон мегӯяд, аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба вижа "Инстаграм" ӯ баъзан дар кори эҷодиаш илҳом ва идея мегирад.

Фарзона бо онки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол аст ва саҳифаҳояшро ҳам бевосита худаш мебараду навсозӣ мекунад, аммо то ҳанӯз сайт ё сомонаи вижаи худро дар интернет надорад.

Солҳои ахир дар баробари Фарзона бархе дигар овозхонҳои тоҷик ҳам ҳаёти фаъоли интернетӣ доранд. Аз ҷумла, Садриддин Наҷмиддин, Шабнами Сурайё, Ситораи Кароматулло ва дигарон саҳифаҳои худро, албатта, бештар бо аксу навор ва клипи таронаҳои худ нав мекунанд.

XS
SM
MD
LG