Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамрини зиддитеррор дар Ромит (ВИДЕО)


Тамрини зиддитеррористӣ дар дараи Ромит
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

Тамрини зиддитеррористӣ дар дараи Ромит

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз баргузории машқи муштараки зидитеррористии сохторҳои қудратии ин кишвар, таҳти номи “Мағоб” дар канори шаҳри Душанбе хабар дод.

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 28 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки машқи муштарак бо номи рамзии «Мағоб-2014 дар шароити кӯҳсор» рӯзи гузашта дар маркази таълимии «Мағоб»-и ин вазорат, воқеъ дар минтақаи Ромити ноҳияи Ваҳдат бо ширкати ҳайати шахсии воҳидҳои махсуси вазорати корҳои дохилӣ, раёсати қӯшунҳои дохилӣ, воҳидҳои таъиноти махсуси гурӯҳи «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Оҷонсии назорати маводи нашъадор сурат гирифт.

Ин манбаъ ҳадаф аз баргузории ин машқи муштаракро “баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони воҳидҳои таъиноти махсуси вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон, дар амал такмил додани донишу малакаи роҳбарии фармондеҳон ҷиҳати сафарбаркунию усулҳои банақшагирии чорабиниҳои дастаҷамъона дар шароити кӯҳсор, тақвият додани мубориза ба манзури безарар ва несту нобуд сохтани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва террористӣ” унвон кард.

Ба иттилои ин манбаъ, дар ин машқҳои тактикӣ-низомии навбатӣ иштирокчиёни он бо истифода аз қувва ва воситаҳои махсус, лавозимоти ҳарбӣ ва техникаи ҷангӣ дар асоси нақшаи тартибдодашуда барои безарар гардонидани душмани шартӣ, амалиёти муштарак анҷом доданд. гузарониданд. Вижагии фарқкунандаи машқҳои тактикӣ-низомии навбатӣ дар ин дараи мушкилгузар ва дорои релефи гуногун дар он буд, ки дар ин рӯз шамоли сарди минтақаи кӯҳсорро борони беист иваз намуда ва туман ҳама ҷойро иҳота намуда будааст.

Аммо манбаъ меафзояд, новобаста ба шароити номусоиди боду ҳаво, иштирокчиёни машқҳо тавонистанд аз иҷрои вазифаҳои ба зиммадоштаашон баромада, то охири амалиёт истодагарӣ намоянд. Ҷараёни баргузории машқро генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилӣ назорат намудааст.

Машқи муштараки сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар ҳоле баргузор шуд, ки вазъ дар минтақа печида аст. Ба хусус хабарҳо аз нооромии вазъ дар манотиқи шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, ба гӯш мерасад. Ҳатто тибқи ин хабарҳо, дар миёни ҷангиёни Толибон, ки бо нируҳои афғон даргир шудаанд, ҷангиёни тоҷик будаанд.

XS
SM
MD
LG