Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орзуи деринаи Толибҷон барои дидани Фарҳоду Ширин. ВИДЕО


Пайкараи мисӣ омода дар коргоҳи Толибҷон Боқиев аст.
Пайкараи мисӣ омода дар коргоҳи Толибҷон Боқиев аст.

Толибҷон Боқиев, яке аз пайкарасозони чирадаст дар шаҳри Кӯлоб пешниҳод дорад, дар Тоҷикистон пайкараи Фарҳоду Ширинро гузоранд. Ӯ мегӯяд, бинандагони пайкараи ҷавоне, ки дили кӯҳро барои расидан ба висоли маъшуқ шикофт, зиёд хоҳад буд.

Фарҳоду Ширин қаҳрамонони яке аз беҳтарин достонҳои ишқӣ ҳастанд, ки гузоштани пайкараи онҳо дар ягон гӯшаи кишвар, орзуи деринаи Толибҷон боқиев аст. Ӯ мехоҳад, муҷассамаи ҳардуро, чун рамзи ишқи пок дар Тоҷикистон бубинад.

“Ҳаминҳо Фарҳоду Ширин сабаб шуданд, ки обро ба шаҳр кашида оварданд. Дар рамзи Фарҳоду Ширин ободкориҳоро мебинам. Ҳаминро сохтам ва мехоҳам дар шаҳри азизам (Кӯлоб) дар ягон канори шаҳри азизам ҳамин чизро сохта амалӣ кунем. “ – гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ

Толибҷон Боқиев
Толибҷон Боқиев

Дар достон Фарҳод ба висоли Ширин намерасад, аммо пайкарасози тоҷик мехоҳад, онҳоро ба ҳам бирасонад. Толибҷон Боқиев бо нишон додани пайкара ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, “Дар атрофи ин фаввора мешавад, яъне аз фаввораи Фарҳод об парида меравад ва ба ҷӯйборе омада, ба фаввораи Ширин мерасад. Ва дар инҷо албатта пайвастагие бо об мешавад.”

Дар достонҳои классикӣ симои Фарҳод, барҷаста ва рамзи ишқи отифӣ ва беҷавоб аст. Пайкарасоз мегӯяд, симои Фарҳоду Ширинро аз тасвирҳои муаллифони достонҳои классикии қадима гирифтааст.

“Тарзи либоспӯшии онҳо, нақшу нигори либосашон, заргариро бо назардошти бозёфтҳои таърихӣ истифода мебарем “ -мегӯяд, ӯ.

Толибҷон Боқиев ду сол пеш Фарҳоду Ширинро ба қавле зинда кард, аммо пешниҳодаш ҳанӯз қабул нашудааст. Мегӯяд, метавонад, барои ҷазби саёҳон ва ҳам тарбияи фарҳангии ҷавонон кӯмак кунад.

Пешниҳоди гузоштани пайкараи Фарҳоду Ширин дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

“Аз таърих, аз адабиёти классикии бойи худ, аз таърихи худамон аз ривоятҳои худамон, гузаштаи худамонро бояд ҳатман хуб ва нағз донем” - афзуд ӯ

Толибҷон Боқиев ҳоло намедонад, ки рӯзе пайкараи Фарҳоду Ширинро дар ягон гӯшаи Тоҷикистон хоҳад, дид, ё не. Гарчӣ Фарҳод ба муродаш нарасидааст, вале Толибҷон бовар дорад, ки ба мақсадаш мерасад.

XS
SM
MD
LG