Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафиз Бобоёров Тоҷикистонро тарк кард


Ҳафиз Бобоёров, донишманди тоҷик ва раиси пешини Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ дар Академияи улуми Тоҷикистон, барои ҳамеша аз Тоҷикистон рафт. Бобоёров дар як сӯҳбати катбӣ ба Радиои Озодӣ, бо онки дар хориҷи кишвар буданашро тасдиқ кард, вале сабаби ин тасмимро шарҳ надод.

Ӯ гуфт, ҳоло дар яке аз муаcсиcаи илмии Олмон кор мекунад, вале шароити бозгашт ба Тоҷикистонро надорад. Танҳо дар саҳифаи "Фейсбук"-аш ишора кардааст, ки ҳафт соли пеш дар ин кишвар рисолаи докторӣ ҳимоя карда буд ва имкон дошт, ки дар он ҷо бимонад, вале барои хидмат ба ватан, зиндагӣ дар Олмонро ихтиёр накард. Ҳоло мегӯяд, "ин дафъа дар мақом ва шароити тамоман дигар” дубора ба Олмон баргаштааст.

Солҳои охир шумораи афроде, ки зиндагӣ дар хориҷ аз Тоҷикистонро ихтиёр мекунанд, меафзояд.

Ҳафиз Бобоёров, аз камтарин донишманди тоҷик аст, ки изҳори назарҳояш ба ҳукумат ва мухолифин писанд намеояд. Моҳи апрели соли 2015 ӯ ва ҳамкори дигараш Шодибой Атоев дар як матлаби таҳлилие аз идеяи додани унвони “Пешвои миллат” ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, интиқод карданд. Пас аз чунин мавқегирӣ, моҳи майи ҳамон сол Ҳафиз Бобоёров аз вазифаи раиси Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ дар Академияи улуми Тоҷикистон рафт.

Назарҳои ӯ дар мавриди сиёсисозии дин ва диндорӣ ҳамеша ба интиқодҳои тундӣ мухолифини аксаран мазҳабӣ рӯ ба рӯ ҳаст. Ӯ дар як сӯҳбати ихтисосӣ рӯзи 10-уми сентябри соли ҷорӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мухолифин ва ҳукумат роҳи дурустеро пеш нагирифтаанд.

Ӯ аз ҷумла гуфт, “рафтор ва бархӯрди ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифони он ба воқеияти мураккаби кишвар дар сатҳи маишӣ ва хусусӣ маҳдуд гардидааст. Ҳар ду тараф мехоҳанд ҷомеаро ба хости худ танзим кунанд. Барои мисол, зан ба объекти марказии чунин муносибати зӯроварона табдил ёфтааст. На фақат муборизаҳои идеологӣ, балки ҷиноят ва ҷазо ҳам ҷанбаи маишӣ ва хусусӣ касб кардаанд. Як касро на барои ҷурмҳояш дар назди қонун, балки барои айбҳои маишӣ ва хонаводагиаш ҷазо ва подош медиҳанд. Давлатдорӣ ба муносибатҳои хонаводагӣ ва акнун хонадоркунӣ поён рафтааст”.

Ҳафиз Бобоёров, доктори илмҳои фалсафа аст. Ӯ Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро соли 1997 бо ихтисоси адабиётшинос хатм кард. Аз соли 1998 то 2001 унвонҷӯи шӯъбаи ҷомеашиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Соли 2001 то 2006 дар Пажӯҳишгоҳи фалсафа фаъолият кардааст. Аз соли 2006 дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи Бонни Олмон таҳсил карда, соли 2011 кори доктории худро ҳимоя кардааст. Аз соли 2010 то соли 2015 дар Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси ходими калони илмӣ фаъолият намуд.

Солҳои охир шумораи афроде, ки зиндагӣ дар хориҷ аз Тоҷикистонро ихтиёр мекунанд, меафзояд. Пеш аз ҳама онҳое барои зиндагии доимӣ дар кишварҳои хориҷӣ мемонанд, ки илму дониш, ҳунар ва ихтисос доранду метавонанд маоши хуб ба даст оранд. Ба ҳамин тартиб «фирори мағзҳо» аз Тоҷикистон тақрибан ба як раванди маъмулӣ табдил ёфта, бо хатарҳое, ки ба дунбол дорад, боиси нигаронии ҷомеа шудааст.

XS
SM
MD
LG