Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатти чаппа. Мадина бо услуби Да Винчӣ менависад


Як шогирди мактаби миёна дар Душанбе муддатҳост, ки бо хатти ғайриоддии Леонардо Да Винчӣ менависад. Ин хат инъикоси баръакси шеваи навишти маъмулӣ буда, хондани он мушкил аст.

Мадина Раҳимова, хонандаи синфи 11-уми Литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе, ҳафт сол боз бо шеваи Леонардо Да Винчӣ матн менависад. Хусусияти аҷиби дигараш ин аст, ки бо дасти рост ба тарзи маъмулӣ ва бо дасти чап бо хатти ғайриоддӣ менависад. Нафари дигар танҳо бо истифода аз оина метавонад онро хонад ва ё ба душворӣ ба навиштаи вай сарфаҳм равад.

Навишти баръакс ё худ тарзи иншои Леонардо Да Винчӣ усули ғайриоддӣ буда, пайванд додани ин тарзи навишт ба ӯ дар он аст, ки аксари катибаҳои худро ин олими машҳур ҳамин гуна иншо кардааст.

Ин навраси тоҷик рӯзи 27 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то замоне ки волидону омӯзгорон дар бораи соҳиби аввали ин хат ба ӯ чизе нагуфтанд, аслан намедонист, хатте, ки ӯ менависад, нодир аст. Мадина дар баробари ҳарфу рақамҳо, дар дарсҳои кимиё ва физика муодила ва формулаҳоро низ бо ҳамин усул менависад.

Ӯ мегӯяд, "вақте забони англисӣ ва олмониро аз худ мекардам, бо ҳамин шакл менавистам, чунки ин барои ман осонтар аст. Вале ба хотири он ки ба омӯзгорон мушкил нашавад, ба тарзи маъмулӣ менависам. Ҳамсинфонам каме мефаҳманд, мехоҳанд ёд гиранд, вале ин кор осон нест."

Фарқи навишти Мадина аз дигар ҳамсолонаш замоне ошкор шуд, ки алакай дар синфи 9-ум таҳсил мекард ва маъмурияти мактаб тасмим гирифт, теъдоди хонандагони чапдастро муайян кунад. Зеро Мадина дар дафтарҳое, ки омӯзгорон тафтиш мекарданд, бо хатти маъмулӣ менавишт. Устодони ин даргоҳ мегӯянд, дар аввал тарзи навишти ин шогирдашон ғайриоддӣ буд, аммо ҳоло одат кардаанд.

Дилором Ғоибова, устоди Мадина гуфт, ӯ тамоми кори худро бо ин хат менависад, ҳарчанд бо дасти рост низ метавонад зебо ва хоно бинависад.

Шеваи аҷиби хатнависии як мактабхони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:01 0:00

Равоншиносон мегӯянд, чунин афрод дорои истеъдоди ғайриоддӣ буда, дар оянда метавонанд, ҳунарҳои мухталифи эҷодиро кашф кунанд. Аз нигоҳи равоншинос Табаралӣ Нозимов, ин тарзи навишт дар назари аввал хоҳиш аст, аммо баъдан ин ба як истеъдоди нодир табдил меёбад.

Ӯ мегӯяд, мағзи чапдастҳо ба фарқ аз онҳое, ки бо дасти рост кор мекунанд, қобил аст ҳамзамон чанд андешаро ҳаллу фасл кунад. "Леонардо Да Винчӣ бо чанд усул менавишт, аммо аксари дастхатҳояш бо хатте буд, ки одамон танҳо бо оина хонда метавонистанд."

Аз рӯи омор, дар саросари ҷаҳон 1 миллиард инсони чапдаст ба сар мебарад. Яъне, ҳар ҳафтумин сокини сайёра дар зиндагии худ ба дасти чап эътимод мекунад. Миёни онҳо чеҳраҳои шинохтаи таърих ва имрӯз Юлий Сезар, Искандари Мақдунӣ, Чарли Чаплин, Алберт Эйнштейн, Исаак Нютон, Маҳатма Гандӣ, Билл Гейтсро метавон ном бурд. Ҳатто Барак Обама, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико санадҳои сарнавиштсозро бо дасти чап имзо мекунад.

Ҷомеашиносони тоҷик мегӯянд, чапдастӣ дар давлатҳои Шӯравии собиқ нуқс ҳисоб мешуд ва баробари кашфи ин иллат табибон бачаро оҷилан ислоҳ мекарданд. Шояд дар гузашта дар байни нобиғаҳои илму фарҳанги тоҷикон чапдастҳо кам набуданд, аммо сарчашмаҳои таърихӣ аз ин ҷузъиёт сарфи назар кардаанд.

То ҳанӯз ҳам омори расмии чапдастон дар Тоҷикистон дақиқ нест, вале танҳо дар Литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе, ки Мадина дар он ҷо таҳсил мекунад, ҳудуди 50 хонанда бо дасти чап менависанд ва миёни онҳо истеъдоди усули навишти Леонардо Да Винчиро танҳо Мадина дораду бас.

XS
SM
MD
LG