Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Тоҷикистон барои мубориза бо вируси қотил


Тоҷикистон мехоҳад, лаҷоми вирусеро бикашад, ки он вирус камаш ҳар рӯз ду модари тоҷикро аз дидори духтар ва ё писари азизаш абадан маҳрум мекунад.

Бо мақсади камтар кардани маргу мири кӯдакон аз бемориҳои оддие ба мисли шикамрав, давлати Тоҷикистон сар аз соли 2015, даҳҳо ҳазор кӯдакро алайҳи ротавирус, ки барангезандаи чунин бемориҳост, ваксин мезанад.

Бар тибқи тавсияи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, Тоҷикистон аз соли оянда ба барномаи миллии эмгузаронӣ, ваксинзании ҳатмӣ алайҳи ротавирусро ворид мекунад, ки аз дасти ин вирус рӯзона дар Тоҷикистон камаш ду кӯдаки то 5-сола мемирад.

Ротавирус барангезандаи аслии бемориҳои рӯдаву меъда аст ва 40 дар сади кӯдаконе, ки дар Тоҷикистон барои муолиҷа ба шифохона оварда мешаванд, бар асари сирояти ротавирус бемор мешудаанд. Таҳмина Алимамедова, масъули робита бо ҷомеа дар дафтари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски ротавирус аз барангезандаи аслии бемориҳои вазнини рӯдаву меъда дар саросари ҷаҳон аст, ин созмон ба кишварҳо тавсия медиҳад, ки ваксина алайҳи ин бемориро дар барномаҳои миллии ваксинзаниашон ворид кунанд. Ӯ дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ки солона бештар аз 1 миллион кӯдак бар асари бемориҳои микроби синапаҳлӯ (пневмокок) ва шикамрави ротавирус мефавтанд, ҳарчанд аз роҳи ваксинзанӣ метавон, пеши роҳи марги тифлони бегуноҳро гирифт.

Таври маълум дар Тоҷикистон ҳар фасли гармо, бемориҳои меъдаву рӯда дар байни кӯдакон авҷ мегирад ва дар ин фасл модарони ҷавон, аксаран шикоят мекунанд, ки тифлакони хурдашон “ҳеҷ аз шикамрав” халос намешаванд. Пажӯҳишҳо собит кардаанд, ки дар Тоҷикистон аксари кӯдаконе, ки бар асари сирояти ротавирус шикамрав мешаванд, аз 6 моҳ то 2 сол доранд. Бар тибқи тахмини Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз соли 2012, дар кишвар аз ин навъи шикамрав солона 865 кӯдак мемиранд. Ба ибораи дигар ротавирус ҳар рӯз ду модари тоҷикро аз дидори духтар ва ё писари азизаш абадан маҳрум мекунад.

Ба навиштаи Таҳмина Алимамедова, “дар сурати ваксизанӣ алайҳи ротавирус дар Тоҷикистон, сирояти беморӣ ва маргу мир аз он беморӣ ба таври қобили мулоҳиза кам мешавад.” Бар тибқи омори расмии вазорати тандурустии Тоҷикистон аз моҳи январ то моҳи октябри имсол тақрибан 42 ҳазору 200 нафар ба бемориҳои шадиди рӯдаву меъда гирифтор шудаанд, ҳарчанд дар ин омор нишон дода нашудааст, ки чанд нафари онҳо кӯдак будаанд ва барангезандаҳои бемориашон кадом вирус аст.

Ба гуфтаи Таҳмина Алимамедова, масъули робита бо ҷомеа дар дафтари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, ин созмон бо дастуру давраҳои омӯзишӣ барои табибону парасторон ба Тоҷикистон кӯмак кардааст, барои ваксинзании кӯдакон алайҳи ротавирус омода шавад ва эмкунӣ аз ин беморӣ аз соли оянда дар кишвар шурӯъ мешавад.

Дар хариду ваксина ва анҷоми ин кор ба Тоҷикистон, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва ҳам Vaccine Alliance, як созмони байналмилалии имдодӣ кӯмак мекунанд. Ин созмон бар тибқи дархости Тоҷикистон бештар аз 1 миллиону 560 ҳазор ваксинаи ротавирус бо арзиши тақрибан 4 миллиону 200 ҳазор долларро дар ихтиёри Тоҷикистон мегузорад ва қарор аст, соли 2015 тақрибан 245 ҳазор кӯдаки навзод ин ваксинаро бигиранд.

Тоҷикистон бо шомил кардани ваксина алайҳи ротавирус ба барномаи миллии эмгузаронӣ, 14-умин кишвари ҳавзаи аврупоии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мешавад, ки ваксинзанӣ алайҳи ин вирусро ба барномаи миллии ваксинзании худ ворид кардаанд.

XS
SM
MD
LG