Ҳамзамон ба баҳсу мунозира рақсу суруди дилошӯби ҷӯгиён садҳо нафари ғайриҷӯгиро низ ба ширкат дар ин маҳфил водор намуд. Ҳунармандон аз Мақдуния шайпуру сурнай, аз Итолиён тамбурину мандолин ва аз Руминия раққосаҳо оварданд ва ғами ҳазорсолаи ҷӯгиён бо шодии ошӯбангези ин раҳнавардону муҳоҷирони абадии ҷаҳон пайванд гирифт.
Ин соли душворе буд барои ҷӯгиён. Аммо ёздаҳумин ҷашнвораи ҷаҳонии онҳо дар Прага дар ҳамон сатҳе гузашт, ки ҳар сол мегузашт.
Ҷашнвораи "Хаморо", яъне "офтобак" аз забони руминӣ, ҳар сол садҳо ҳунарманд ва фаъолони ҷомеаҳои ҷӯгиро аз тамоми Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида дар Прага гирд меорад. Онҳо ҷамъ мешаванд, ки дар як конфаронси марбут ба таърих ва фарҳанги ҷӯгиён ширкат кунанд, намоишгоҳи дасткориҳои ҷӯгиёнро бубинанд, сабақи рақс бигиранд ва албатта, мусиқии саршиностарин дастаҳои худро бишнаванд.
Дастаи "Аскурагия Дром" аз Италия омадааст ва гурӯҳе мебошад, ки нахустин маҷмӯаи мусиқии ҷӯгиёнро ба бозори ҷаҳонӣ баровардааст. Ғижжакнавози даста Эразмо Треглия мегӯяд, ин гурӯҳ навохтани мусиқии ҷӯгиёнро ҳанӯз замоне сар карда буд, ки ин навъи мусиқӣ ҳанӯз машҳур нагшта буд. Вай аз нимаи солҳои 1980 ёд кард, вале дафъатан гуфт, имсол барои ҷӯгиён дар Италия сахттарин сол буд.
Созмони Афви Байнулмилал низ соли гузаштаро соли нақзи шадиди ҳаққи ҷӯгиён номид ва ҳадафи ҳамла қарор гирифтани як зани ҳомиладори ҷӯгиву кӯчондани ғайриқонунӣ ва маҷбурии ҷӯгиёнро намуна овард.
Треглия мегӯяд: "Дар рӯзномаҳо, телевизион, радио ҳар рӯз, ҳамеша ҷӯгиёнро як мушкил меномиданд ва ё куллан муҳоҷиронро танқид мекарданд. Ва акнун дар ин бора ҳатто бо дӯсти худ гап зада наметавонед, зеро мегӯяд, оре, мефаҳмам, ки ин мусиқии хеле хуб аст, фарҳанги хуб, аммо ин қадар мушкиле дорем бо ҷӯгиҳо."
Треглия меафзояд, "дар майнаи мардуми Италия" тағйире сар зад ва бо шуури онҳо чизе иттифоқ атфодааст. Сиёсатмадорон барои ба даст овардани пуштибонии интихобкунандагон аз эҳсосоти зидди ҷӯгиён истифода мекарданд. Вай мегӯяд, дар ҷашнвораи Прага бо хушӣ ширкат мекунад, зеро барои дастааш дар худи Италия саҳнае боқӣ намондааст.
Бунёдгузори ҷашнвораи "Хаморо", Елена Сиделичи босниягӣ ва писари ӯ, Дарко, барои он чунин маъракаро таъсис доданд, ки он ғайриодист.
Дарко Сиделич мегӯяд, мақсад нишон додани "ҳунари баланди ҷӯгиён" ва нишон додани ин аст, ки онҳо ба ҷуз аз ранги пӯст фарқе бо дигарон надорад. Вай бо ҳиссиёт ҳарф мезанад: "Як ҷаҳон нерӯ, як ҷаҳон эҳсос ва аз ҳама муҳимаш -- нишон медиҳад, ки мо аз куҷоем, чӣ мардумонем ва чӣ арзишҳоеро арҷ мегузорем."
Саманта Кармел, мухлиси мусиқии ҷӯгиён, ки шаби мусиқии Балканро дар ин ҷашнвора ба роҳ монд, дар бораи дастовардҳои маъракаи солонаи ҷӯгиён чунин мегӯяд: "Ман моҳи гузашта дар панҷ консерти марбут ба ҷӯгиён будам ва бояд бигӯям, ягонтои онҳо аз ҷӯгиён набуд. Биноан ҷашнвора бароям чизи наве буд, ки ҳофизаро зинда мекунад ва фарҳанги моро ба ёдамон меорад."
Раҳбари ҷашнвораи ҷаҳонии ҷӯгиён, Елена Сиделич ин маъракаи солонаро барои он сар кард, ки дар ишқи фарҳанги миллии худ афтод. Пас аз ҳамкорӣ бо коргардони машҳури синемо Эмир Кустуритса дар филми ҷоизагирифтаи "Замони ҷӯгиён", ки писари Елена, Дарко низ дар он ширкат кардааст, вай ва Дарко тасмим гирифтанд, беҳтарин намунаҳои ҳунари ҷӯгиёнро як ҷо ҷамъ оварданд. Бигзор ҳатто барои чанд рӯз. Ин ҷо таваҷҷӯҳи ҳазорон нафарро ба худ кашид ва аз кӯдакон то академикҳо ба тамошои ҷашнвора омаданд.
Мусиқии ҷӯгиён бо мусиқии мардуми Осиёи Марказӣ шабоҳати зиёд дорад ва дар Русияву ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ ҷойгоҳи хоса доштааст. Аммо танҳо дар Русия театри онҳо вуҷуд дошта, дастаҳои мусиқии онҳо машҳуранд.
Дар поёни ин матлаб аз хабарнигори радиои Озодӣ, Кристин Дейзӣ, ки аз ҷашнвораи "Хаморо" гузориш медод, пурсидам, аҳамияти меҳварии он, ба ҷуз ҷамъомади ҳамқавмон аз кишварҳои гуногун чӣ будааст?
Кристин Дейзӣ: "Хеле муҳим аст, ки аврупоиён ва ҳамчунин ҳамаи дигарон бо ҷомеаи ҷӯгиёна муомилае бештар аз ончӣ дар рӯзномаҳо мехонанд, дошта бошанд. Дар нашрияҳо асосан аз моҷаро ва хушунатҳо мехонанд, аз тарафи ҷӯгиён, вале бештар бар зидди ҷӯгиён. Аммо ин ҷо метавонанд бо академикҳо, наққошон, ҳунармандон вомехӯранд. Мусиқии онҳоро мешунаванд ва зебоӣ ва наҷобати фарҳанги онҳоро мебинанд, ки дар бисёр кишварҳо коҳида ва ҳатто аз байн рафтааст. Хуллас, ҷашнвора як нақши ҳалкунанда дорад."
Аммо оё муассисони ҷашнвора медонанд, ки дар Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷомеаҳои васеъи ҷӯгиён ба сар мебаранд ва оё намояндагони ин мардум дар ҷашнворами ҷаҳонӣ ширкат мекунанд?
Кристин Дейзӣ: "Имсол гӯё касе набуд. Ба ман гуфтанд, як даста аз Қазоқистон дар ҷашнвораи соли 2003 ширкат карда буд. Аммо имсол ба таври махсус аз онҳо касе набуд, дар байни иҷрокунандагон, вале шояд дар байни бинандагон буданд, зеро садҳо нафар аз саросари ҷаҳон омада буданд."