Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Почтаи тоҷик" ба DHL ва TNT: Шумо биёред, мо мерасонем


Ширкати давлатии «Почтаи тоҷик» ба унвонии се ширкати бузурги хаткашонӣ дар ҷаҳон, ки дар Тоҷикистон низ коршарик доштанд, нома навишта, пешниҳоди ҳамкорӣ кардааст. Дар ширкати “Почтаи тоҷик” рӯзи 22-юми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “ба идораҳои марказии ширкати DHL, UPS, ва TNT нома навишта, пешниҳоди ҳамкорӣ кардаанд."

Сайдалӣ Мирзоев, раиси ин ширкат гуфт, ҳоло ба унвонии ин ширкатҳо мақарашон дар Олмон, Белгия ва Швейтсарии аз номи номи “Почтаи тоҷик” нома фиристода шуда дар он пешниҳоди ҳамкорӣ шудааст: “Мо ба онҳо нома фиристодем, ки дар оянда бо мо ҳамкорӣ кунанд. Агар ин ширкатҳо ризоият диҳанд, кор тавре, ки ҳоло тариқи системаи ЕМС аст, сурат мегирад. Яъне, аз хориҷа вақте тариқи ин ширкатҳо нома меояд, мо дар ин ҷо коркард карда, ба адреси зарурӣ бурда мерасонем. Вақте мо аз ин ҷо номаро мефиристонем, онҳо ба нишонии зарурӣ дастрас мекунанд”.

Ширкати давлатии «Почтаи тоҷик» ба унвонии се ширкати бузурги хаткашони дар ҷаҳон, ки дар Тоҷикистон низ коршарик доштанд, нома навишта, пешниҳоди ҳамкорӣ кардааст.

Зимнан, дар намояндагиҳои ширкатҳои DHl ва TNT дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба онҳо аз ҷониби “Почтаи тоҷик” ҳеҷ гуна пешниҳоди ҳамкорӣ нарасидааст ва онҳо дубора ба унвонии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба хотири дарёфти литсензия дархост фиристодаанд ва мунтазири посух мебошанд. Чун ин ширкатҳо дар нисбати дархости аввалашон барои дарёфти муҷаввиз аз Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ҷавоби рад гирифтаанд.

Дар пайи қатъи фаъолияти ширкатҳои байналмиллалии хаткашонӣ дар Тоҷикистон аз сӯи Хадамоти алоқа, “Почтаи тоҷик” -- ягона ширкати хаткашонии фаъол дар Тоҷикистон, боқӣ мемонад. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз рӯзи 8-уми июн фаъолияти почтаи байналмилалии DHL, TNT, UPS ва Pony Express-ро барои муддати номуайян дар ҳудуди кишвар мутаваққиф карда, ба дари идораҳои он муҳр зад. Ҳарчанд дари ин идораҳо ҳоло боз аст, аммо онҳо аз кашонидани муросилот бинобар надоштани муҷаввиз, худдорӣ мекунанд.

Авохири соли гузашта қонун “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” дар таҳрири нав ба иҷро даромада буд, ки тибқи он, фаъолияти почта ё хаткашонӣ дар кишвар танҳо пас аз гирифтани “литсензия”, иҷозат дода мешавад.

То он замон фаъолияти почта дар кишвар бе муҷаввиз ва ё “литсензия” амалӣ карда мешуд. Ҳоло масъулияти додани муҷаввиз ба фаъолияти почтаҳо бар ӯҳдаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон вогузор шудааст. Ширкати давлатии “Почтаи тоҷик” низ тобеи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст.

Дар ҳоле ки “Почтаи тоҷик” аз омодагии худ барои қабулу интиқоли фаврии нома ва муросилоти мардум суҳбат мекунад, сокинону корхонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ то ин дам асосан аз хадамоти ширкатҳое ба мисли DHL истифода мекарданд. Ҳоло бо таътил шудани кори ин ширкатҳо дар Тоҷикистон, даҳҳо нафар аз сокинон шикоят доранд, ки нома ва аснодашон дар ними роҳ “гум шудааст” ва баъзеҳо мегӯянд, ин вазъ ҳатто барномаи кору зиндагӣ ва таҳсили онҳоро баҳам зад.

Ширкати "Почтаи тоҷик" баъд аз паси сар кардани як даврони пуршӯр бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, шумори бисёре аз муштариёнашро аз даст дод. Аз як сӯ пайдо шудани технологияҳои ҷадиде мисли интернет ва телефон зарурати мактуб навиштанро аз байн бурд ва аз сӯи дигар, фаврияти ширкатҳои байналмилалӣ ҷойи ин ширкатро дар бозор то андозае танг карда буд.

Ҳатто нашрияҳои даврӣ аз Душанбе ба минтақаҳои дигари кишвар дар гузашта тариқи ҳавопаймо ё таксиҳо ва тавассути афроди алоҳида фиристода мешуданд. Ин вазъ буд, ки хабарнигорон ҳам дар фикри ташкили почтаи алоҳида шуданд, аммо ин тарҳ амалӣ нашуд.

Сокинон мегӯянд, аз як тараф кори суст ва аз тарафи дигар эҳтимоли кофтукоби муросилоташон онҳоро дар гузашта аз ин ширкат ба тарафи ширкатҳои дигар бурда буд ва ҳоло бозгашту эҷоди боварӣ кори чандон содда ва якрӯзу дурӯза нест.

XS
SM
MD
LG