Ширкати "Почтаи тоҷик" дар Тоҷикистон бунгоҳҳои хаткашонии худро бо таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз кардааст, ки ба муштариёнаш имкон медиҳад, дар куҷо будани нома ва ё муросилоти худро тариқи онлайн назорат кунанд. Ин навгонӣ бо ёрии фаннии Иттиҳоди байналмилалии почта, қароргоҳаш дар Швейтсария, имконпазир шудааст. Ин иттиҳодия ба "Почтаи тоҷик" 24 баста таҷҳизоти шинохти электронии мактубу муросилотро ҳадя кардааст, ки кори ин ширкатро осону замонавитар мекунад.
Гузориши видеоӣ инҷост:
Хуршед Маллаев, як масъули Почтаи тоҷик, рӯзи 2 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки истифодаи таҷҳизоти навро ба кормандонашон аз Швейтсария тариқи Интернет дарс додаанд. "Усули кор бо ин таҷҳизоти навро фаҳмонданд ва агар ягон савол пайдо шавад, кормандони мо метавонанд, аз онҳо бипурсанд", - афзуд ӯ.
Бо насби таҷҳизоти нав, "Почтаи тоҷик" имкон пайдо кардааст ба муштариён хадамоти комилан нав, аз тариқи онлайн назорат кардани номаву муросилоти хешро пешниҳод кунад. Ба гуфтаи Хуршед Маллаев, дар фурсатҳои наздик вебсайти расмии идораи онҳо низ ба кор хоҳад даромад, ки тариқи он муштариён метавонанд фиристодаҳои худро назорат кунанд.
Ширкати "Почтаи тоҷик" баъд аз паси сар кардани як даврони пуршӯр бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ шумори бисёре аз муштариёнашро аз даст дод.
Насби таҷҳизоти нав аз як сӯ агар хадамоти замонавиро ба муштариён имконапазир карда бошад, аз тарафи дигар кори заҳматталаби тақсими номаҳоро низ осон кардааст. Зулфия Камолова, як корманди фаннии Почтаи тоҷик гуфт, "пештар ҳамаи мактуб ва ё бастаҳоро ба таври дастӣ тақсим мекардем. Ҳоло тариқи "штрих код" ба компютер ворид мекунем ва онро дар тамоми ҷаҳон метавонанд бинанд, ки айни ҳол мактуб ё борашон дар куҷост."
Ширкати "Почтаи тоҷик" дар бозори хаткашонӣ ва муросилот дар Тоҷикистон танҳо нест. Дар қатори он ширкатҳое мисли DHL, TNT ва UPS фаъол ҳастанд ва бинобар ин, "Почтаи тоҷик" дар шароити рақобати танготанг талош дорад, хизматрасониашро ба сатҳи ин ширкатҳои ҷаҳонӣ баробар кунад, то муштариёнро аз даст надиҳад.
Абдуҷоҳид Ашуров, мудири номарасонии фаврии Почтаи тоҷик мегӯяд, онҳо низ мисли ширкатҳои дигар ба таври фаврӣ номаҳоро мерасонанд. Ба гуфтаи вай, масалан аз кишварҳои узви Иттиҳоди Далватҳои мустақил, чун Русия, дар 6 рӯзи корӣ нома омада ба нишонӣ мерасад, аммо нархи онҳо аз дигар ширкатҳо ба маротиб арзонтар аст ва то 500 грамм бор 220 сомониро ташкил медиҳад.
Бархе аз сокинони пойтахт гуфтанд, ки дар бораи фаъолияти "Почтаи тоҷик" маълумоте надоранд ва мегӯянд, намедонд аслан почта фаъолият мекунад, ё не.
Ширкати "Почтаи тоҷик" баъд аз паси сар кардани як даврони пуршӯр бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ шумори бисёре аз муштариёнашро аз даст дод. Аз як сӯ пайдо шудани технлогияҳои ҷадиде мисли интернет ва телефон зарурати мактуб навиштанро аз байн бурд ва аз сӯи дигар фаврияти ширкатҳои байналмилалӣ ҷойи ин ширкатро дар бозор то андозае танг карда буд. Ин аст, ки бисёре аз сокинони пойтахт дар бораи фаъолияти "Почтаи тоҷик" маълумоте надоранд ва мегӯянд, ки намедонд аслан почта фаъолият мекунад ё не.