Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизбҳои сиёсӣ. Омодагӣ ба интихоботи Тоҷикистон сар шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Раҳбарон ва фаъолони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, омодагӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар соли 2020-ро шурӯъ кардаанд. Ин нуктаро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон низ тасдиқ намуд.

Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар соли 2020 бе ширкати яке аз ҳизбҳои дар интихоботи гузашта нерӯманд, Ҳизби наҳзати исломӣ, ки фаъолияташ манъ шуд, ҷараён хоҳад гирифт. Ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд, дар 41 ҳавзаи интихоботӣ номзадҳои худро пешниҳод кунанд.

Дар мавриди он ки оё дар фазои сиёсии Тоҷикистон чӣ тағйире пеш омадааст, ки ба интихоботи оянда таъсир мегузорад, бархе аз коршиносон бар замми набудани яке аз рақибони собиқи ҳизби ҳоким, ҳамчунин ба афзоиши ноқаноатмандиҳо дар ҷомеа ишора карданд. Вале дидгоҳи куллӣ ин аст, ки интихобот мисли солҳои пешин “ношаффоф” ва вакилон аз пеш маълум хоҳанд буд.

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, рӯзи 13-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, намояндаҳои ҳизби худро ба комиссияҳои ҳавзаҳои интихоботӣ барои назорати ҷараёни интихобот пешниҳод кардааст.

Вай гуфт, ба шаффофияти интихобот бовар дорад: "Хурсандиовар ин аст, ки намояндаҳои ҳизби мо то лаҳзаи шумурдани варақаҳои раъйдиҳӣ дар ҳавзаҳо хоҳанд буд. Қаблан аз ибтидо то анҷоми интихобот ё ширкат надоштанд ва ё ширкати камранг доштанд, аз ин рӯ метавон умедвор буд, ки интихобот демократӣ сурат мегирад.”

Дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ вуҷуд дорад.​ Яке аз онҳо Ҳизби демократӣ мегӯяд, ба ҳавзаҳои интихоботӣ феҳрасти 84 нозири худро пешниҳод кардааст. Саидҷаъфар Усмонов, раиси ҳизб гуфт, онҳо ҳоло фурсат доранд, ки номзадҳои худро барои соҳиб шудан ба курсиҳои порлумон мушаххас кунанд. Ҳизби демократ дар интихоботи гузашта дар соли 2015 соҳиби танҳо як курсӣ шуд.

Ҳизби сотсиал - демократ ба интихобот меравад

Аммо Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки худро як ҳизби мухолифи созанда ном мебарад, мегӯяд, бо вуҷуди шикастҳо дар интихоботҳои гузашта, дар интихоботи оянда ширкат меварзад ва номзад пешниҳод мекунад. Ин ҳизб борҳо дар робита ба натиҷаи интихобот порлумони гузашта изҳори нобоварӣ кардааст.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҳизб ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди он ки аз ҳоло омодагӣ ба интихобот шурӯъ шудааст, онҳо чандон бовар надоранд, ки ҳавзаҳо ва минтақаҳои раъй кори худро шаффоф ва одилона пеш мебаранд. Ба қавли ӯ, мисли солҳои пешин абзори давлатӣ ҳама дар хидмати ҳизби ҳоким хоҳанд буд.

Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ба ҷуз ҳизби ҳокими халқии демократӣ ҳизбҳои дигар дастрасӣ ба шабакаҳои телевизион ва радиоҳои расмӣ надоранд: “Муҳлате, ки Комиссияи марказии интихобот ҷудо мекунад хеле кӯтоҳ ва маҳдуд аст. Дигар ин ки бархе мансабдорон бо истифода аз номи президент ва ҳизби ҳоким ба комиссияи интихоботӣ ва ҳавзаҳои раъйдиҳӣ таъсир мерасонанд ва барои номзадҳои алоҳидае, ки шинохта ва бонуфуз ҳастанд ва аз аҳзоби ба истилоҳ “ғайрихудӣ” ҳастанд, мушкил эҷод мекунанд. Ман бовар дорам, дар интихоботи соли 2020 вазъ ҳамингуна идома хоҳад кард ва боз як порлумони хоболуд сари кор хоҳад омад”.

Намояндаи Ҳизби халқии демократӣ назари худро дар мавриди пешниҳоди нозирон ба ҳавзаҳои интихоботӣ баён надошт. Ба қавли коршиносони масоили сиёсӣ дар интихоботи гузаштаи Маҷлиси намояндагон дар соли 2015 кор ба ҷое кашид, ки ҳеҷ ҳизби мухолиф роҳ наёфт ва ҳизбҳое роҳ ёфтанд, ки аз онҳо “ҳизбҳои кисагӣ” ном бурда мешавад. Ин интихоботе буд, ки Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) бори аввал садди 5-дарсадиро нагузашт ва ба порлумон роҳ наёфт.

Бобоҷони Қаюм, аз дафтари матбуоти ин ҳизб мегӯяд: “Мавзуъи интихобот дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои раҳбарии паймони миллии Тоҷикистон баррасӣ гардид ва ройзаниҳову машваратҳо дар бораи интихобот идома дорад. Ба зудӣ мавқеи Паймони миллии Тоҷикистон дар бораи интихобот ба ҷомеа пешкаш мешавад."

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст. Ҳоло аксари вакилони он намояндагони ҳизби ҳокими халқии демократӣ мебошанд. Нозирони умур як сабаби хомӯшии порлумони Тоҷикистон дар баробари масоили муҳими ҷомеаро маҳз дар кам будани теъдоди намояндагон аз ҳизбҳои дигар, ба хусус аҳзоби мухолиф медонанд.

XS
SM
MD
LG