Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумон ба қонуни интихоботи президентӣ тағйирот ворид мекунад


Дар иҷлосияи навбатии порлумони Тоҷикистон рӯзи 7 феврал қарор аст лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи интихоботи президентии Тоҷикистон баррасӣ шавад, ки бар асоси он синни номзад ба мақоми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз 35 ба 30-солагӣ поин оварда мешавад.

Дар раъйпурсии моҳи майи соли 2017 тағйироти марбут ба синни номзади президентӣ дар тарҳи ислоҳи Қонуни асосӣ ворид шуд ва ҳамакнун бояд ин тағйирот дар Қонуни интихоботии президентӣ ҳам дарҷ шавад.

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон рӯзи 6 феврал

Вақте ки мо ҷавонтарҳоро интихоб мекунем ва ба таҷрибаи ҷумҳуриҳои мисли Беларус, Озарбойҷон ё Чеченистон назар мекунем, мебинанд, ки ҷавонтар ҳастанд ва кӯшиш мекунанд баъди анҷоми давраи президентӣ ваколати худро бо баргузории референдумҳо боз тамдид кунанд.

ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Иҷлосияи рӯзи чаҳоршанбе тарҳи Қонуни конститутсионӣ дар бораи интихоботи президентии Тоҷикистон ва Қонун дар бораи интихоботи Маҷлиси олӣ мавриди баррасии вакилон қарор дода мешавад. Вай гуфт, ки тағйироти асосӣ, аз ҷумла марбут ба синни довталаби курсии президентӣ хоҳад буд, ки ба ҷавонҳои 30-сола ҳақи пешбарии номзадии худ ба курсии президентиро фароҳам меорад. Тавре вакилони маҷлиси намояндагон мегӯянд, ин тағирот то кунун дар Қонун дар бораи президенти Тоҷикистон ворид карда нашуда буд.

Дар тарҳи ислоҳи Қонуни асосӣ, ки бар асоси референдум дар таърихи 22 майи соли гузашта сурат гирифт, зикр шуд: "Дар моддаи 65-ум, қисми дуввум дар таҳрири зерин ифода карда шавад: Шахсе ба номзадии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад."

Бар асоси Қонуни асосӣ, ки ҳоло мавриди амал қарор дорад, як шахс ба вазифаи президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Аммо баъди ислоҳот ба Қонуни асосӣ, ин маҳдудият "ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад."

Намунаи Беларус, Озарбойҷон...

Аммо ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ворид шудани тағйирот дар қонуни интихоботи президентӣ аз сӯе шояд таваҷҷӯҳи ҷавононро ба корзори сиёсӣ фаъол мекунад, вале паёмадҳои дигар ҳам ба бор меорад:

“Вақте ки мо ҷавонтарҳоро интихоб мекунем ва ба таҷрибаи ҷумҳуриҳои мисли Беларус, Озарбойҷон ё Чеченистон назар мекунем, вақте дар синни 30 ва 40-сола президент мешаванд, мебинанд, ки ҷавонтар ҳастанд ва кӯшиш мекунанд баъди анҷоми давраи президентӣ ваколати худро бо баргузории референдумҳо боз тамдид кунанд, ки ин кишварро ба як давлати худкома мекашад”.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, дар Тоҷикистон дар шароити феълӣ рӯи саҳна омадани сиёсатмадорони ҷавону боистеъдод мушкил аст. Ба гуфтаи ӯ, “бо назардошти сатҳи поёни таълим дар донишгоҳҳо, сатҳи заифи маорифу таълим, набудани рақобати сиёсӣ номзадҳои шоистаро ба саҳнаи интихобот намеорад”.

Қонуни асосии Тоҷикистон дар солҳои 1999 ва 2003 аз тариқи раъйпурсиҳо бозбинӣ шуд. Тағйироти ворида ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2003 ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ҳаққи боз ду давраи ҳафтсолаи раҳбарии кишварро ба даст биёрад ва замони раёсаташро то соли 2020 тамдид кунад.

Президент ҳанӯз дар бораи интихоботи соли 2020 изҳори назар накардааст

Ҳоло, ки масъалаи то 30-солагӣ поин овардани синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пеш омадааст, бисёриҳо тахмин мезананд, ки шояд ҳадаф аз ворид кардани ислоҳот - ҳамвор кардани роҳи Рустами Эмомалӣ - писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон барои нишастан ба ин курсист. Рустами Эмомалӣ декабри соли 2017 - 30-сола шуд ва то интихоботи ояндаи президентӣ 33-сола хоҳад шуд. Соле пеш Рустами Эмомалӣ баъди собиқаи чандинсолаи раҳбарӣ дар Оҷонсии мубориза бо фасод ва Хадамоти гумрук, ба курсии шаҳрдори Душанбе таъин гардид.

Аммо ҳамзамон пешниҳоди лағви маҳдудиятҳо барои ширкати раиси ҷумҳурии кунунӣ ба ҳайси "Пешвои миллат" дар интихоботҳои президентӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ин имконро низ боқӣ мегузорад, ки дар интихоботи соли 2020 боз ҳам худашро пешбарӣ кунад.

То имрӯз на худи президент Эмомалӣ Раҳмон мавқеи худро дар робита ба интихоботи ду соли баъд эълон накардааст.

XS
SM
MD
LG