Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, рӯзи 27 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҷуз як сокини шаҳри Панҷакент, ки аз бемории зукоми хук дар Русия фавтидаву дар зодгоҳаш ба хок супорида шуд, дар дохили кишвар гирифтори зукоми хук то кунун ба қайд гирифта нашудааст.
Вай гуфт, ба хотири ҷилавгирӣ аз эҳтимоли сирояти бемории зукоми хук дар фурудгоҳҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа бахшҳои санитарӣ ва карантиниро ифтитоҳ кардаанд. Зеро расонаҳои хабарӣ дар бораи гирифтории даҳҳо нафар ба зукоми хук дар Русия ва Қазоқистон иттилоъ дода, вазъи беҳдоштӣ дар бархе аз шаҳру вилоятҳои ин кишваррҳо нигаронкунанда арзёбӣ мекунанд.
Ахиран мақомоти шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз марги панҷ бемори мубталои зукоми хук хабар доданд. Дар маҷмӯъ, дар беморхонаҳои ин шаҳр 310 бемор бо ташхиси эҳтимолии гирифторӣ ба H1N1 (вируси зукоми хук) бистарӣ шудаанд.
Бино бар гуфтаи Анна Попова, намояндаи Хадамоти назорати риояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Русия ё Роспотребнадзор, дар 17 вилояти ин кишвар даҳҳо нафар бар асраи зукоми хук бистарӣ шудаанд.
Вазорати тандурустии Украина марги 51 беморро дар пайи мубтало ба ин вирус тасдиқ кардааст. Дар Арманистон марги 16 мубталои зукоми хук ба қайд гирифта шудааст. Мақомоти Қазоқистон 19 январ аз нахустин ҳодисаи фавт дар пайи гирифторӣ ба зукоми хук хабар доданд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон вазъи кишвар оид ба сирояти зукоми хукро дар давраҳои ду ҳафтаи ахири моҳи декабри соли 2015 мавриди омӯзиш қарор дода ва тавре Наврӯз Ҷаъфаров мегӯяд, ин навъи зуком дар Тоҷикистон то имрӯз мушоҳида нашудааст.
Вай мегӯяд, дар ҳоли ҳозир вазорати тандурустии Тоҷикистон як барномаи хос дар мавриди пешгирӣ аз сирояти зукоми хук омода намуда, дар рӯзҳои наздик аз тариқи шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон пахш карда хоҳад шуд.
Расонаҳои Русия ҳафтаи гузашта гузориш доданд, ки Соҳиба Мустафоқулова ном як зани 36-солаи зодаи Тоҷикистон шаби 20 ба 21 январ дар бахши эҳёгарии бемористони рақами 31-уми шаҳри Маскав бар асари вируси Н1N1 даргузаштааст. Ин вирус бештар бо номи зукоми хук маъруф аст ва гуфта мешавад, марги ин зан дар соли равон нахустин мавриди ҳалокат аз ин вирус дар Русия мебошад.
Зукоми хук як навъи ғайримуқаррарии зуком аст, ки бори аввал дар соли 2009 рӯ зад. Дар он сол дар бораи ба вируси H1N1 – ангезандаи зукоми хук гирифтор шудани беш аз 250 ҳазор нафар дар 140 минтақаи дунё ва ҳалокати беш аз 2600 нафар аз ин вирус гузориш шуда буд.
Дар соли 2009 дар пайи паҳншавии бемории зукоми хук вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки барои пешгирӣ аз роҳ ёфтани вируси ин беморӣ ба кишвар як ситоди вижа таъсис ёфтааст ва доруву ваксинаҳо аз хориҷи кишвар низ оварда шудаанд, ки барои 59 дарсади аҳолии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.