Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон на аз эбола, балки аз Ҳаҷҷи имсола бим дорад


Эбола дар Либерия ҳам даҳҳо нафарро кушт.
Эбола дар Либерия ҳам даҳҳо нафарро кушт.

Мақомоти Тоҷикистон муассисаҳои тиббиро аз хатари афзояндаи бемории кушандаи эбола огаҳ кардаанд ва аз онҳо хостаанд, ки ҳушёр бошанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд хатари сирояти бемории кушандаи эбола ба кишвар кам аст, аммо бо вуҷуди ин ба муассисаҳои тобеъаш дастур додааст, барои ҷилавгирӣ аз сирояти ин беморӣ омода бошанд. Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 10-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, бо назардошти дурии кишварҳое, ки эбола дар он ҷойҳо хуруҷ кардааст, метавон гуфт, ки хатари омадани ин беморӣ ба Тоҷикистон кам аст, вале вазорати тандурустӣ баъди хуруҷи ин беморӣ барои ҳаргуна пешомадҳои эҳтимолӣ омодагӣ гирифтааст:

“Баъд аз гирифтани ин хабар мо тамоми муассисаҳои худро як бор огаҳ кардем ва маълумоти ҳаррӯзаро тавассути Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ нав мекунем. То онҷо, ки мо медонем, мо бо кишварҳое, ки беморӣ дар онҷо сироят кардааст, робита надорем ва ягон нафар аз Тоҷикистон дар онҷо қарор надорад, ки мо хафв дошта бошем, ки дар бозгашт аз онҷо ба кишвар сироят кунанд. Вале бо вуҷуди ин муассисаҳои тандурустӣ омодагиашонро дидаанд.”

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 8-уми август эълон кард, ки хуруҷи бемории эбола дар Ғарби Африқо як хатари байналмилалӣ барои сиҳатии омма аст ва барои пешгирӣ аз доман задани он, тадбирҳои фавқуллода бояд андешид. Бемории эбола, ки 90 дар сади гирифтонашро мекушад, моҳи март дар Гвинея хуруҷ кард ва сипас ба Сйерра Леоне, Либерия ва Нигерия гузашт. Ин беморӣ, ки сабаби таби баланду, шикамрав ва хунрезии дохиливу берунӣ мешавад, то кунун тақрибан 1000 нафарро дар кишварҳои Ғарби Африқо куштааст.

Аммо айни замон Вазорати тандурустии Тоҷикистон на аз бемории эбола, балки аз хатари бемории короновируси “мерс”, ё зукоми Ховари Миёна нигарон аст, ки дар Арабистони Саудӣ хуруҷ кард ва то кунун дар он кишвар 300 нафарро куштааст. Бемории мазкур, ки аз шутур ба инсон сироят кардааст, соли 2012 дар Арабистони Саудӣ пайдо шуд ва 40 дар сади гирифторони ин бемории хатарнок дар ҳамин кишвар сабт шудаанд. Коронавирус мисли дигар зукомҳо сабаби сулфа, таби баланд ва илтиҳоби шуш мешавад ва дар моҳи Рамазон дар Арабистони Саудӣ 10 нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

Наврӯз Ҷаъфаров ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски мавсими Ҳаҷҷи имсола то ду моҳи дигар шурӯъ мешавад, вазорати тандурустӣ корҳоро барои монеъ шудан ба сирояти ин беморӣ ба мардуми Тоҷикистон бештар кардаанд:

“Пеш аз ин ҳам дар масъалаҳои бемориҳои дигар мисли зукомҳои нав ва коронавирус, ки дар Арабистони Саудӣ ҳаст, мо чора андешидем. Нисбати ин масъалаҳо низ муассисаҳои тиббӣ омодагӣ гирифтаанд, бинобар ин дар ҳоли ҳозир мо таваҷӯҳро зиёд кардаем ва бахусус нисбати ин масъалаҳо ва нисбати таҳқиқотҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар бораи коронавирусе, ки дар Арабистони Саудӣ ҳаст. Ин беморӣ барои мо ташвишовар аст ва диққати мо нисбат ба ин беморӣ зиёдтар аст. Чунки ба наздикӣ давраи Ҳаҷ мешавад ва ҳам Ҳаҷҷи умра ва Ҳаҷи фардӣ, яъне эҳтимолияти хатар аз инҷо зиёдтар аст, назар ба эболаи Африқо. “

Ба гуфтаи Наврӯз Ҷаъфаров, вазорати тандурустӣ дар фурудгоҳҳо таҷҳизоту абзореро дорад, ки дар сурати вуруди афроди бемор, бемории онҳоро мушаххас мекунад. Дар сурати шубҳабарангез будани аломатҳои беморӣ фардро, то замони дақиқ шудани беморӣ дар инзиво нигаҳ медоранд:

“Барои ҷилавгирӣ аз сироят ва ташхиси беморӣ мо дар фурудгоҳҳо таҷҳизоти ташхиси фосилавӣ дорем, ки таби баланду ноҷӯрии фарди беморро нишон медиҳанд, яъне саривақт метавонанд пайхас ва муайян кунанд. Ғайр аз ин мо дар байни кормандони ҳавопаймоҳо ба таври мунтазам дар як моҳ як маротиба давраҳои омӯзишӣ мегузаронем, пеш аз парвози ҳавопаймоҳо ба хориҷ ва баъди бозгашташон ин масъалаҳо дар қисми тиббиашон баррасӣ карда мешавад. “

Дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир касе ба бемориҳои наве ба мисли зукоми мурғ, зукоми хук ва ё короновируси Ховари Миёна гирифтор нашудааст, аммо соли 2010 баъд аз 13 сол, бемории фалаҷи атфол дар кишвар хуруҷ кард ва 458 нафар ба он гирифтор шуданд. Аз миёни он 29 нафар ҷон доданд. Баъд аз ин ҳукумати Тоҷикистон бо мусоидати Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ба ваксинзании мардум бахусус кӯдакон шуруъ кард ва то моҳи майи ҳамин сол дар чандин давр, миллионҳо нафар ва ё тақрибан 90 дар сади онҳое, ки ба ваксин алайҳи бемории фалаҷи атфол эҳтиёҷ доштанд, ин доруро гирифтанд.

XS
SM
MD
LG