Аммо душвор ва печида будани усули гирифтани муҷаввиз барои истихроҷи сарвати ин конҳо, саромоягузорон ва соҳибкоронро рӯҳафтода карда, монеи баҳрабардорӣ аз ин захираҳои табиӣ шудааст.
Зайд Саидов, соҳибкори муваффақи тоҷик ва молики ширкати “Тоҷикмармар” мегӯяд, дар Тоҷикистон гирифтани муҷаввиз барои ҳаққи истихроҷи конҳо ниҳоят мушкил аст ва ин боиси гурези сармоягузорони хориҷӣ ва ҳам дохилӣ мегардад. Ба унвони далел ӯ аз таҷрибаи худаш мисол овард, ки тӯли 10 сол наметавонад муҷаввизи истихроҷи на кони метали қиматбаҳо, балки санги мармарро бигирад:
“Корхонаи мо “Тоҷикмармар” 10 сол қабл барои гирифтани муҷаввизи истихроҷи санги мармар дар кони Поймазори ноҳияи Ванҷ ба унвонии мақомоти дахлдор ҳуҷҷатҳои заруриро ирсол карда буд. То ин ки Ҳукумат ё ба ҳамин ширкат ва ё ширкати дигар иҷозаи коркарди санги мармари ҳамин конро бидиҳад. Аммо бо вуҷуди навиштани чандин нома ба унвонии мақомоти дахлдор, мо то ҳол муваффақ нашудем, ки муҷаввизро ба даст орем ва кулли мактубҳоямон беҷавоб монд.”
Ҷаноби Саидов афзуд, ки кони мазкур дар 70 километрии маркази ноҳияи Ванҷи Бадахшон қарор дорад ва дар сурати гирифтани муҷаввиз ва оғози коркарди санги мармар дар ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон, садҳо ҷои кории нав тавлид мешуд.
Азим Иброҳим, роҳбари Саридораи геология дар сӯҳбат ба РО гуфт, ки ҳоло комиссияи махсуси Ҳукуматие, ки дархостҳои ширкатҳоро барои дарёфти муҷаввизи коркарди ин ё он кон баррасӣ мекард, фаъолият намекунад:
“Дар вақтҳои наздик тартиби дигари пешниҳоди иҷозатнома барои истихроҷи конҳо қабул карда шавад, ки ба эҳтимоли зиёд аз тартиби кунунӣ соддатар хоҳад буд. Чунки ҳоло муҳлати баррасии аризаи хоҳишмандон барои гирифтани иҷозатнома каме тӯлонӣ аст. Барои ҳамин, мутаассифона дар гирифтани иҷозатнома имрӯз мушкилот вуҷуд дорад.”
Ба гуфтаи ҷаноби Иброҳим, танҳо Ҳукумати Тоҷикистон салоҳияти додани муҷаввизи истифодаи конҳоро дорад. Саридораи геология ва Вазорати энергетика ва саноат бошанд, барои омӯзиш ва истихроҷи конҳо ҳамчун мақомоти иҷроия ба ҳукумат машварат медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон ба зарурати такмили тартиби додани муҷаввиз барои баҳрабардорӣ аз сарватҳои зеризаминӣ таъкид мекунанд. Георгий Кошлаков, мутахасиси соҳаи геология мегӯяд, дар Тоҷикистон номгӯи соҳаҳое, ки барои фаъолият кардан дар он иҷозатнома талаб карда мешавад, хеле зиёд аст. Ҳол он, ки ба талаб кардани иҷозатнома дар бархе аз арсаҳо, ҳамакнун зарурат боқӣ намондааст: “Ба назари ман низоми додани иҷозатномаҳоро барои истихроҷи конҳо ҳатман такмил кардан зарур аст. Гап дар сари он, ки дар бисёр мавридҳо ба додани чунин иҷозатномаҳо афроди ғайрикасбӣ машғуланд.”
Ҷаноби Кошлаков афзуд, ки ҳангоми такмил додани тартиби додани муҷаввиз барои истихроҷи конҳо, бояд як нукта ба инобат гирифта шавад. Яъне, мо бояд ҳамон сармоягузоронро ҷустуҷӯ куне, ки барояшон конҳои Тоҷикистон фоидавор ҳастанд ва танҳо дар ҳамон ҳолат сармоягузорон ба кишвари мо таваҷӯҳ хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки чанде қабл ширкати бритониёии Maplecroft дар гузориши нави худ Тоҷикистонро дар радифи 20 кишвари дунё ҷо дод, ки сармоягузорӣ дар бахши истихроҷу коркарди сарватҳои зеризаминии онҳо "хавфнок" дониста мешавад. Ба гуфтаи Maplecroft, хавфи аз дасти сармоягузор кашида гирифтани кону маодин ва ё миллӣ кардани онҳо дар Тоҷикистон бузург аст ва сармоягузорон аз ворид кардани сармояашон ба ин кишвар ҳазар мекунанд.