Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти баландпоя дар байни 100 довталаби унвони Академияи улум


Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, барои дарёфти унвони академик ва узви вобастаи академияи Тоҷикистон беш аз 100 олим вориди сабқат шудаанд, ки дар гузашта собиқа надоштааст.

Аз ин нафарон танҳо 5 олим барои дарёфти унвони академик ва 35 нафар барои узвият дар академяи улум пазируфта мешаванд.

Салоҳият ва тавонмандии довталабонро се комиссия - Комиссияи тахсиси физика, химия, математика, геология, Комиссияи биология ва тиб ва Комиссияи илмҳои ҷамъиятӣ мавриди санҷиш қарор медиҳаад.

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон рӯзи 16 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки марҳилаи аввали интихобот паси сар шуда ва то моҳи июл марҳилаи дуввум ниҳоӣ мешавад. Вай бовар дорад, ки дар ин ду марҳила танҳо донишмандони сазовор соҳиби унвони академик ва узви вобастаи академия мешаванд. Ӯ ба унвони мисол исми аъзои вобастаи академия дар бахши иқтисодиёт Лутфулло Саидмуродов, мудири пажӯҳишгоҳи демография ва иқтисоди Тоҷикистон, Рустам Қудратов, узви Маҷлиси намояндагон ва пажӯҳишгари маъруф Аброр Мирсаидов ёдовар шуд.

Дар феҳрасти довталабон инчунин исми Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (дар бахши сиёсатшиносӣ), Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон (дар бахши шарқшиносӣ), Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон (дар бахши таърих) ва дигар ходимони давлатӣ низ ворид шудааст, ки мехоҳанд унвони узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистонро дарёфт кунанд.

Барои унвони академик дар бахши таърих Юсуфшо Яъқубов ва дар бахши шарқшиносӣ Ҷӯрабек Назриев сабқат мекунанд.

Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки аз рӯи муқаррарот интихоботи академик ва узви вобастаи Академияи Тоҷикистон аз рӯи зарурат баргузор мешавад ва ин, ба гуфтаи ӯ, як ҷараёни шаффоф ва одилона мебошад. Дар посух ба ин суол, ки чӣ фарқияте дар интихоби академикҳо дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳоло вуҷуд дорад, гуфт, ки “ҳеҷ фарқияте нест. Талабот ба номзадҳо як аст ва ҳатто ҳоло бештар шудааст. Яъне, номзад бояд мактаби илмии худро дошта бошаду, пажӯҳишаш фоида оварда бошад”.

Қарор аст натиҷаҳои интихобот баъди 15 июл эълон шаванд ва бархе донишмандони саршинос, ки аз вазъи илми тоҷик огаҳ ҳастанд, умедворанд, ки дар ин сабқат донишмандони ҳақиқӣ унвон бигиранд, ки Тоҷикистон ба кашфиёт ва хулосаҳои илмии онҳо ниёз дорад. Академик Акбари Турсон мегӯяд, ки илми Тоҷикистон бояд рушд кунад ва “олимони ҳақиқӣ бояд сари кор оянд”. Ӯ ба ин назар аст, ки “академия чиновникизатсия шуда истодааст». Ин донишманд гуфт, Тоҷикистон ба афроде ниёз дорад, ки барои дурнамои илм хизмат карда тавонанд.

Академияи илмҳои Тоҷикистон – як муассисаи илмии кишвар, соли 1951 дар замони шӯравӣ таъсис ёфт ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии илмӣ, истифодаи ин дастовардҳо дар истеҳсолот аз рисолатҳои ин ниҳод номбар мешаванд.

Аз замони шӯравӣ то имрӯз Академияи илмҳои Тоҷикистон дар сафи худ 22 академик ва 33 аъзои вобаста ё аъзо-корреспондент доштааст. Ба гуфтаи Фарҳод Раҳимӣ, интихоботи феълӣ дар пайи марги бархе аз аъзои фарҳангистони улум ва зарурати пур кардани ҷои онҳо сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG