Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон роҳҳои ҳифзи ҷонваронро ба дигарон нишон дод


Морхӯр дар Даштиҷум
Морхӯр дар Даштиҷум

Созмони “Муҳофизони табиати Тоҷикистон” дар як ҳамоиши илмӣ дар Канада роҳҳои муввафақ шудани кишвар дар ҳифзи табиат ва афзоиши ҳайвоноти нодирро муаррифӣ кард.

“Ҳамоиши ҷаҳонӣ оид ба ҷомеаҳо, муҳофизат ва маишат” дар шаҳри Ҳалифакси Канада се рӯз аз рӯзи 27-ум то 30-уми май баргузор шуд. Созмоне, ки Тоҷикистонро дар ҳамоиш намояндагӣ кард, ҳар баҳору тирамоҳ шумораи ҳайвоноти нодирро ҳисоб мекунад.

Қобил Шокиров, намояндаи ассосиатсияи “Муҳофизони табиати Тоҷикистон”, ки дар ин нишаст ширкат кард, рӯзи 30-уми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шумораи ҳайвоноти нодир дар Тоҷикистон баъди он зиёд шуд, ки аксари ҳудудҳои зисти ҷонварҳои нодирро ба созмонҳои маҳаллӣ доданд. Намояндагони ин созмонҳои ҷамъиятӣ, ки вижагиҳои маҳалли зисти худро хуб медонистанд, аз шикори ғайриқонунӣ ҷилавгирӣ карданд.

Қобил Шокиров
Қобил Шокиров

Қобил Шокиров афзоиши шумораи морхӯр дар Тоҷикистонро мисол овард. “Ин таҷриба ҷолиб ва боиси дастгирист. Бори дигар нишон дод, ки мардуми бумӣ табиатро хуб ҳифз мекунад. Дар охирон ҳисоб маълум кардем, ки шумораи бузи пармашох ё морхӯр ба 2 ҳазор сар расидааст. Дар ҳоле, ки чанд сол пеш шуморааш ба 400 сар мерасид. Оҳуи бухороӣ, бабри барфӣ ва даҳҳо номгӯи ҳайвони нодир дар Тоҷикистон афзоиш ёфт” - гуфт ӯ.

Мамнӯгоҳҳои хусусӣ кӯмак кард

Тоҷикистон даҳ соли пеш ба сокинон иҷоза дод, ки мамнӯгоҳҳои хусусӣ ташкил диҳанд ва бо нигаҳдории ҳайвоноти нодир ҳамзамон шикори онро низ барои сайёҳон ба роҳ монанд.

Халил Каримов, аспиранти Институти Зоология ва Паразитологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, созмонҳои маҳаллӣ вақте диданд, ки аз ҳисоби шикор фоида ба даст овардан имкон дорад, барои ҳифзу афзоиш додани ҳайвоноти нодир талоши бештар карданд.

Бо дарназардошти афзоиши шумораи бабри барфӣ Тоҷикистон имсол тамошои ин ҷонвари нодир дар табибатро эълон кард. Халил Каримов мегӯяд, аз 12 кишваре, ки дар онҳо бабри барфӣ зиндагӣ мекунад, ҳеҷ кишваре то кунун чунин эълон накарда буд.

Бабри барфӣ дар қаторкӯҳҳои Ҳисор
Бабри барфӣ дар қаторкӯҳҳои Ҳисор

“Бабри барфӣ ҷонварест, ки ба чашм дидани он бисёр мушкил аст. Ҳоло, ки дар Тоҷикистон шумораи он аз 300 сар гузаштааст, ин имкон пайдо шудааст.

Дар Тибет ва Бутан ҳам бабри барфиро метавон дид. Ҳоло Тоҷикистон як маҳалли ҷолиб барои аксбардории бабри барфӣ ва хирси бур дорад” гуфт, Халил Каримов. Иттиҳодияи Байналмилалии Муҳофизати Табиат соли 2015 морхӯр -- як ҷонвари зебои кӯҳистони Тоҷикистонро аз феҳрасти ҳайвоноти дар вартаи нобудӣ берун кард.

Дар Тоҷикистон бино ба арзёбиҳои табиатшиносон, то соли 1990 фақат 300 морхӯр боқӣ монда буд ва хатари нобудии комил ба онҳо таҳдид мекард, вале саршуморашон дар соли 2014 ба 1300 расидааст.

Морхӯр зиёд шуд ва бабри барфӣ

Афзудани саршумори ин ҷонвар, ба афзоиши паланги барфӣ дар кӯҳистони Тоҷикистон мусоидат кардааст, ки ин ҷонвар ҳам дар вартаи нобудист. Морхӯр яке аз тӯъмаҳои асосӣ ва эмин мондани паланги барфист, ки Тоҷикистон аз ин ҷонвар фақат 400 сар дорад.

Морхӯр, ки шохҳои зебои печида дорад, дар кӯҳсори Дарвоз ва Ҳазратишоҳ зиндагӣ мекунад ва наринаи он то 109 кило вазн мегирад ва “риши” дарози то 30 сантиметрӣ дорад.

Ин ҷонвари зебо дар Китоби сурхи байналмилалӣ ва ҳам Китоби сурхи Тоҷикистон шомил карда шудааст ва шикори он дар кишвар аз соли 1956 инҷониб мамнӯъ аст. Ба гуфтаи табиатшиносони тоҷик ва ҳам Иттиҳодияи Байналмилалии Муҳофизати Табиат, хатари аслӣ ба ҷони морхӯрҳо дар Тоҷикистон, шикори ғайриқонунист.

Дар Тоҷикистон онро асосан барои гӯшташ шикор мекунанд. Бинобар гузоришҳо, сайёдони афғон низ ғайриқонунӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда ва ин ҷонваронро шикор мекунанд ва соли 2010 дар яке аз нишеманҳои сайёдони афғон 100 шох ва пӯсти морхӯрҳоро пайдо кардаанд.

Марзи ду кишвар дар ин минтақа низ дуруст посбонӣ намешавад ва аз ин рӯ кори пажӯҳишгарон, шикори қонунии хориҷиён ва муҳофизати ҷонварон дар ин минтақаро сахт мекунад.

XS
SM
MD
LG