Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти афғон: "Даҳҳо ҷангии тоҷик дар Бадахшон ҳузур доранд"


Мақомот афғон мегӯянд, беш аз нисфи 110 ситезаҷӯе, ки ба тозагӣ вориди Бадахшони Афғонистон шудаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Ба таъйиди Сайид Абдулқодири Сайёд, сарвари ситоди фармондеҳии пулиси вилояти Бадахшони Афғонистон, дар амалиёте, ки 2 рӯз ба ин сӯ дар деҳаи Сӯфиёни вулусволии Вардуҷ идома дорад, як тоҷик ҳам ба ҳалокат расидааст: “Валлоҳ, тоҷикони шумо хеле зиёд вориди Бадахшон шуда, вазъро хароб мекунанд. Барои мо маълум нест, ки онҳо аз куҷову ба кадом гурӯҳ тааллуқ доранд, аммо, бино ба маълумоти оперативии мо, як тоҷик дар миёни мухолифини давлати Афғонистон, ки ду тонкро гирифта буданд, вақте ба тонк боло мешавад, тонк чаппа мешавад ва таги он монда, ба ҳалокат мерасад. Бо ӯ ду толиб ҳам ҳалок шудаанд.”

Ин мақоми пулиси Афғонистон мегӯяд, вуруди ситезаҷӯён аз Покистон ба хоки Бадахшон дигарбора ҷон гирифта, тайи ду рӯзи ахир набардҳои шадид миёни онҳо ва нерӯҳои амниятӣ ба вуқӯъ пайваст. Ба иттилои ӯ, як рӯзи қабл дар пайи амалиёт дар деҳаи Самдараи вулусволии Арғанчхво 4 мухолифи давлат кушта, 6 тани дигар дастгир шудаанд.

Вазъ дар шимоли Афғонистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:54 0:00
Линки мустақим

Ин дуввумин бурузи ситезаҷӯён, ки ба қавли мақомоти Афғонистон, аз ҳаракати Толибон, созмонҳои террористии “Ал – қоида”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва Ҳаракати исломии Ӯзбакистон намояндагӣ мекунанд, тайи соли равон дар Бадахшони Афғонистон аст. Аммо Сайид Абдулқодири Сайёд мегӯяд, ин навбат ҳамлаҳои онҳо сари нерӯҳои марзбонӣ ва пулиси маҳаллӣ сурат гирифта, то ба ҳол 4 пулис кушта ва як теъдоди дигар ба асорати ҷангиён афтодаанд. Вай мегӯянд, ҷангиён дар дараи Хустаки вулусволии Ҷурм аллакай пойгоҳи худро устувор карда, бо ин ҳол мавқеияти худро дар минтақа тақвият мекунанд.

Ин вазъ дар ҳоле пеш меояд, ки Амрико ва Бритониё, ду кишвари умдаи эътилофи байнулмилалии зиддитеррористӣ ба нишони қатъи ҳузур дар ду пойгоҳ - «Camp Letherneck» ва «Camp Bastion» - и воқеъ дар Ҳилманди

Нуралишо Назаров
Нуралишо Назаров

ҷануби Афғонистон парчам поён карданд. Ва ин ҳол маънои шурӯи хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистонро дорад, ки аз чанд соли пеш мавзӯи баҳси доираҳои расмиву ғайрирасмӣ дар ин тарафи Ому – Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ ҳаст.

Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон дар бораи вуруди ҷангиён аз хоки Афғонистон ба марзҳои кишварашон назарҳои мухталиф доранд, аз ҷумла вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, ки ин баъид аст, аммо мақомоти амниятӣ ин хатарро билқувва меҳисобанд. Генерал Нуралишо Назаров, собиқ сарвари ситоди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, то соли 2000 эҳтимоли вуруди онҳо умуман вуҷуд надошт, аммо ҳоло вазъ тағйир кардааст:

“Бо хуруҷи неруҳои байнулмилал эҳтимоли сар задани ягон шӯриш дар Афғонистон бештар мешавад. Инро ҳам бояд ба назар гирифт, ки Толибон ваъда дода буданд, қабл аз ҳама ба Тоҷикистон ҳамла мекунанд. Ин гап дар ҳақиқат ҳаст. Барои ин ҳукумат бояд омода шавад, пеш аз ҳама дар хатти дуввум бояд ҷузву томҳои вазорати дифоъро бояд тақвият диҳанд.”

Сайид Абдулқодири Сайёд ҳам дар такя бо натоиҷи бозрасии ҷангиёни асир мегӯяд, ҳадафи ниҳоии ҷангиён Тоҷикистон аст. Вай афзуд, дар навбати аввал онҳо мехоҳанд дар марзи Тоҷикистону Афғонистон марказҳои таъминотии худро ташкил кунанд ва сипас, бо дили пур марзро убур кунанд.

Дар Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтанд, ки аз қабл барои ҳифзи марз омодагӣ дидаанд, аммо маълумоти бештар дар ихтиёри вазорати дифоъ ҳаст. Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи вазорати дифоъ гуфт, ниҳодҳои вижаи ин ниҳод вазъ дар Афғонистонро таҳти муроқибати ҳамешагии худ қарор додаанд:

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон.

“Ҷузъу томҳои вазорати дифои Тоҷикистон дар хатти дуввуми дифоии марзи Тоҷикистон қарор доранд ва бо ниҳодҳои дигари амниятӣ, аз ҷумла неруҳои марзбонӣ дар ҳамкории зич ҳастанд. Дар сурати пеш омадани хатар, мо ҳамеша омода ҳастем, ки ба иҷрои вазифаҳои худ гузарем.”

Марзи 1370 – километраи Тоҷикистон бо Афғонистонро то соли 2006 марзбонони рус ҳимоят мекарданд. Аз он ба баъд ҳифзи марз ба зиммаи марзбонони тоҷик гузашт, аммо мақомоти Тоҷикистон ҳамеша аз ҳамкорони байнулмилалии худ, аз ҷумла Русия, Аврупо ва Амрико хостори кӯмак барои тақвияти ин марз мешаванд. Иттиҳоди Аврупо дар доираи Стратегияи Осиёи Марказӣ аз соли 2007 ба ин сӯ ҳамасола барои тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон маблағ тахсис медиҳад. Соли 2013 Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ қарор қабул кард, ки ба марзбонони Тоҷикистон дар ҳифзи ин марз кӯмак расонида шавад. Бино ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Белорус дар ҳоли ҳозир дар беҳбуди вазъи моддиву фаннии марзбонони тоҷик саҳм мегирад.

Коршиносон бар ин ҳам ишора мекунанд, ки пас аз имзои созишномаи амниятӣ миёни Афғонистону Амрико мақомоти Тоҷикистон бо ахирӣ низ дар ин робита бояд ҳамкорӣ дошта бошанд, зеро дар пайи хуруҷи неруҳои байнулмилалӣ пойгоҳҳои низомии амрикоӣ ҳамчун омили амнияти минтақа муҳм мешаванд.

XS
SM
MD
LG