Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони “ғулом” корфармои русро ба додгоҳ мекашанд


Маҳмудҷон Сангов ба ранҷу азияти корфармо тоб наоварда гурехтааст.
Маҳмудҷон Сангов ба ранҷу азияти корфармо тоб наоварда гурехтааст.

Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик, парвандаи истисмори се муҳоҷирро барои таҳқиқ ба мақомоти Русия пешниҳод мекунад.

Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Маскав парвандаи истисмори 3 муҳоҷири кории тоҷикро таҳия кардааст ва дар ин рӯзҳо барои ба додгоҳ кашондани як соҳибкори Русия бо номи Володя омодагӣ мегирад. Каромат Шарипов, раиси ин созмон ба Радиои Озодӣ гуфт, тамоми асноди заруриро ҷамъ овардаанд ва ба мақомоти интизомии Русия месупоранд:

“Аз тарафи мо чора дида мешавад ва то вазорати адлияи Русия рафта мерасад. Ба вазорати дохилаи Русия расидааст. Ба додситони Русия ҳам расидааст. Новобаста ба ин хешу таборони онҳо хоҳиш намуданд, ки баъд аз омадани Сангов Маҳмуд ба Тоҷикистон ё бо кормандони додситонӣ ё бо кормандони тафтишотии Тоҷикистон вомехӯранд. Аз он ҷо тир хӯрдани вайро тасдиқ мекунанд ва ба мо равон мекунанд. Новобаста ба ин мо як навори видоеӣ дорем, ки бандит ё соҳибхона Вова дар ҳақиқат эътироф кардааст ва аз суханони худ даст намекашад, ки ин муҳоҷиронро оварда буданд, дар хонаи вай кор мекарданд, паспортҳо дар дасти ҳамин шахс буд”.

Дар видеое, ки аз ҷараёни раҳоии ин се муҳоҷир аз ғуломӣ бардошта шудааст, онҳо дар бораи шиканҷаву озори дидаашон сӯҳбат мекунанд, ки Радиои Озодӣ низ онро ҳафтаи гузашта дар сомонаи худ ба намоиш гузошт. Маҳмуд Сангов-яке аз ин муҳоҷирон, сокини ноҳияи Ҳисор баъд аз навиштани ариза ва баёноти худ ба Тоҷикистон баргаштааст. Вайро соҳибхонае, ки дар сохтмони хонааш се нафар кор мекарданд, аз таппончаи пневматикӣ ба зонуяш тир задааст. Хуршед Саидов ва Зикруллоҳ Собиров-сокинони дигари ноҳияи Ҳисор низ аризаву баёнот навиштаанд ва ҳоло дар Маскав ба сар мебаранд.

Онҳо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, дар рӯзҳои ахири кор пешомади нохуши рафтору муносибати бади соҳибкор Володя ва саркорро эҳсос карда, маҷбур шудаанд аз хонаи вай гурезанд. Вале ин се нафарро Рӯҳулло тоҷики миёнарави дигар баъд аз се-чаҳор рӯз бо дастури соҳиби хона пайдо кардааст ва дубора “ба ҷои корашон” баргардонидааст ва онҳо ба ғазаби соҳиби хона ё соҳиби сохтмон гирифтор шудаанд. Хуршед саҳнаи моҷарои бозгашташонро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин гуна ба ёд меорад:

“Рафтем расидем, аввал Рӯҳулло аз мошин фуромад. Вай ду-се бор аз роҳ занг зад ва гуфт, ки ман одаморо бурда истодаам. Баъд пурсид, ки агар рафта расидем, боз ягон балоро ба сарашон наорӣ? Ман ба ту ваъда кардам, ана бурда истодаам... Вақте, ки расидем ба соҳиби хона гап зад, ки ана инҳо омаданд. Вай гуфт, ки то ман омадан дар даруни мошин шинед. Баъд то пеши даричааш омад. Ман “здрасти” гуфтам, ки ҳақората гирифт. Собаки..., гандони...- гуфта дӯғу пуписа мекард. Ин тараф зад, ун тараф зад, ахир Маҳмуд фуромад. Вайро пурсид, ки барои чӣ гурехтӣ? Маҳмуд гуфт, ки хайр ҳамин хел шуд..., ана боз омадем. Соҳибхона гашт рафт пеши мошинаш ва гуфт, ки ман пул надодам барои ҳамин гурехтӣ? Мо фикр кардем, ки аз мошинаш пул гирифта медиҳад, лекин писталета бароварду аввал ба почаи Маҳмуд зад, баъд ба сараш монд, ба гарданаш монд. Хайрият, ки ба бахти мо ба хонааш як муллои худашон, муллои калисо омад. Як кирпича гирифта ба тарафи мо дасташа бардошт, ки муллоро дид ва дасташ дар ҳаво монд. Зада натонист. Шах шудагӣ вори рост истод.”

Хуршед мегӯяд, ки онҳо ба кӯмаки ҷунбиши “Муҳоҷирони кории тоҷик” ба сарпарастии Каромат Шарипов бовар доранд ва аз даъвои худ барои ба муҷозот кашондани соҳибкор Володя аз роҳи худ барнамегарданд:

“Мо ҳама делаву документомона навишта имзо кардем. Ариза навиштему қоидавӣ кардем ва ба ҳамон мардак (Каромат Шарипов) супурда омадем. Ҷазоша бояд бинад охир...”

Зикрулло Собиров низ ҳамин ақидаро таъкид мекунад. Вале суоле пеш меояд, ки чаро ин се нафар бидуни шартномаи корӣ ризоят додаанд, ки дар сохтмони хонаи хусусии Володия кор мекунанд? Ҳам Хуршед ва ҳам Зикрулло мегӯянд, чун чанд рӯз бекор будаанд, бо пешниҳоди миёнрав ба ин кор розӣ шудаанд. Онҳо бо “кордиҳанда” гӯё бо далолати миёнрав “маслиҳат” кардаанд. Муттаассифона, чунин “маслиҳат”-ҳо намунаи ягона нест, ки муҳоҷирони кории тоҷикро дар Русия ҳар гоҳ ба доми фиреб медарорад. Дар ин корҳо аслан нақши миёнравро худи тоҷикон иҷро мекунанд ва муҳоҷирони соддаву зудбовар оқибат дар ҳолати ногувору беҳуқуқӣ мемонанд.

XS
SM
MD
LG