Абдуллоҳи Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон низ рӯзи чоршанбеи 29 май ин хабарро дар сӯбат бо Радиои Озодӣ таъид кард ва гуфт, ки «дар воқеъ наздики 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Абхазия кору зиндагӣ мекунанд ба хадамот муроҷиат кардаанд, ки наметавонанд ба Русия ворид шаванд»
Ҷаноби Қодирӣ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми гузаштан аз марзи Абхозистон ва ворид шудан ба қаламрави Русия ба ин мушкилот рӯ ба рӯ гардиданд.
Ба ин далел Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо нашри як баёния шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонро огоҳ кардааст, ки бинобар надоштани равобит ва муносибатҳои дипломатӣ бо Абхозистон, онҳо метавонанд аз тариқи Туркия ба Русия ворид шаванд.
Ин дар ҳолест, ки Саидхуҷа Абдукаримов, сокини ноҳияи Рашт ба Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон муроҷиат карда, гуфтааст, писараш чанд моҳ аст, дар Абхозистон буда наметавонад вориди қаламрави Русия шавад.
Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, масъулини ин хадамот бо раиси Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Сочӣ Фаррух Миров дар тамос шуда, хоҳиш кардаанд, ки дар ҳалли мушкили пешомада ба писари Саидхӯҷа Каримов ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон кӯмак кунанд. Ҳамчунин хадамот аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар сурати пайдо шудани ҳар гунна мушкилот ба телефонҳои боварии ин ниҳод муроҷиат кунанд:
Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
тел. 225-07-19, 225-05-87, 225-05-96.
Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ кӯчаи Рӯдакӣ 37. тел:221-62-61,227-08-77,227-08-20.
Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, 125047, ш.Москва, кӯчаи Тверская ямская, 40/3 стр.1, тел/факс (495) 967-88-44, 8-925-880-80-38, 8-906-724-02-02, 8-926-255-09-27.