Шералӣ Сарабеков дар Екатеринбург яке аз онҳост. Вай ҳоло дар ин шаҳр раҳбари ширкати хусусии “Еврострой” аст ва ширкати вай дар давоми ду соли охир дар Екатеринбург биноҳои 12, 16 ва 22 ошёна бунёд кардааст. Вай дар бораи собиқаи кории худ чунин мегӯяд:
“Дар сохтмон аз коргари оддӣ корро сар кардам. Баъд оҳиста-оҳиста мастер (усто) ва прораб кор кардам. Ана, ду сол шуд ширкати худамон “Еврострой”-ро ташкил кардем ва кор карда истодаем. Ман аз соли 1993 дар Русия ҳастам. 10 сол дар Красноярск кор кардам, 11 сол мешавад дар Екатеринбуг зиндагӣ мекунам. Ширкатро ташкил кардем, одам ҷамъ кардем, шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, русҳо ҳам кор мекунанд, миллатҳои дигар ҳам кам-кам ҳастанд”.
Аз Шералӣ пурсидам, оё дар вақти ташкили ширкат идораҳои зидахли маҳаллӣ аз қабили идораи андоз, сӯхторнишонӣ ва мисли онҳо, ки бояд ширкат иҷозаи онҳоро низ дошта бошад, монеаҳо пеш наоварданд? Шералӣ мегӯяд, албатта як навъ рашк ва то андозае ҳасад эҳсос мешуд, чунки вайро ҳамчун одами бегона ва тоҷик қабул мекарданд, бо вуҷуди он ки вай шаҳрвандии Русияро низ дошт:
“Ҳастанд, бале, мегӯянд, ки тоҷик омада кор карда истодааст. Ин ҷо омада хонаву дар кардааст, фирма боз кардааст. Мегӯянду лекин дар рӯи одам гап зада наметавонанд. Дар ҳар миллат ҳасуд ҳаст. Вақте, ки гапи ту, ҳуҷҷати ту, кори ту дуруст аст, аз дасти онҳо чӣ меояд. Мегӯянд, ки кор карда истодааст, бигзор кор кунад. Ман якто нестам. Мо чанд тоҷик дар ин ҷо ҳамин хел ширкат дорем”.
Шералӣ дар ширкати “Еврострой” муҳосиб ва ҳуқуқдонро аз мардуми рус ба кор гирифтааст ва онҳо ҳамаи корҳои ҳуҷҷатгузориро бар уҳда доранд ва ба қонунҳои Русия мутобиқ мекунанд.
Дар Екатеринбург ҳамчунин ширкатҳои сохтмонии “Мегаполис” ва “РСК Мастер” маъруфият доранд, ки онҳоро соҳибкорони тоҷик боз кардаанд. Фаррух Мирзоев-раҳбари ҷамъияти тоҷикони Екатеринбург бо номи “Сомониён” мегӯяд, сифати кори ширкатҳои сохтмонии тоҷикон аз ширкатҳои русӣ ва ё аврупоӣ ҳеҷ камӣ надорад, балки баръакс дар баъзе мавридҳо ширкатҳои тоҷикон нисбат ба ширкатҳои маҳаллии русҳо бартарӣ доранд:
“Дар давоми ин 20 соле, ки мардуми тоҷик муҳоҷир шуданд, дар байни онҳо шахсоне пайдо шуданд, ки ҳаққиқатан ҳам корро омӯхтанд ва сифати кори онҳо баробари сифати кори муҳандисони хориҷӣ ҳисоб карда мешавад”. Оқои Мирзоев мегӯяд, ширкатҳои тоҷикон дар баробари ширкатҳои хориҷӣ дар озмунҳои дохилӣ ширкат меҷӯянд ва баранда ҳам мешаванд.
Сайфиддин Одинаев-раиси ҷамъияти тоҷикони Перм мегӯяд, дар кишвари Перм низ тоҷикон чун дар шаҳрҳои дигар ширкатҳои сохтмонӣ доранд ва шумораи онҳо ба бештар аз даҳ адад мерасад. Мардуми маҳаллӣ ба кори онҳо бештар бовар мекунанд. “Агар институт ё техникум хондагӣ ҳам набошанд ва маълумот надошта бошанд ҳам, аз рӯи таҷрибаи корӣ онҳо аз мардуми рус, ки институтро тамом кардаанд, бештар дар сохтмонҳо таҷрибаи корӣ доранд. Мардуми маҳаллӣ бештар талабгори тоҷиконанд. Барои он ки онҳо кори худро хуб иҷро мекунанд”.
Бо вуҷуди комёбиҳо, Шералӣ Сарабеков мегӯяд, дар таҷрибаи кории онҳо иштибоҳ низ будааст. Боре комиссияи давлатӣ иштибоҳи сохтмониро ошкор кард ва ширкат маҷбур шуд аз ҳисоби худаш ин иштибоҳро бартараф кунад. Аз ин иштибоҳ ширкати “Еврострой” тақрибан 5 миллион рубл зарар дид. Баъд аз ин, коршиносони ширкат дар сохтмонҳои минбаъда назорат бар ҷараёни корро бештар кардаанд ва ин зарар ҷуброн шуд.
Ширкатҳои сохтмонии тоҷикон бо назардошти ҳаҷму мизони кор шумораи коргаронро бештар ё камтар мекунанд. Масалан, агар кор бештар бошад, ба вижа дар фасли тобистон, онҳо коргарони мавсимиро низ сафарбар мекунанд. Ба онҳо қарордод намедиҳанд, балки худи муҳоҷир патент мехарад ва кор мекунад. Вале дар асл ин ширкатҳо аз 70 то 100 нафар коргар доранд ва бо техникаи зарурии сохтмонӣ таъмин мебошанд. Дар баъзе мавридҳо онҳо техникаи бузургро бо муттахассисаш аз ширкатҳои дигар иҷора мегиранд.
Ҳоло ширкатҳои сохтмонии тоҷикон ба дараҷае рушд накардаанд, ки корхонаҳои тавлиди масолеҳи сохтмонии худро низ бисозанд ва ё ҳамаи техника ва таҷҳизоти заруриро дар ихтиёр дошта бошанд. Вале Шералӣ Сарабеков хушбин ва умедвор аст, ки насли баъдии онҳо ба ин кор дастрасӣ пайдо хоҳанд кард