Сафарбек Нурализода, раиси муҳокимаи додгоҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муҳоҷирони корӣ ба "ширкат дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ ва хабар надодан дар бораи ҷиноят” гунаҳкор дониста шуданд.
Ӯ афзуд, 12 нафар барои ифротгароӣ ва таблиғи фаъолияти созмони тундрав аз 5 то 8 солӣ ба зиндон маҳкум шуданд. Шаш нафари дигар барои пинҳон доштани ҷиноят ва хабар надодан ба мақомот дар бораи он дар маҷмуъ 30 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.
Наздикон ва волидони маҳкумшудагон, ки аз ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон ҳастанд, ба мурофиаҳои додгоҳӣ роҳ наёфтаанд, ҳукми додгоҳро ноодилона арзёбӣ намуданд.
Ба иттилои додрас, аз ҷавонони маҳкумшуда Дилшод Неъматов, Сиёвуш Муродов ба мӯҳлати 8 сол, Алиакбар Ғиёсов 7 сол ва боқимонда, аз қабили Амонхуҷа Ғиёсов, Исматулло Неъматов, Ҷурабек Насриддинов, Исфандиёр Исмонов ва дигар ҳамроҳонашон 5 солӣ ба зиндон маҳкум шудаанд.
Аммо Сафарбек Нурализода гуфт, гуруҳи 18 нафарӣ ба доми Қосим Ғиёсов як шаҳрванди дигари Тоҷикистон афтодаанд, ки аз тарғибгарони фаъоли гуруҳҳои тундрав ба мисли Давлати исломӣ будааст.
Ба доми тарғибгар афтодаанд
Додрас гуфт, Қосим Ғиёзов, ки муҳоҷиронро ба пайвастан ба гуруҳҳои ифротӣ ташвиқ мекард, дар Қазоқистон дар боздошт аст ва барои ифротгароӣ муҳокима мешавад.
Ӯ афзуд: “Қосим Ғиёзов (аз Русия) ба Алмаато омада, корҳои тарғиботии худро идома додаааст. Ҳаждаҳ муҳоҷири меҳнатӣ як қисмаш дар Русия ва як қисмаш дар Қазоқистон ба доми ин нафар афтода, даъват ва андешаҳои ифротии ӯро қабул кардаанд. Аз маҳкумшудагон баъзеҳо баъди баргаштан дастгир шуданд ва бархе дигар, ки барои шаҳодат даъват шуданд, маълум шуд, ки гунаҳкор будаанд.”
Бисёре аз ин муҳоҷирон аввали имсол аз Русияву Қазоқистон ба Тоҷикистон баргаштаанд. Як манбаи огоҳ аз парванда ба Радиои Озодӣ гуфт, аксари маҳкумшудагон дар як канале дар шабакаи “Зелло” суҳбат карда, ғояҳои гурӯҳи террористии “ДИИШ” - ро ҷонибдориву тарғиб мекардаанд.
Аммо ҳукми додгоҳ эътирози наздикони онҳоро ба миён овард. Бархе аз волидони маҳкумшудагон аз роҳ наёфтан ба мурофиаҳо, ҳукми сангину ноодилона ва огоҳӣ надоштан аз ҷузъиёти парвандаи фарзандонашон изҳори нигаронӣ намуданд.
Модарону падарони нигарон
Зарифа Неъматова, модари Дилшод Неъматов, ки ба 8 соли зиндон маҳкум шудааст, рӯзи 7-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми фарзандаш одилона нест, чун ба бовари вай, далелу ваҷҳи гунаҳкор будани писараш вуҷуд надорад:
“Моро ба мурофиа роҳ надоданд, дар бораи парвандаи писарам маълумоти беш надоданд, фақат ҳаминро медонам, ки Ғиёсов Қосим моҳи декабри соли 2018 аз шаҳри Хабаровски Русия ба Алмаато назди фарзандам омада, ӯро ба амалҳои ифротгароӣ роҳнамоӣ мекардааст. Фарзандам ду сол боз дар Алмаато дар сохтмон кор мекард”.
Маҳмад Насриддинов, сокини ноҳияи Рашт, падари маҳкумшуда Ҷурабек Насриддинови 24-сола мегӯяд, дар Русия фарзандаш ба роҳсозӣ машғул буда ва ихтиёрӣ барои баёнот додан ба Душанбе баргаштааст, аммо ӯро ҳам ба ҷиноят муттаҳам ва боздошт кардаанд.
Ӯ афзуд: “Фарзандам 27-уми январи имсол тамос гирифт, ки 30-уми январ маро дар фурудгоҳи Душанбе пешвоз гиред. Мо ба фурудгоҳ рафтем, фарзандамонро наёфтем ва се рӯз ӯро кофтем. Рӯзи чаҳорум аз нозири фурудгоҳ фаҳмидем, ки писарам дар боздоштгоҳи Кумитаи амният аст. Писарам бояд дубора ба Русия бармегашт. Интизор надошт, ки нисбаташ парванда боз мешавад. Дар зиндагӣ як гов доштем, фурӯхтем, адвокат гирифтем, лекин натиҷа ҳеҷ, 5 сол зиндонаш карданд. Хеле талош кардем дар мурофиаҳо ширкат кунем, гуфтанд, мумкин нест, ширкати шумо."
Абдулхолиқ Исмонов, сокини ноҳияи Ховалинг, падари маҳкумшуда Исфандиёр Исмонови 26-сола гуфт, писараш бештар аз 3 моҳ дар боздошт буд ва дар ин муддат як бор иҷозаи мулоқот гирифт.
Ӯ афзуд: “Писарам моҳи январ аз Русия тамос гирифт, ки Душанбе меоям, аз ман як гапро мепурсанд, гашта меравам. Баъди ҳамин гап, баъди як моҳ дарак ёфтам, ки дар боздоштгоҳи амният аст. Ҳамагӣ як бор модараш ӯро дид, халос. Намедонем, барои чӣ ӯро ҳабс кардаанд, ба мо чизе намегӯянд, маълумоти зиёд дар бораи парвандааш надорам”.
Норозигии наздикони маҳкумшудагон дар ҳоле садо медиҳад, ки Сафарбек Нурализода мегӯяд, гуноҳи ҳамаи маҳкумшудагон дар мурофиаҳо исбот шуд ва муттаҳамон ба гуноҳи худ иқрор шуданд.
Додраси тоҷик гуфт, наздикони маҳкумшудагон ҳақ доранд, ба додгоҳи болоӣ шикоят баранд. Сафарбек Нурализода, дар бораи ҷузъиёти парванда суҳбат накард ва ҳам нагуфт, ки чаро наздикони маҳкумшудагон ба муҳокима роҳ наёфтаанд.
Муҳокимаҳои паси дарҳои баста
Роҳ наёфтани хешовандон ба муҳокимаҳои додгоҳӣ бо баҳонаҳои пинҳон доштани асрори давлатӣ як мушкили умда дар додгоҳҳои Тоҷикистон мемонад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар ин сурат дар бораи шаффофияту одилона ҷараён гирифтани муҳокима суолҳои зиёде эҷод мешавад.
Аз тарафи дигар додгоҳҳои Тоҷикистонро бисёр танқид мекунанд, ки эътирофҳои ҳосилшуда зери шиканҷаро ба инобат гирифта ва муттаҳамонро гунаҳкор эълон мекунанду ҷазо медиҳанд.
Ифротгароӣ дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд шудааст. Мақомот мегӯянд, аз соли 2015 то имрӯз наздики 1400 нафар бо гуноҳи терроризм ва экстремизм ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Бисёре аз онҳое, ки ҷазо гирифтаанд, ё дар муҳоҷирати корӣ будаанд ва ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ дониставу нодониста ба гуруҳҳое васл шудаанд, ки дар онҳо ақоиди ифротӣ, аз ҷумла ақидаҳои «Давлати исломӣ» тарғиб мешаванд.
То кунун тақрибан 1900 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва бисёре аз онҳо ба сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ пайвастаанд. Мақомот мегӯянд, яке аз роҳҳои асосии ҷалби ин афрод ба гуруҳҳои ифротӣ интренет ва шабакаҳои иҷтимоӣ будааст.