Ҳанӯз маълум нест, ки муаллифон то куҷо қонуни ҷиноиро нарм мекунанд ва ҳозиранд баъзе аз моддаҳоро аз он берун кунанд. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ ба чанде аз сахтгириҳои ин қонун ишора мекунанд, ки ба қавли онҳо, ислоҳ шуданашон зарур аст.
Мақомот мегӯянд, Кодекси ҷиноӣ дар шакли нав “бояд хислати башардӯстона гирад ва бисёре аз кирдорҳое, ки ҳоло барои он одамон пушти панҷара фиристода мешаванд, бо ҷарима ва ё ҷазоҳои нисбатан сабук иваз карда шаванд”. Ин нукта дар “Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021” ҳам зикр шудааст. Қарор моҳи апрел аз сӯи президент Эмомалӣ Раҳмон имзо шуда, матни он 3 май дастраси Радиои Озодӣ гардид.
"Таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзанд"
Ҳукумат дар ҳоле ба гуманизатсия ё башардӯстона шудани қонуни ҷиноӣ иқдом ниҳод, ки тағйирҳои чанд соли охир ба Кодекси ҷиноӣ танҳо ба сӯи сахттар кардани ҷазо буданд.
То кунун дар Тоҷикистон як гуруҳи корӣ машғули таҳияи Кодекси нави ҷиноӣ буданд, аммо бори аввал масъалаи декриминализатсия ва ё ғайриҷиноӣ кардани баъзе аз қонуншиканиҳо дар як санади расмӣ сабт шуда, муҳлати иҷрояш низ мушаххас гашт.
Азизмад Холмуҳаммадзода, вакили порлумон ва муовини пешини додситони кулли Тоҷикистон, гуфт, “баъзе аз кирдоре, ки дар бахши ҷиноятҳои начандон вазнини кодекс шомиланд ва барои онҳо аз 2 то 5 сол ҷазо таъйин шудааст, бекор шуда ва ин кирдорҳо ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ эътироф хоҳанд гашт.”
Дар ин бахши Кодекси ҷиноӣ, амалҳое ба мисли дуздӣ, азоб додани шахси дигар, таҳқир ё тӯҳмат задан ба намояндаи ҳукумат шомил аст. "Ҳоло таҷрибаи давлатҳои дигарро меомӯзанд. Қаблан барои тӯҳмат ва дашном додан моддаҳои алоҳидаи Кодекси ҷиноӣ вуҷуд дошт, ки бо гузашти вақт дида шуд, таъсири он ба ҷомеа чандон зиёд нест. Он бекор карда шуд. Ислоҳоти навбатӣ низ монанди ҳамин хоҳад буд", -- шарҳ дод Холмуҳаммадзода.
Ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон мегӯянд, солҳои охир бандҳои Кодекси ҷиноӣ сахттар шуда, бисёре аз ҷавонон танҳо ба хотири пахши тугмаи “лайк” ва ё “класс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ифротгароӣ ва ё ҷонибдорӣ аз он гунаҳкор ва зиндонӣ шудаанд.
"Набояд одамон барои як "лайк" зиндонӣ шаванд"
Дар Тоҷикистон соли 2016 ба Кодекси ҷиноӣ мафҳуми “сафедкунии оммавии экстремизм ва терроризм, аз ҷумла тавассути интернет” ворид шуд ва гузоштани лайкро ҳам дар аксар ҳолатҳо тафтишот ба маънои сафедкунӣ ва ё тарғиби ғояҳои ифротӣ қаламдод мекунанд.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, гуфт, яке аз бандҳои таҳрирталаби Кодекси ҷиноӣ марбут ба ифротгароӣ аст, ки “бисёре аз ҷавонон бо ҳамин ҷурм паси панҷара рафтанд”.
Ӯ мегӯяд, набояд шаҳрвандон барои гузоштани як “лайк” зиндонӣ шаванд: “Бисёре аз одамон намедонанд, ки гузоштани лайк ҳам ҷиноят аст. Бисёриҳо бо майдатарин гуноҳ ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд. Ҳукумат инро бояд фикр кунад.”
Тағйироте, ки тайи чанд соли охир ба Кодекси ҷиноӣ ворид шуд, ҳамагӣ ба самти сахттар шудани ҷазо ва ё иловаи кирдорҳои нав буданд.
Аз соли 2015 ба ин сӯ, корҳое ба мисли таҳқири оммавии “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ё туҳмат кардан ба ӯ”, “дидаву дониста сироят кардани шахси дигар ба вируси норасоии масунияти бадан”, “сафедкунии оммавии терроризму экстремизм”, “иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғон” ворид карда шуд, ки аз 1 то 5 соли зиндонро дар назар дорад.
Чанд паҳлуи "нарм" кардани қонуни ҷиноӣ
Ҷазо барои барангехтани кинаву адовати қавмӣ, маҳалгароӣ ва мазҳабӣ, рондани мошин дар ҳолати мастӣ, садамаи маргбор ва напардохтани алимент сахттар карда шуд.
Ватан Абдураҳмонов, ҳуқуқшиноси варзида, ки таҷрибаи тӯлонии кор дар додгоҳро дорад, гуфт, барои таҳрири Кодекси ҷиноӣ ва таҳияи як қонуни мукаммал таҷрибаҳои судии солҳои охир бояд ҳамаҷониба омӯхта шавад.
“Ҳабс кардани одамон на ҳама вақт ба маънои ислоҳ шудани одамон аст. Бар замми ин, харҷи нигоҳдории ҳар як зиндонӣ бар дӯши давлат аст. Ин паҳлуи масъаларо низ бояд дид. Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, воқеан, ба гуманизатсия ниёз дорад. Инро танҳо бо назардошти таҷрибаи додгоҳии солҳои охир бояд такмил кард”, -- гуфт Абдураҳмонов.
Кодекси ҷиноии Тоҷикистон соли 1998 қабул шуда, аз 405 модда иборат аст. То он замон дар Тоҷикистон Кодекси ҷиноии Иттиҳоди шӯравӣ амал мекард.
Дар гузашта чанде аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла бахши ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид аз Тоҷикистон барои гуманизатсияи қонуни ҷиноӣ даъват карда буданд.