Гузоришҳои Радиои Озодӣ дар бораи латту кӯб шудани шаҳрванди Тоҷикистон -- Саид Саидҷонови 30-сола дар Русия матбуоти он кишварро ба баррасии беадолатии кормандони пулис ва мақомоти додгоҳии вилояти мухтори Ханти-Мансийск кашонд ва ахиран телевизиони ҷамъиятии ЮГРА-и ин минтақа ба бозтоби он шурӯъ кард.
Онҳо хабар доданд, ки гунаҳкорони латту кӯб ва ҷароҳат бардоштани Саидҷонов тақрибан беҷазо монда, баръакс, худи ҷабрдида якуним моҳ боз дар боздоштгоҳи муваққатии муҳоҷирон дар шаҳри Сургути вилояти Ханти-Мансийски Русия нигаҳдорӣ мешавад. Ӯро мехоҳанд, дар нақзи чандинкаратаи қонунҳои маъмурии Русия айбдор ва ба Тоҷикистон ихроҷ намоняд. Вале тавре худи ӯ ва ҳомиёнаш мегӯянд, ба боздошти ӯ моҷарое бо пулиси роҳи шаҳри Ханти-Мансийск сабаб шуд.
Қазияи Саид Саидҷонов рӯзи 30 январи имсол оғоз ёфт. Ӯро ду ходими пулиси роҳи шаҳри Ханти-Мансийск бо иттиҳоми нодуруст гузоштани худраваш нигоҳ дошта, ҳуҷҷатҳои ронандагиашро мусодира карданд. Ӯ мегӯяд, парвонаи ронандагии навъи байнулмилалии Тоҷикистонро дар даст дошт, ки навиштаҷоте ба забони англисӣ ҳам дорад. Аммо кормандони пулис ин ҳуҷҷатро напазируфтанд.
Пулиси роҳ Макаров ва як ҳамкораш ҳуҷҷатҳоро гирифта, аввал гуфтаанд, ки фардо ба идораи пулис омада бигирад. Фардояш ҳам ҳуҷҷҷатҳоро ба Саидҷонов надода, балки ӯро шадидан латту кӯб кардаанд.
Дар номае ба унвонии телевизиони ҷамъиятии Югра раҳбарияти раёсати Вазорати умури дохилии Ханти-Мансийск аз хабарнигорон талаб кардаанд, то бигӯянд, ки Нарушев дар ҷараёни тафтишот аз кор ронда шудааст, вале баъдан дар номаи дигаре аз ин ниҳод гуфта шуд, ки ин лейтенант муваққатан барканор шудааст. Пас аз таҳқиқоти журналистии худ кормандони телевизон ба ин хулоса омадаанд, ки раҳбарияти идораи пулис Нарушев ва Макаровро аз кор барканор накарда, балки гуноҳи онҳоро пӯшондан мехоҳад.
Илова ба ин, бо гузашти вақт ин ду пулис шикояте аз болои Саидҷонов навишта гуфтаанд, ки гӯё ӯ ба ҳангоми боздошташ муқовимат нишон дод ва аз рӯи ин иттиҳом шаҳрванди Тоҷикистонро додгоҳ гунаҳкор баровард. Баъдан Кумитаи тафтишот бо сабаби идомаёбии таҳқиқи парванда ҳукмро бекор кард.
Журналистон муайян кардаанд, ки аз рӯи санадҳо шикояти пулис барои гӯё муқовимат нишон додани Саидҷонов хеле дер, назар ба қазияи латту кӯби ин муҳоҷири тоҷик, тартиб дода шудааст. Зимнан, кӯшиши сӯҳбат бо Нарушев ва Макаров бенатиҷа анҷомид. Кумитаи тафтишот аз тамос бо хабарнигорон худдорӣ кард.
Фаъолони ҳуқуқ, ки дар ҳимоят аз Саидҷонов саҳм гузоштаанд, мавриди фишор қарор гирифта, дафтари кории ҳуқуқшинос Эдуард Аванесов тафтиш шуд. Худи Саидҷонов ҳам баъд аз ин дар як қатор қонуншиканиҳои маъмурӣ айбдор шуда, дар муассисаи боздошти муҳоҷирони Сургут маҳбус аст. Зимнан, яке аз иттиҳомоташ оид ба нақши муқаррароти будубош замоне ба қайд гирифта шудааст, ки ӯ дар бемористон барои табобати осори ҷароҳатҳояш бистарӣ буд.
Бо ёрии журналистони рус, Саид Саидҷонов ҳоло бо вакили дифоъ таъмин шудааст, ки алакай бо ӯ дар муассисаи нигаҳдошти муҳоҷирон дидор кардааст.
Светлана Ганнушкина, раҳбари созмони ҷамъиятии “Кумитаи мусоидати шаҳрвандӣ” ва як узви Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия мегӯяд, аксари муҳоҷироне, ки ба онҳо муроҷиат мекунанд, шикоят аз бадрафториҳои пулисро дар навбати охир матраҳ менамоянд. "Ба мо се ҳазор муроҷиат ворид шудааст ва шояд танҳо сеяки онҳо аз рафтори ношоями ходимони ҳифзи ҳуқуқ бошад. Чаро? Чунки онҳо ба бадрафториҳои пулиси Русия одат кардаанд ва аслан бовар надоранд, ки шикояти онҳо натиҷа хоҳад дод," -- мегӯяд ин фаъоли ҳуқуқи башар.
Ҳоло Саидҷонов ба таври изтирорӣ ба амалиёти дуюми тиббӣ ниёз дорад, вале намедонад, ки ӯро кай аз ин ҷо озод мекунанд. Дар як сӯҳбати телефонӣ аз дохили боздоштгоҳ ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, беш аз 40 рӯз аст дар ин ҷо маҳкам аст. Ба гуфтаи ӯ, то ҳол ҳеч нафаре аз муфаттишон ӯро барои додани баёнот аз рӯи қазияи латту кӯбаш даъват накардаанд.
Сафорати Тоҷикистон ба унвонии Вазорати корҳои хориҷии Русия нота фиристода, аз онҳо бархӯрди одилонаро ба қазияи Саидҷонов тақозо кардааст. Сафир Имомуддин Сатторов ин парвандаро зери назорати шахсии худ гирифт.
Журналистони телевизиони ҷамъитии Югра мегӯянд, қазияи Саидҷонов намунаи бадрафториҳои пулис аст ва қарор аст, таҳқиқи журналистии ин қазия то ба охир идома ёбад.