Кумитаи тафтишоти кишвари Хабаровски Русия рӯзи 29 апрел хабар дод, ки як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон расман бар асоси моддаи 105-уми Кодекси ҷиноии Русия (қатли ду нафар) ба қатли соҳибкори шинохтаи маҳаллӣ Владимир Фукалов ва ёвари ӯ айбдор шудааст. Ин банди Кодекси ҷиноии Русия барои қатли ду нафар ҳамчун ҷазо аз 8 то 20 соли зиндон, ё ҳабси умрбод ва ҳатто ҳукми қатлро пешбинӣ мекунад.
Тафтишот исми ин шаҳрванди тоҷикро нашр накардааст, вале мегӯяд, ки ӯ тайи 3 соли охир дар коттеҷи беруназшаҳрии Фукалов кор мекард. Ба гуфтаи тафтишот, субҳи 4 апрел ин мардикори тоҷик бо соҳибкор ҷанҷол мешавад. Ӯ шоми ҳамон рӯз, баъди бозгашти Фукалов, бо пистолете, ки дар коттеҷ нигоҳ дошта мешуд, соҳибкорро дар гараж дар дохили мошини “Лексус”-аш мепарронад. Тир рост ба сари соҳибкор расида, ӯро билофосила ба ҳалокат мерасонад. Баъди як соат, вақте ёвари Фукалов меояд, мардикори тоҷик ӯро ҳам ба гараж даъват карда, се тираш мезанад.
Баъди ин, ба гуфтаи тафтишот, шаҳрванди Тоҷикикистон “бо ҳадафи пӯшондани изи ҷиноятҳояш” ҳарду ҷасадро ба мошини “Лексус” бор карда, ба лаби дарё мебарад ва мошинро дар ҳамонҷо оташ мезанад.Мақомот мегӯянд, шаҳрванди тоҷик баъди ин ба коттеҷ баргашта, соатҳои гаронбаҳо, маснуоти тилоӣ ва беш аз 500 000 рубл, муодили тақрибан 14 000 долларро ба яғмо мебарад.
Сафорат қазияро таҳқиқ мекунад
Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 29 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар робита ба ин қазия на Сафорат, на Хадамоти консулгари ва на Консулгарии генералии мо дар Екатеринбург, ки кишвари Хабаровск ба ҳавзаи хидматгузории он ворид мешавад, аз мақомоти марбутаи Россия маълумоти расмӣ дастрас накардаанд. Оиди ин ҳодиса мо тавассути хабарҳои матбуот огоҳ шудем. Феълан дар асоси дастури сафири ҶТ дар ФР Абдулмаҷид Достиев Консулгарии генералии мо дар Екатеринбург дақиқияти ин хабарро тафтиш намуда, бо мақомоти кишвари Хабаровск дар тамос шудаанд. Мо ният дорем ҳарчи зудтар ин ҳодисаро дақиқ намоем, зеро ингуна хабарҳое, ки дар атрофи номи тоҷикон фазои бадномкунанда меофаранд, мутаассифона ,дар матбуоти русӣ зиёд ба чолиш кашида мешаванд."
Ҷузъиёти куштор дар коттеҷ
Владимир Фукалов 53 ва ёвараш 39 сол доштанд. Фукалов як соҳибкори маъруф дар Хабаровск маҳсуб мешуд ва дар ин минтақа бо кумакҳояш дар барномаҳои хайрия ном бароварда буд.
Гурӯҳи фаврии тафтишотие, ки баъди кушта шудани соҳибкор таъсис ёфт, алакай баъди чанд рӯз ангушти иттиҳомашро ба сӯи коргари тоҷики коттеҷи ӯ баланд кард. Бино ба гузориши сомонаи Кумитаи тафтишоти кишвари Хабаровск, “гумонбар ибтидо гуноҳашро эътироф намекард, вале дар зери бори далоили ҷамъовардаи тафтишот ночор шуд, то ҳарду қатлро ба гардан бигирад.” Бино бар ин манбаъ, “ӯ қисса кард, ки баъди як ҷанҷоли маиошӣ, ки субҳи 4 апрели соли 2014 байни ӯ ва соҳибкор сурат гирифт, қасди ин ҷиноятро кардааст. Бадкирдор ба тафтишот ҷойҳоеро, ки пул, маснуоти тилоӣ ва силоҳро пинҳон карда буд, нишон дод.”
Ин шаҳрванди тоҷик то анҷом тафтиш ба ҳабс гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ӯ 3 сол қабл аз Тоҷикистон ба Русия омада, ин ҳама муддат барои Владимир Фукалов кор мекард.
Дар Русия мавридҳое зиёданд, ки мардикорони тоҷик бо корфармоёни руси худ ба далели напардохтани маоши онҳо вориди баҳсу моҷаро мешаванд. Дар гузашта ҳам чанд мавриде буд, ки мардикорони тоҷик ба хотири ситондани ҳаққи худ аз корфармоён аз шеваҳои номашрӯъ ва ҳатто латтукӯб кор бурдаанд.
Аммо Кумитаи тафтишоти Хабаровск дар қазияи ахир вуҷуди ихтилоф байни Фукалов ва коргараш дар масъалаи маошро рад мекунад. Гуфта мешавад, ин соҳибкор бо саховатмандиаш маъруф буд ва маоши коргарашро ҳам саривақт пардохт мекард.
Ин шаҳрванди тоҷик ҳамроҳ бо волидон ва бародараш дар дегхонаи як осоишгоҳи маҳаллӣ, ки низ дар қаламрави ин шаҳраки коттеҷҳо ҷойгир аст, ба сар мебурд. Падари ӯ дар дегхонаи осоишгоҳ аловмон буд, модараш ва бародараш мисли худи ӯ дар хонаҳои мардум кор мекарданд.
Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, аз 1 то 1,5 миллион шаҳрванди Тоҷикистон кор мекунанд. Бино ба оморҳои ғайрирасмӣ, ҳоло дар зиндонҳои Русия тақрибан 4 - 4,5 ҳазор зодаи Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Шаҳрвандони тоҷик маъмулан бо ҷиноёти сабуке, чун тақаллуби аснод ваё нақзи қоидаҳои кору иқомат дар Русия зиндонӣ мешаванд. Ҳамин тавр, як бахши аъзами дигари тоҷикҳо дар Русия бо ҷиноёти сангин, ба мисли қочоқи маводи мухаддир, ғоратгарӣ ва куштор, ҳукми зиндон мегиранд.
Расонаҳои Русия қазияи қатли соҳибкор Владимир Фукалов ва ёвари ӯ аз сӯи мардикори тоҷикро асосан аз забони мақомоти тафтишотӣ қисса кардаанд. Назари тарафи дигари ин қазия, аз ҷумла худи гумонбар ва наздикони ӯ, то ҳол дар ҳеҷ расонае нашр нашудааст ва ҳанӯз пурра рӯшан нест, ки рӯзи 4 апрел дар коттеҷи ин соҳибкор дар берун аз Хабаровск байни ӯву коргараш чӣ гузашт, ки ин ҷавони 23-сола даст ба силоҳ бурд ва ду нафарро кушт?