Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поинравии қурби рубл ба даромади оилаҳои муҳоҷирон бетаъсир намонд. ВИДЕО


Дар назди яке аз бонкҳои Тоҷикистон
Дар назди яке аз бонкҳои Тоҷикистон

Қатъи музокироти созмони кишварҳои содиркунанди нафт -- ОПЕК -- бо Русия дар масъалаи коҳиши истихроҷи нафт, дар ду рӯзи пеш, боис ба коҳиши қурби рубли русӣ шуд. Уфти қурби рублро дар бозори асъори Тоҷикистон ва оилаҳои муҳоҷирони тоҷик низ эҳсос кардаанд. Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд ва соли гузашта ба кишвар беш 2,7 миллиард доллар фиристодаанд.

Шоҳмаҳмад Алиев, сокини шаҳри Душанбе, субҳи 10-уми март пулҳои фиристодаи писарони муҳоҷирашро аз бонк гирифт. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, агар моҳи гузашта дар бонк ба ивази ҳазор рубл 150-153 сомонӣ медоданд, рӯзи сешанбе 129 сомонӣ доданд.

Зиндагии хонаводаи ӯро ду фарзанди муҳоҷираш мечархонанд ва ба қавли падар, "онҳо дар сохтмонҳои Русия кори сахте мекунанд", то онҳоро нигоҳубин намоянд.

Алиев мегӯяд, уфти қурби рубл даромади писарон ва, ҳамин тавр, хонаводаи онҳоро кам кард. "Вақте ба пул ниёз дорӣ, дигар чӣ кор ҳам мекунӣ. Як сомонӣ ҳам кунанд, мегирӣ. Ақаллан ҳамон рубли русии фиристодаи фарзандонро ба мо медоданд, хуб буд. Мехостӣ иваз мекард, намехостӣ то беҳтар шудани қурб нигоҳ медоштӣ. Аммо дар бонк рубли фиристодаро сомонӣ карда медиҳанд".

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Коҳиши қурби рубли русӣ ба оилаҳои муҳоҷирон таъсири манфӣ гузошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00

Наздик ба 90 дарсади пулро муҳоҷирони тоҷик бо рубли русӣ ба Тоҷикистон мефиристанд. Аз соли 2016 бо дастури вижаи Бонки миллии Тоҷикистон ин маблағҳоро бонкҳо бо пули миллӣ – сомонӣ иваз карда, ба мардум медиҳанд.

Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба сар мебаранд ва бо пули миллии ин кишвар маош мегиранд. Поинравии қурби рубл дар рӯзи 9-уми март аксар сокинони Тоҷикистонро ғофилгир кард.

Ҳусейн Қурбонов, сокини дигар пойтахт, гуфт: "Бародарам дар Русия муҳоҷири корӣ аст. Кор мекунаду маошашро ҷамъ мекунад ва ба инҷо мефиристад, лекин қурб поин шуд, ба ҳеч чиз намерасад. Оилаи мо калон аст".

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки иқтисодаш пойбанди пули фиристодаи муҳоҷирон аст. Аз ин сабаб иқтисоди кишвар дар баробари ҳаргуна таконҳои берунӣ ва бахусус иқтисоди Русия осебпазир аст ва инро борҳо созмонҳои байналмилалии молӣ такрор ба такрор гуфтаанд.

Шамсиддин Ҷалолов, иқтисоддони тоҷик, рӯзи 10-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт: "Нархи нирӯи корӣ дар Русия поин рафт, ки ба ваззъи молии муҳоҷирон бетаъсир намемонад. Аз сӯи дигар, Тоҷикистон маводи сӯзишвориро асосан аз Русия ворид мекунад, ки ин таъсири худро ба иқтисоди кишвар мерасонад. Тоҷикистон аз Русия вобастагии зиёд дорад, ояндаи наздик эҳтимол паёмадҳои он дар бахшҳои дигар мушоҳида шавад".

Рақобат бо Арабистони Саудӣ қурби рубли русиро поин бурд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Ҳоло қурби расмии рубли русӣ, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъин кардааст, мисли як ҳафтаи пеш 141 сомонӣ барои 1000 рубл муқаррар шудааст. Аммо дар бонкҳои Тоҷикистон айни замон ҳазор рубли русӣ ба 130 сомонӣ иваз карда мешавад. Ҳафтаи гузашта ба ивази ин миқдор 145 сомонӣ дода мешуд.

Муҳоҷирони тоҷик дар соли 2019 ба кишвар беш аз 2,7 миллиард доллар фиристодаанд. Русия дар ду даҳсолаи ахир макони асосии кору даромади як миллион шаҳрванди Тоҷикистон шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG