Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Қирғизистон. Ду тараф бо чӣ ба музокирот мераванд?


Азим Иброҳим ва Ҷениш Раззоқов. Акс аз бойгонист
Азим Иброҳим ва Ҷениш Раззоқов. Акс аз бойгонист

Ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 14-уми январ дар Исфара низоъҳои ахир дар марзро баррасӣ хоҳанд кард. Музокирот бо роҳбарии муовинони нахуствазири ду кишвар баргузор мешавад.

Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон, ки ҳайати Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад, рӯзи 13-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки яке аз масъалаҳои асосӣ “пешгирӣ аз низоъҳои марзист.”

Ба қавли Азим Иброҳим, масъалаи дигаре, ки дар музокироти рӯзи сешанбе бояд баррасӣ шавад, “пахши ахбори носанҷида дар бораи масъалаҳои марзӣ аст”. “Баъдан масъалаи муноқишаҳо. Онҳое, ки аз ҳарду ҷониб қонуншиканӣ кардаанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Мо ин масъаларо ҳатман мегузорем. Ҳамаи инро дар шакле, ки барои ҳар ду ҷониб қобили қабул бошад, баррасӣ мекунем,” – афзуд ӯ.

Муовини нахуствазири Тоҷикистон илова кард, ки талош мекунанд, аз такрори муноқишаҳо дар марз ҷиддан пешгирӣ шавад: “Мардуми ду тарафи марз солҳо дӯстона равуо мекарданд ва “онҳо бояд ором зиндагиашонро пеш баранд.”

Ҳайати Қирғизистонро дар ин нишаст Ҷениш Раззоқов, муовини нахуствазири он кишвар, роҳбарӣ мекунад. Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков 13-уми январ, як рӯз пеш аз музокирот, бо раҳбарони мақомоти марзбонӣ, амнияти миллӣ, Вазорати умури хориҷӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли кишвараш вазъиятро дар марз бо Тоҷикистон баррасӣ кардааст. Вай гуфтааст, бояд ба амалҳои иғвогарона дар марз роҳ дода нашавад.


Қарор аст, вохӯрии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи наздимарзии ду кишвар баргузор шавад. Аз ҷониби Тоҷикистон ба ҷуз аз Азим Иброҳим инчунин Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, Юсуф Раҳмон, додситони кул, Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нирӯҳои сарҳадӣ иштирок мекунанд.

Вохӯрии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи як муноқишаи марзӣ миёни сокинон сурат мегирад.

Шаби 10-уми январ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон низоъ сар зад. Он шаб садои тир шунида шуда, сокинони наздимарзӣ сӯи мошинҳои якдигар сангпартоӣ карданд. Ба иттилои мақомоти қудратӣ, чаҳор сокини Қирғизистон ба далели иғвогарӣ боздошт шудаанд. Рӯзи 13-уми январ чанд нафар дар Бишкек гирдиҳамоӣ карданд ва озодии боздоштшудаҳоро талаб намуданд.


Сарҳадбонони Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 12-уми январ гуфтанд, авзоъ дар марзи ду кишвар мураккаб, вале зери назорат боқӣ мемонад ва дигар садои тирандозӣ ба гӯш намерасад. Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Кумитаи марзбонии Қирғизистон гуфтанд, ки посбонон аз ду тарафи марз гаштзаниро идома медиҳанд ва ҷанҷолу кашмакаш дигар дида намешавад.

Муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистон Қирғизистон чизи нав нест. Тақрибан ҳар моҳ хабарҳо дар бораи муноқишаҳои хурду бузург асосан миёни сокинони ду тарафи марз расонаӣ мешавад. Ин муноқишаҳо дар гузашта чандин кушта барҷой гузоштааст.

Ду кишвар 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Баҳсу гуфтугӯ сари минтақаҳои боқимонда солҳост идома дорад, вале бенатиҷа. Аз ин сабаб, дар минтақаҳои баҳсталаб ва номуайян сокинон барои обу чарогоҳ, роҳу бозор ҷангу даъво ва борҳо хунрезӣ кардаанд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG