Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айбнома алайҳи Комил Раҳматови "ҷиҳодӣ"


Комил Раҳматов
Комил Раҳматов

Алайҳи Комил Раҳматов, ки қасди рафтан ба сарзаминҳои фаластинӣ ва мубориза бо нерӯҳои Исроилро дошт, айбнома эълон шудааст. Ӯ ҳоло дар боздоштгоҳе дар Хуҷанд нигоҳдорӣ мешавад.

Комил Раҳматов, сокини 45-солаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони пулиси Қирғизистон дар Ӯш боздошт шуда ва мегуфт, қасди иштирок дар ҷанг алайҳи Исроил ё яҳудиёнро дорад, ба Хуҷанд оварда шудааст.

Як мақоми Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Раёсати умури дохилаи Суғд рӯзи 8 октябр бидуни бурдани номаш гуфт, оқои Раҳматов рӯзҳои аввали боздошташ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон интиқол ёфта, ҳоло дар боздоштгоҳе дар маркази Суғд ба сар мебарад. “Алайҳи Комил Раҳматов барои қасди иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ва он ҳам дар кишвари ғайр айбнома эълон шудааст”,-афзуд мусоҳиби мо, вале аз ироаи ҷузъиёти бештар дар ин замина худдорӣ кард.

Комил Раҳматов шаби 11 сентябр дар фурудгоҳи Ӯш, ҷануби Қирғизистон, замоне дастгир шуд, ки бино ба эътирофи худаш, қасд дошт, барои "ҷиҳод" ба сарзаминҳои фаластинӣ равад. Вай рӯзи 12 сентябр дар гуфтугӯи ихтисосие бо хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Ӯш Идрис Исҳоқов сабабҳои азмаш барои рафтан ба "ҷиҳод" ба Фаластинро шарҳ дод ва гуфт, мехост аз роҳи Туркия худро ба Фаластин бирасонад. Ба ин суол ки оё чигуна ба Фаластин расиданӣ буд, Комил Раҳматов мегӯяд, дар Туркия аз раҳгузарон пурсида-пурсида бо автобусҳо мерафт.

Вақте хабарнигор аз ӯ ҳадафи ниҳоиии сафарашро пурсид, Комил Раҳматов гуфт, ҳадафаш Фаластин буд, "онҷое ки ҷанг зидди яҳудиён аст." Ӯ мегӯяд, ки мехост ба мусалмонон кумак расонад.

Боздошти Комил Раҳматов нахустин мавриди боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар роҳи сафар ба “ҷиҳод” дар Фаластин мебошад. То кунун бештар дар бораи ширкати шаҳрвандони тоҷик дар “ҷиҳод”-ҳо дар Афғонистону Покистон ва Ироқу Сурия гузоришҳо ба даст мерасид. Аз ҷумла ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, танҳо дар Сурия алайҳи режими Башор Асад то 200 шаҳрванди кишвар меҷанганд. Гоҳ-гоҳ дар Интернет аз сӯи ин ҷангиёни тоҷик, ки ба иддаои худашон, дар Ироқу Сурия меҷанганд, паёмҳои тунде ҳам бо интиқод аз сиёсати ҳокимони кунунии Тоҷикистон нашр мешавад.

Ноҳияҳои Исфара, Спитамен ва Панҷакенти вилояти Суғд аз минтақаҳое ном бурда мешаванд, ки дар ҷанги Сурия иштирок доштани чандин сокинонашон ошкор шудааст. Вале дар ин миён ноҳияи Спитамен бо ин ҳам маъруф аст, ки дар нимаи дуюми соли равон ду сокинаш -- Одил Пӯлодов ва Комил Шукуров, ки онҳоро бо роҳи тарғибу ташвиқ барои иштирок дар ҷанг аз Русия ба Сурия бурдаанд, моҳҳои июну июли соли ҷорӣ ба Тоҷикистон баргашта ва худро ба мақомот таслим карданд.

Турдиалӣ Пӯлодов, бародари Одил Пӯлодов, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бародараш баъди бозгашт аз Сурия, ки мавриди авфи мақомот қарор гирифт, дар назди аҳли оилааш аст ва ба кори саҳро машғул мебошад. “Баъди омаданаш дигар Русия нарафт, аммо ин ҷо ҷойи кор надорад, ҳозир каме ба деҳқонӣ – машғул аст. Падару модари мо деҳқонанд, Одил ба онҳо ёрӣ мерасонад. Ҳозир вай ба кофтани картошка ба атрофи ноҳияамон рафтааст”,-гуфт ӯ дар тамоси телефонӣ ба хабарнигори Озодӣ.

Ба гуфтаи Турдиалӣ Пӯлодов, бародараш - Одил 29-сола буда, охирҳои моҳи июл баъди 2 ҳафтаи будубош дар Сурия, ба ҷанг надаромада, бо роҳи фирор худро ба Туркия ва аз он ҷо ба Тоҷикистон расонидааст ва ба мақомоти интизомӣ таслим шудааст. Додситонии Суғд мегӯяд, чун Одил Пӯлодов ва Комил Шукуров, сокинони ноҳияи Спитамен, бо ихтиёри худ аз Сурия ба Тоҷикистон бозгаштаву қаблан аз ҷониби онҳо ҷинояте содир нашудааст, мавриди афв қарор гирифтаанд ва ҳоло дар маҳалли зисташон озодона зиндагӣ доранд. Ин ниҳод ба сокинон ваъда додааст, агар бо хоҳиши худ ҳоло аз ҷанг дар Сурия баргарданд, онҳоро авф хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG