Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҳотаи Ҳоҷӣ Ҳалим, таслими бародараш ва боздошти 32 "одами" ӯ (ХАРИТА)


Яке аз афроди боздоштшудаи Ҳоҷӣ Ҳалим. Акс аз ВКД
Яке аз афроди боздоштшудаи Ҳоҷӣ Ҳалим. Акс аз ВКД

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки бародари Абдуҳалим Назарзода, муовини барканоршудаи Вазорати дифои Тоҷикистон, таслим шуда, то кунун 33 тан аз "одамони" ӯ низ дастгир кардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Назаров Мирзоҳаёт Мирзоевич (1972), бародари Абдуҳалим Назарзода, ки барои ҳамла болои дастгоҳи марказии Вазорати дифоъ ва ШКД-и шаҳри Ваҳдат муттаҳам мешавад, ихтиёрӣ худро таслим кардааст. Масъулони вазорати дохилӣ рӯзи 5 сентябр гуфтанд, "худи Назарзода бо ҳамроҳии 7-8 нафар ҳаммаслаконаш дуртар аз шаҳри Душанбе ба масофаи 150 километр дар дараи Ромит пинҳон гаштааст. Гирду атрофи ин минтақа пурра ба иҳота гирифта шуда, амалиёт барои дастгир ва безарар гардондани онҳо идома дорад."

Дафтари матбуоти ВКД хабарҳо дар бораи ҳалокати 33 корманди ин ниҳод ва Вазорати дифоъро рад карда ва гуфт, ки дар пайи амалиёти якҷояи ВКД, КДАМ, ВМ ва дигар сохторҳои қудратӣ то ҳол 32 узви гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, дастгир шуда, 13 нафарашон безарар гардонда шудаанд: "Аз ин гурӯҳ зиёда аз 500 яроқу аслиҳаи ҷангӣ мусодира карда шуд. Инчунин, якчанд махфигоҳи яроқу аслиҳа ва автомашинаҳои тамғаҳои гуногуни "ҶИП" ва "Седан" дарёфт карда шуд."

Centralnaya Street, Romit, Tajikistan
Centralnaya Street, Romit, Tajikistan

Вазорат мегӯяд, то кунун дар пайи амалиёти муқобила бо гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода ва боздошти онҳо (рӯзҳои 4 ва 5 сентябр) 9 корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳалокат расида, 6 нафар ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд. "Вазъият дар ҷумҳурӣ тинҷу ором буда, таҳти назорати қатъии мақомоти қудратии Тоҷикистон қарор дорад," -- таъкид карданд дар дафтари матбуоти ВКД.

Абдуҳалим Назарзода аз соли 1997 дар Вазорати дифоъ буд
Абдуҳалим Назарзода аз соли 1997 дар Вазорати дифоъ буд

Ҳукумат хост, Абдуҳалим Назарзода таслим шавад

Як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон рӯзи 5 сентябр ба Радиои Озодӣ хабар дод, ҳукумат ба Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" мӯҳлат додааст, ки бидуни хунрезӣ ва ба зудтарин фурсат таслим шавад. "Ҳоҷӣ Ҳалим" барои ҳамлаи бомдоди 4 сентябр болои дастгоҳи марказии Вазорати дифоъ ва Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат муттаҳам мешавад ва рӯзи гузашта бо қарори ҳукумат аз мақоми муовини вазири дифоъ барканор шуд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки дар Ромит, дар панҷоҳкилометрии Душанбе қарор доранд, мегӯянд, ки онҳо то Марғоб чор постгоҳро гузаштаанд. Ба иттилои онҳо ҳамин субҳ ба Ромит 150 нерӯи иловагӣ интиқол шуда, чарболҳо низ мушоҳида шудаанд. Нерӯҳои давлатӣ гуфтаанд, ки вазъ ором ва таҳти назорати онҳост. Ба иттилои хабарнигорони мо сокинони Ромит дар сӯҳбат ба онҳо аз баргузории кадом амалиёте изҳори бехабарӣ кардаанд.

Амалиёти боздошти Абдуҳалим Назарзода ва ҳамроҳони ӯро, ки ба иттилои мақомот ба Ромит фирор кардаанд, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бар уҳда дорад.

Амалиёти сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар дараи Ромит
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

ҲНИТ: Ҳоҷӣ Ҳалим аз мо нест

Дар ҳамин ҳол, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз задухӯрдҳои маргбор дар Душанбе ва шаҳри Ваҳдат, ки аз ду ҷониб - гуруҳи Абдуҳалим Назарзода ва нерӯҳои давлатӣ - 17 кушта бар ҷой гузошт, нигаронии амиқ карда, вазъияти ба вуҷудомадаро барои суботу оромии хатарбор ҳисобидааст. Шӯрои сиёсии ҲНИТ баъди як ҷаласаи изтирорӣ ин задухӯрдҳоро "мушкили дохилии ниҳодҳои низомӣ" донист.

Ҳоҷӣ Ҳалим ҳангоми таъинаш ба мақоми муовини вазири дифоъ дар моҳи январи соли 2014 (Аз тарафи чап, нафари дувум аз чап)
Ҳоҷӣ Ҳалим ҳангоми таъинаш ба мақоми муовини вазири дифоъ дар моҳи январи соли 2014 (Аз тарафи чап, нафари дувум аз чап)

Дар идома аз он ки мақомот Абдуҳалим Назарзода -- муовини, инак, собиқи вазири дифоъ ва Зиёраддин Абдуллоев -- корманди кушташудаи Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдатро узви ин ҳизб муаррифӣ кардаанд, изҳори норозигӣ шудааст. Шӯрои сиёсии ҲНИТ мегӯяд, қонунгузории Тоҷикистон узвияти афсарону сарбозон ва кормандони мақомоти низомиро дар ҳизбҳои сиёсӣ манъ намудааст ва ингуна афрод наметавонанд узви ягон ҳизби сиёсӣ бошанд.

"Гузашта аз ин, чанде қабл гурӯҳе аз ин фармондеҳон ва афсарон бо изҳорот аз бастани ҲНИТ ҷонибдорӣ карда, барои аз узвияти ҲНИТ хориҷ кардани аъзо кӯшишҳо ба харҷ дода буданд," -- таъкид шудааст дар изҳороти ҲНИТ.

СПАД: Ҳамлаҳо кори дохилии Тоҷикистонанд

Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД), ки Тоҷикистон узвияташро дорад, низ гуфтааст, ки вазъ дар ин кишварро пайгирӣ доранд. Владимир Зайнуддинов, сухангӯи СПАД ба расонаҳои Русия гуфтааст, ки ҳамлаҳои субҳи чоруми сентябр дар душанбе ва Ваҳдат кори дохилии Тоҷикистонанд ва изҳори бовар кардааст, ки мақомоти қудратии кишвар аз уҳдаи ҳалли он хоҳанд баромад.

Зайнуддинов ҳамлаҳои Душанбе ва Ваҳдатро, ки бино ба иттилои расмии мақомот аз ду ҷониб 17 кушта бар ҷой гузошт, як амали роҳзанӣ хондааст. Вай гуфтааст, "бовар дорем, мақомоти Тоҷикистон роҳзанҳоро маҳв хоҳанд кард." Ин ҳамлаҳо дар ҳоле сурат гирифтанд, ки 15 сентябр дар Душанбе нишасти сарони кишварҳои узви СПАД дар назар аст. Дар ин нишаст Владмир Путин, раисиҷумҳури Русия низ иштирок хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG