Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аспи писари Рустами Эмомалӣ дар пойгаҳ 0.5 сония ақиб монд


"Рахш" имсол ҷойи дуввумро гирифт.
"Рахш" имсол ҷойи дуввумро гирифт.

Дар пойгаи аспдавонӣ, ки рӯзи 21-уми апрел дар Душанбе, дар “Наврӯзгоҳи пойтахт”, баргузор шуд, аспи набераи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон пирӯз шуд.

Бино ба иттиллои Федератсияи бузкашӣ ва пойга, дар яке аз рақобатҳои бузкашӣ дар миёни аспҳои 3-солаи зоти англисӣ, аспи Анӯшервони Рустам, бо лақаби “Шерхан дарк” ва ё Шерхони сиёҳ масофаи 1600 метрро дар муддати 1 дақиқаву 40 сония тай кард ва ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Аммо дар марҳилаи саввуми рақобат миёни аспҳои англисӣ аспи Анӯшервони Рустам аз аспи Ромиш Умаров бо номи “Ваксайд” 0.5 сония ақиб монда ва мақоми дуввумро гирифтааст. Анӯшервони Рустам, фарзанди Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе аст. Аспи ӯ дар дар пойгаи аспдавонии моҳи сентябри соли гузашта дар Душанбе, барандаи ҷоизаи аслӣ – мошини “Мерседес” шуда буд.

Пойгаи аспдавонии моҳи сентябри соли 2017
Пойгаи аспдавонии моҳи сентябри соли 2017

Федератсияи бузкашӣ ва пойгаи Тоҷикистон мегӯяд, дар мусобиқаи аспдавонӣ чобуксаворон бо бештар аз 80 аспи зоти тоҷикӣ ва англиси ширкат карданд. Онҳо бо ҳам дар масофаҳои 1000, 1600, 2000 метр рақобат кардаанд. Дар марҳилаи аввал аспи Шермуҳаммади Шоҳиён раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон бо рақаби “Рамз” соҳиб шудааст.

Дар замони Истиқлолияти Тоҷикистон мусобиқаи асптозӣ, бахусус баъди азнавсозии ипподром, ки номи “Наврӯзгоҳи пойтахт”-ро гирифтааст, зуд-зуд доир мегардад. Ҳар сол дар рӯзҳои таҷлили идҳои суннатии мардуми тоҷик – Наврӯз, Меҳргон ва инчунин ҷашни Истиқлол баргузор кардани пойгаи аспдавонӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Баъзе аз раҳбарону сарватмандон ва чеҳраҳои шинохтаи тоҷик, аз қабили Рустами Эмомалӣ, Шоҳрух Саидзода, Муродалӣ Алимардон, Шермуҳаммади Шоҳиён, Қосим Қосимов, Беҳзод Файзуллоев, Дӯстмурод Ҳакимов, Хуршед Машрабов ва дигарон ба аспу аспдорӣ завқи беандоза доранд.

Нархи аспҳое, ки дар пойгаҳо ғолиб мешаванд, ба гуфтаи ҳолдонҳо ба садҳо ҳазор доллар мерасад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG