Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рахш" ва "Шерхон-Дарк" барандагони шоҳҷоизаҳои "Ҷоми пойтахт- 2018" шуданд


Дар пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти Ҷоми “Пойтахт-2018” бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз, ки 31-уми март дар Душанбе, дар “Наврӯзгоҳи пойтахт”, баргузор шуд, аспҳои зоти англисӣ бо лақабҳои “Рахш” ва “Шерхон-Дарк” аз Душанбе, ки соҳибашон Анӯшервони Рустам аст, барандаи шоҳҷоизаҳо -- автомашинаҳои сабукрави тамғаи “Равон” - гардиданд.

Дар ин бора довари ин мусобиқа Арбобмирзо Шамсиев, муҳаққиқи соҳа ва муаллифи аспи зоти тоҷикӣ, рӯзи 2-юми апрел ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ӯ гуфт, дар ин пойга, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Федератсияи миллии човандозон ва пойгаи аспдавонӣ баргузор шуд, 87 сар аспи зотҳои тоҷикӣ, англисӣ ва ахалтекинӣ (туркманӣ) аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Ваҳдат, Роғун, ноҳияҳои Ашт, Данғара, Рӯдакӣ, Файзобод, Фархор, Ховалинг ва Хуросон ширкат дошт.

Ба гуфтаи Арбобмирзо Шамсиев, инчунин чанд сар асп аз ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Узбекистон иштирок кард ва аспсаворон дар масофаҳои 1000 метр, 1600 метр ва 2000 метр дар 10 пойга рақобат намуданд.

Дар пойгаи асосӣ ба масофаи 2000 метр миёни аспҳои чаҳорсолаи зоти англисӣ аспе бо лақаби “Рахш” аз Душанбе, соҳибаш Анӯшервони Рустам, саворааш Фирдавс Саломов, мураббиаш Хонҷон Сафаров, бо натиҷаи 2 дақиқаю 4 сония пирӯз шуд. Ба ғолиб автомашинаи тамғаи “Равон”, ҷому медали тилло, ифтихорнома ва ҷоизаи молӣ эҳдо гардид.

Мақоми дувумро аспе бо лақаби “Лаъл” аз Душанбе, соҳибаш Анӯшервони Рустам, саворааш Юрий Салоҳиддинов, мураббиаш Хонҷон Сафаров, бо натиҷаи 2 дақиқаю 6 сония касб намуда, бо ҷому медали нуқра, ифтихорнома ва ҷоизаи молӣ сарфароз шуд.

Мақоми севумро аспе бо лақаби “Шарқ” аз Душанбе, соҳибаш Анӯшервони Рустам, саворааш Бахтовар Арбобов, мураббиаш Хонҷон Сафаров бо натиҷаи 2 дақиқаю 7 сония ишғол кард ва ҷому медали биринҷӣ, ифтихорнома ва ҷоизаи молӣ гирифт.

Дар пойга бо аспҳои сесолаи зоти англисӣ ба масофаи 1600 метр аспе бо лақаби “Шерхон-Дарк” аз Душанбе, соҳибаш Анӯшервони Рустам, саворааш Фирдавс Саломов, мураббиаш Хонҷон Сафаров бо натиҷаи 1 дақиқаю 40 сония ғолиб гардид. Ғолиби ин пойга соҳиби шоҳҷоиза - автомашинаи тамғаи “Равон”, ҷому медали тилло, ифтихорнома ва ҷоизаи молӣ шуд.

Мақоми дувумро аспе бо лақаби “Роҷеъ” аз Қирғизистон, соҳибаш Абдусаттор Нурматов, саворааш Назик Бурғанакова, мураббиаш Талай Бурғанаков бо натиҷаи 1 дақиқаю 42 сония касб намуда, бо ҷому медали нуқра, ифтихорнома ва ҷоизаи молӣ сарфароз гашт.

Мақоми севумро аспе бо лақаби “Веспойт-Шер” аз Узбекистон, соҳибаш Камол Аббосович, саворааш Қобилҷон Акрамов, мураббиаш Сергей Сайфуллоев бо натиҷаи 1 дақиқаю 47 сония ишғол кард ва бо ҷому медали биринҷӣ, ифтихорнома ва ҷоизаи молӣ мукофотонида шуд.

Боз дар ҳашт пойгаи дигар бо аспҳои зотҳои тоҷикӣ, англисӣ ва ахалтекинӣ ба масофаҳои 1000, 1600 ва 2000 метр ғолибон муайян шуда, бо ҷому медалҳо, ифтихорномаву ҷоизаҳои молӣ сарфароз гаштанд. Зимнан, маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 59 хазор сомониро ташкил медод, ки онро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ихтисос дода буд.

“Дар ин пойга аспҳои баъзе аз раҳбарону сарватмандон ва чеҳраҳои шинохтаи тоҷик, аз қабили Рустами Эмомалӣ, Шермуҳаммади Шоҳиён, Шоҳрух Саидзода, Беҳзод Файзуллоев, Дӯстмурод Ҳакимов, Давронхон Алиев ва дигарон ширкат дошт. Инчунин аспҳои хоҷагии деҳқонии Мири ноҳияи Ховалинг, мактаби чавгонбозони шаҳри Хуҷанд ва дигар корхонаҳои асппарварии ҷумҳурӣ иштирок карданд”, - гуфт довари мусобиқа Мирзо Шамсиев.

Ғолибону ҷоизадорони пойгаи аспдавонӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз барои “Ҷоми Пойтахт-2018”

Пойгаи 1-ум, аспҳои синну соли гуногуни зоти тоҷикӣ. 1600 метр
1. “Звезда” – 1,54
2. “Аттор” – 1,56
3. “Виёл” – 2,0

Пойгаи 2-юм, аспҳои синну соли гуногуни зоти тоҷикӣ. 1600 метр
1. “Тадриҷ” – 1,57
2. “Ҷайҳун” – 2,03
3. “Немо” – 2,08

Пойгаи 3-юм, аспҳои синну соли гуногуни зоти тоҷикӣ. 1600 метр
1. “Сарват” – 1,53
2. “Рашт” – 1,59
3. “Гамбит” – 2,07

Пойгаи 4-ум, аспҳои 2-солаи зоти тоҷикӣ. 1000 метр
1. “Рамз” – 1,10
2. “Гуланг” – 1,11
3. “Генерал” – 1,15

Пойгаи 5-ум, аспҳои 2-солаи зоти англисӣ ва ахалтекинӣ. 1000 метр
1. “Райҳона” – 1,05
2. “Вахш” – 1,07
3. “Зайтун” – 1,10

Пойгаи 6-ум, аспҳои 3-солаи зоти тоҷикӣ. 1600 метр
1. “Бомдод” – 1,49
2. “Лола” – 1,51
3. “Приз” – 1,54

Пойгаи 7-ум, аспҳои зоти ахалтекинӣ. 1600 метр
1. “Гарсеваз” – 1,57
2. “Торнадо” – 1,58
3. “Тилу” – 1,59

Пойгаи 8-ум, аспҳои 3-солаи зоти англисӣ (шоҳҷоиза автомашинаи тамғаи “РАВОН”). 1600 метр
1. “Шерхан – Дарк” – 1,40
2. “Роҷеъ” – 1,42
3. “Веспойт – Шер” – 1,47

Пойгаи 9-ум, аспҳои 4-солаи зоти тоҷикӣ. 2000 метр
1. “Горес” – 2,19
2. “Вибролон” – 2,20
3. “Энергетик” – 2,20,05

Пойгаи 10-ум, аспҳои 4-солаи зоти англисӣ (шоҳҷоиза автомашинаи тамғаи “РАВОН”). 2000 метр
1. “Рахш” – 2,04
2. “Лаъл” – 2,06
3. “Шарқ” – 2,07

XS
SM
MD
LG