Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгорон - "аскарҳои қаторӣ"-и интихоботҳои Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Беш аз нисфи масъулони интихоботӣ ва нозирон дар интихоботи соли ояндаи Тоҷикистонро омӯзгорон ташкил хоҳанд дод. Бисёриҳо ба сиёсат кашондани ин қишрро тасмими дурусте намеҳисобанд

Дар интихоботи порлумонии 2015, қарор аст, бештар аз 10 ҳазор омӯзгор ба ҳайси раису узви ҳавзаву қитъаҳои интихоботӣ ва нозир ширкат кунанд.

Дар Кумиссиюни марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) гуфтанд, дар интихоботи навбатии порлумон, ки қарор аст, моҳи феврали соли 2015 доир гардад, беш аз 50 дарсади нозирону раисони ҳавзаҳои интихоботиро омӯзгорон ташкил медиҳанд.

Абдуманон Додоев, раиси дастгоҳи КМИРТ, рӯзи 27-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷалби омӯзгорон ба унвони корманди муваққат дар ҳавзаҳо ва марказҳои раъйдиҳӣ, ҳангоми баргузории интихобот ва ҳамчунин интихоби мактабҳо, чун макони баргузории интихобот як амри қонунист. Ба қавли ҷаноби Додоев, “ҳеҷ ҷое беҳтар аз бинои мактаб барои гузаронидани маъракаи интихобот нест ва кормандони ҳеҷ ниҳоде мисли омӯзгорон, дониши хуби сиёсӣ ва кор бо мардумро надоранд.”

Ӯ афзуд, “дар интихоботи порлумонии 2015, бахши умдаи раҳбарони ҳавзаҳо ва марказҳои раъй ва нозирон аз ҷумлаи омӯзгорон таркиб хоҳад ёфт.” Ба гуфтаи ҷаноби Додоев, ҳамчунин он нафақахӯроне, ки тавони нозирӣ карданро доранд, дар ин интихобот ба ҳайси нозир ё раҳбари ҳавзаи интихоботӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҳарчанд Абдуманон Додоев мегӯяд, барои ташкил кардани ҳавзаҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон биноҳо кам нест, аммо бахши асосии интихоботро дар муассисаҳои таълимӣ мегузаронанд: “Ҳоло дар Тоҷикистон муаллимон аз ҳама қишри фаъоли ҷомеа аст. Онҳо дорои маълумоти олӣ мебошанд. Қонунро медонанду риоят мекунанд. Бино бар ин мо ҷонибдорем, ки бигзор омӯзгорон раиси участкаи интихоботӣ ва ё нозир бошанд. Ҳамчунин қарор аст, аз ҳисоби табибон ва раисони маҳаллаҳо, ки миёни мардум обрӯ доранд, дар ҳавзаҳо нозир ё раис таин шаванд.”

Нақши калидии омӯзгорон дар интихоботҳои Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:00 0:00
Линки мустақим

Аммо таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, дар интихоботи қарибулвуқӯи порлумонӣ, Тоҷикистон набояд аз нируи мактабу омӯзгорон ба ҳайси раҳбарони ҳавзаҳо ва марказҳои интихоботӣ ва нозирон истифода кунад. Ба таъкиди онҳо, ин амал боиси сиёсатзада гардидани мактабҳо, ба хусус омӯзгорон мешавад.

Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари масоили сиёсӣ ва яке аз номзадҳои ноком дар интихоботи порлумонии гузашта, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “Тоҷикистон набояд дар маъракаҳои сиёсие чун интихобот омӯзгоронро ҷалб кунад. Омӯзгор барои баргузории як интихоботи шаффоф ва демократӣ ҳақи мушкил эҷод карданро надорад.”

Раҷаби Мирзо мегӯяд, дар бештари ҳавзаҳои овоздиҳӣ, ки таҳти назорати омӯзгорон мебошанд, ҳамеша шоҳиди он мегардем, ки баъди интихобот расонаҳо аз кори онҳо интиқоди сахт мекунанд. Бо ин далел дар расонаҳо пас аз интихоботи гузашта чандин матлабе нашр шуд, ки маҳаки онҳо ин будааст, “тамоми бадбахтиҳои Тоҷикистон аз дасти омӯзгорон аст.” Раҷаби Мирзо мегӯяд: “Тариқи ана ҳамин интихоботи ғайришаффоф як қишри пешсаф ваё зиёии тоҷикро дар назди ҷомеа ба нафарони манфур табдил додааст.”

Азбаски дар Тоҷикистон шумораи бештари раҳбарони мактабҳо ва омӯзгорон, узви ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон мебошанд, соҳибназарон баронанд, ки ин қишри ҷомеа зимни баргузории интихобот аз ваколатҳои худ ба манфиати як ҳизб кор мебаранд.

Саймуддин Дӯстов
Саймуддин Дӯстов

Саймуддин Дӯстов, раҳбари созмони “ИНДЕМ” ва коршиноси тоҷик, ба Озодӣ гуфт, давоми 20 сол дар Тоҷикистон аслан ягон маротиба интихоботи қонунӣ ё шаффоф баргузор нашудааст ва ҳукумати Тоҷикистон баргузории интихоботҳоро ҳамчун як шароите медонад, ки дар он метавонад, нерӯҳои хориҷӣ ва ё бадхоҳон истифода кунад. Бино бар ин, ба таъкид иҷаноби Дӯстов, дар Тоҷикистон интихобот баргузор намекунанд, балки як имитатсияи раванди интихоботӣ баргузор мешавад.

Ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, мутаассифона дар ҳама интихоботҳо нафароне нозир ё раиси ҳавзаҳо таин мегарданд, ки аз буҷаи Тоҷикистон пул мегиранд ва дар тобеияти ҳукумати иҷроия ҳастанд ва инҳо пеш аз ҳама муаллимон ва дигар кормандони буҷавӣ ҳастанд: “Дар ҳоле, ки мо дар Тоҷикистон интихобот баргузор кардан намехоҳем, ба ин спектакли интихоботӣ ҷалб кардани корпуси ҳудуди 80 ҳазор нафараи муаллимони тоҷик бадахлоқии хеле калон аст. Мо муаллимонамро маҷбур мекунем, ки дар ҳамин дурӯғгӯиҳо ва тақаллубкориҳо ширкат варзанд.” Ҷаноби Дӯстов мегӯянд, ӯ зидди ба сиёсат кашондани омӯзгорон аст.

Аз тарафи дигар, ба назари ҳамсӯҳбатони мо, интихоботҳои Тоҷикистон бо тақаллуби фаровонашон фарқ мекунанд ва ин ҳол омӯзгоронро як мӯҳраи асосӣ дар ин раванди тақаллуб намудору муаррифӣ мекунад.

Муҳаммад Давлатёров
Муҳаммад Давлатёров

Омӯзгорон низ инро тасдиқ мекунанд, ки дар интихобот шумораи зиёди нозирон ва раисони ҳавзаҳо аз ҳисоби онҳост. Аммо мегӯянд, бештари онҳое, ки чун нозир ё раиси участкаи интихоботӣ дар ин маъракаи сиёсӣ ширкат мекунанд, узви ягон ҳизб нестанд. Онҳо мегӯянд, ки райъи мардумро одилона ҳисоб мекунанд ва шарики ягон навъ тақаллуб нестанд.

Муҳаммад Давлатёров, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Восеъ мегӯяд, ин воқеият аст, ки интихоботро бештар муаллимон мегузаронанд. Чун онҳо тарзи овоздиҳиро ба мардум меомӯзанд: Ҳар касе чӣ назар дорад ин андешаи вай аст. Аммо ман ҳамчун як шахси мутасаддӣ гуфта метавонам, ки на бинои макатбҳо ва на муаллимон ба ягон ячейкаҳои ҳизбӣ тааллуқ надоранд. Мактабҳои муассисаҳои давлатӣ низ бошанд, аммо онҳо сиёсати озодро пеш мебаранд.”

Дар бархе кишварҳои пасошӯравӣ, бинои мактаб чун ҳавзаи интихоботӣ истифода мешавад, аммо муаллим ҳаққи нозир будан ё раиси участкаи интихоботӣ буданро надорад.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Таҳлилгарон ба унвони мисол мегӯянд, дар рустоҳои Қирғизистон зимни баргузории интихобот бинои мактаб истифода мешавад, аммо муаллимон ба ҳайси нозир ё раиси ҳавзаву участкаҳо таин намешаванд. Муаллимон низ мисли дигар шаҳрвандон танҳо райъ медиҳанд. Ба андешаи ин коршиносони тоҷик, беҳтар мебуд, Тоҷикистон дар интихоботи соли 2015 аз нирӯи муаллимон сарфи назар мекард.

Аммо бо онки пирӯзии номзадҳоро дар интихоботҳои Тоҷикистон асосан омӯзгорон таъмин мекунанд, намояндагони худи онҳо дар порлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ ангуштшуморанд.

XS
SM
MD
LG