Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони "гапдаро" нақши худро зери суол бурдааст


Порлумони Тоҷикистон оё метавонад баъди интихоботи соли оянда нақши мустақилтареро дар низоми сиёсии кишвар ба даст биорад? Ваё дар ҳамон нақши пӯшонандаи ҷомиаи қонуният ба хостҳои ҳукумат боқӣ мемонад?

Порлумон дар низоми сиёсии Тоҷикистон ба як ниҳоди “гапдаро”-е табдил ёфтааст, ки вазифаи аслиашро дар пӯшондани ҷомаи қонуният ба хостҳои ҳукумату доираҳои ҳоким мебинанд. Ва касе гумон надорад, ки интихоботи оянда ин нақши порлумонро иваз кунад.

Бо наздик шудани интихобот нақши порлумон дар Тоҷикистон дубора сари забонҳо омадааст, вале бовар намеравад, ки интихоботи моҳи феврали натиҷаҳояш аз пеш тақрибан маълум тағйири қобили мулоҳизае дар сафороии нирӯҳо дар таркиби он ворид кунад. Вале бо вуҷуди он ки дар пешорӯи интихоботи ҳайати наваш худи зарурати ҳифзи ин шохаи ҳокимияти давлатӣ зери суол рафтааст, мусоҳибони Радиои Озодӣ мавҷудияти порлумонро дар ҳар шаклу ҳар сурате барои Тоҷикистон боз ҳам зарур медонанд.

Қурбон Тӯраев, ки ҳам дар замони Шӯравӣ ва ҳам дар солҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон намояндаи порлумони Тоҷикистон буд, мавҷудияти ба истилоҳ институти порлумонӣ дар Тоҷикистонро амри зарурӣ мешуморад ва мегӯяд, дар як кишвари ҳуқуқбунёд бисёр масъалаҳое ҳаст, ки фақат онро порлумон ҳал карда метавонад ва онро ба низоми қонунӣ медарорад. Аз интихобот то интихобот коршиносони соҳаҳои гуногун вориди порлумон шудаанд ва онҳо таҷрибаҳои кишварҳои дигарро, ки ба Тоҷикистон муносиб аст омӯхтаанд. Вале Тоҷикистон порлумони дорои ду маҷлисро аз кишварҳои дигар нусха гирифтааст ва маҷлиси болоӣ аксар вақт кореро такрор мекунад, ки дар маҷлиси поёнӣ марҳилаҳои заруриро гузаштааст.

Саидумар Ҳусайнӣ - намояндаи порлумон аз ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) низ ба ҳамин нукта ишора мекунад ва мегӯяд, шояд дар давоми 4-5 соли охир маҷлиси болоии порлумони кунунӣ дар маҷмӯъ 2 ё се лоиҳаи қонунро баргардонда бошад ва он ҳам ба сабаби иштибоҳҳои ҷузъӣ. Вале оқои Ҳусайнӣ мегӯяд, порлумони дорои ду маҷлис дар кишвари хурде мисли Тоҷикистон баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ зарурати замонӣ буд ва ҳоло ин зарурат аз миён рафтааст. Ин намояндаи мардумӣ бартарӣ медиҳад, ки дар Тоҷикистон порлумони дорои як маҷлис муассиртар хоҳад буд.

Мусоҳибони Радои Озодӣ бар ин ақидаанд, ки дар муқоиса бо интихоботҳои солҳои аввали истиқлол, ки ҳатто баъзе аз ҷангсолорон низ бо зӯри аслиҳа вориди порлумон шуда буданд, дар интихоботҳои баъдӣ намояндагони касбӣ бештар вориди порлумон шудаанд.

Аммо таҳлилгарон дар бораи тарзи интихоби номзадҳо назари яксон надоранд. Масалан, оқои Ҳусайнӣ мегӯяд, ки дар остонаи ҳар интихоботи порлумонӣ ҳизби ҳоким бо истифода аз намояндагони худ дар мақомоти маҳаллӣ, дар вилоятҳову шаҳрҳо ва ноҳияҳо номзадҳои мавриди назари худро ҷонибдорӣ мекунанд. Ба ақидаи вай, ҳар ҳизб дар ҳар кишваре аз номзади худ ҷонибдорӣ мекунад ва онҳо низ ба ин кор мухолифате надоранд, вале мақомоти маҳалӣ набояд барои номзадҳои дигар маҳдудият пеш оранд ва бояд имкон диҳанд, ки номзадҳо дар раъйдиҳии озод намояндаи порлумон интихоб шаванд.

Ҳизби ҳоким танҳо ба хотири он ба чунин шеваи кор такя мекунад, ки дар порлумон бидуни мушкил ва мамониати аҳзоби мухолиф тарҳҳои пешниҳодии ҳукуматро ба тасвиб расонад. Дар чунин ҳолат гуногунандешӣ аз байн меравад ва порлумон эътибори худро аз даст медиҳад ва онро ҷомеа чун иҷрокунандаи хостҳои як тараф мешиносад.

Дар кишварҳои бузурги дунё, бо вуҷуди он ки ҳизбҳои ҳоким дар порлумон аксариятро ташкил медиҳанд, зери бори ҳукумат намераванд ва ҳар намоянда мастақилият дорад, нуқтаи назари худро ошкор мегӯяд. Чунин кор ба хотири беҳбуд ва такмили қонунҳо анҷом мегирад ва намояндагони порлумон дар сурати зарурат баъзе лоиҳаҳои қонунро барои такмил бармегардонанд. Чунин ҳолат дар порлумони Тоҷикистон хеле кам иттифоқ меафтад. Ба ақидаи оқои Ҳусайнӣ, танҳо тарҳҳое бармегарданд, ки онҳоро ҳизбҳои мухолиф пешниҳод кардаанд ва сабабаш ҳам ин аст, ки дар сурати тасвиб эътибори ҳизби мухолиф боло наравад.

Шодӣ Шабдолов
Шодӣ Шабдолов

Шодӣ Шабдолов - раиси ҳизби коммунист ҷонибдори порлумони дорои як маҷлис мебошад, вале инкор намекунад, ки ҳоло дар Тоҷикистон чун дар “низоми буржуозӣ“ моликияти хусусӣ пайдо шудааст ва сармоягузорӣ ривоҷ меёбад. Ба ин далел вай порлумони дорои ду маҷлисро барои чунин шароит муносиб медонад. Вале мегӯяд, чун низоми идории Тоҷикистон низоми президентӣ аст, порлумони кунунӣ салоҳиятҳояш маҳдуд мебошад. Сардори давлат ва сардори ҳукумат ҳамон як нафар, яъне раиси ҷумҳур аст ва дар баррасиҳои порлумонӣ бештар мавзеъгириҳо ва пешниҳодҳои раёсати ҷумҳурӣ аз ҷониби намояндагони ҳизби ҳоким дар назар гирифта мешавад. Дар чунин ҳолат раиси ҷумҳур салоҳияти мутлақ пайдо мекунад.

Ба суоле дар ин бора, ки оё дар порлумони кунунии Тоҷикистон чун дар баъзе кишварҳо лоббигарӣ ё ҷонибдорӣ аз манфиати гурӯҳе ё тиҷорате мушоҳида мешавад, оқои Шабдолов гуфт, ки дар ин бора гап зада наметавонад, вале дар порлумон одамони муттахассис дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар бахши иқтисоду ҳуқуқ ҳастанд, аммо “ин сохте, ки ҳоло ҳаст ин порлумони воқеӣ нест. Порлумон фақат як фраксия ҳизбӣ дорад ва он ҳам аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ, дигар фраксия нест.”

Норизоятии оқои Шабдолов аз фаъолияти кунунии порлумон он аст, ки ҳизбҳо дар порлумон аз нуфузи баробар ё имконоти баробар бархӯрдор нестанд ва ҳизбҳои дигар низ дар порлумон бояд аъзои бештар дошта бошанд ва барои гуногунандешӣ дар баробари ҳизби ҳоким фраксияҳои дигар ташкил шавад.

Исмоил Орифшоев - намояндаи пешини порлумон аз шаҳри Хоруғ мегӯяд, ҳеҷ ҳизби ҳоким дар ҷаҳон намехоҳад “теша бар решаи худ занад.” Ин маром дар порлумони Тоҷикистон ҳам мушоҳида мешавад. Чун пешниҳодҳо аз ҳукумату давлат меоянд, ҳизби ҳоким саъй мекунад, онро ба тасвиб расонад. Вале вай мушоҳида кардааст, ки “гоҳо намояндагони як ҳизб ҳам дар бисёр меъёрҳо бо якдигар розӣ шуда наметавонанд, бо хулосаи ҳизби худашон ҳам розӣ намешаванд. Онҳо манфиатҳои минтақавии худ, манфиатҳои милливу давлатиро ба ҳисоб мегиранд. Гоҳо баҳсу мунозираҳои сахт мешавад.”

Интихоботи ахири порлумонии Тоҷикистон 28 феврали соли 2010 баргузор шуд ва намояндагони панҷ ҳизби сиёсӣ вориди Маҷлиси намояндагон шуданд. Аз 63 курсии ин маҷлис 55 курсиашро ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба даст оварда, ба 4 ҳизби дигар - наҳзати исломӣ, коммунист, аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ ҳаркадом дуи Тоҷикистон – дар маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон ҳамагӣ дукурсигӣ расид. Бисёре аз таҳлилгарон бар ин ақидаанд, ки ин таносуби нирӯҳо дар порлумонро худи ҳукумат барои ин ҳизбҳо муайян кардааст ва дар интихоботи ояндаи моҳи феврали соли 2015 низ ин меъёр тағйири чандоне нахоҳад дид.

XS
SM
MD
LG