Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дувумин кишвари дунё, ки туризмаш дар ҳоли рушд будааст


Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Тоҷикистонро яке аз кишварҳое донистааст, ки туризм дар он бо суръати хеле баланд рушд мекунад.

Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, як ниҳоди вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид, дар гузориши тозаи худ Парагвай, Тоҷикистон, ва Ниуэ (Зеландияи Нав)-ро се кишваре донистааст, ки сайёҳӣ бо суръати баланд рушд мекунад.

Дар ин гузориш Тоҷикистон баъд аз Парагвай дар ҷои дувум қарор дорад ва муаллифон гуфтаанд, ки дар муқоиса ба соли 2014 ин кишвар 414 ҳазор бештар сайёҳро ҷалб кардааст. ​Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ далели таваҷҷӯҳи сайёҳон ба Тоҷикистон дар кӯҳҳои сарбафалаки Бадахшон ва пайкараи Буддо донистааст.

Афзоиши вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки тирамоҳи соли гузашта дар пайи суқути ҳавопаймоии Русия дар марзи Туркия аз ҷониби ин кишвар, муносибатҳои онҳо ба сардӣ гароид ва ширкатҳои сайёҳӣ аз пазироии дархости сафар ба ин давлат худдорӣ карданд. Дар пайи бӯҳрони молӣ дар Русия ва сард шудани равобит бо Туркия, ки аксаран русҳо ба ин кишвар мерафтанд, сайёҳони рус бештар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯ оварданд.

Ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, ҳоло аз ҳисоби русҳо вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст, зеро барои русҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қиёс ба Туркия наздик ва аз нигоҳи молӣ харҷи камтарро талаб мекунад.

Ризо Назарзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 24-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, арзёбии Созмони ҷаҳонии туристӣ бар пояи мантиқ ва воқеиятҳо сурат гирифтааст: “Мо ҳар рӯзи шанбе дар Боғи ботаникӣ барои рушди сайёҳии дохилӣ ҷорабинӣ мегузаронем. Инчунин, барои ҷалби сайёҳон аз Русия, кумита тасмим дорад, бо ҷалби рӯзноманигорони рус ба Тоҷикистон инфо-тур ташкил карда, мавзеъҳои сайёҳии кишварро муаррифӣ кунад. Ҳамчунин, ширкатҳои сайёҳии русӣ мисли “Делфин” ва “Созидание” омодагӣ барои омӯхтани бозори саёҳии моро доранд. Умедворам, ки дар доираи ҳамкориҳо, бахши сайёҳии мо рушд мекунад ва боз ҳам ба кишвари мо ҷаҳонгардон бештар меоянд.”

Ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, воқеан вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон дар қиёс ба солҳои пеш бештар мушоҳида мешавад. Руслан Ҳамроҳқулов, як масъули ширкати “Ориён Арвентур ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло онҳо аз ҳама бештар аз Русия сайёҳ пазироӣ мекунанд. Ӯ мегӯяд, аммо дар самти вуруди сайёҳони рус бархе мушкилот вуҷуд дорад, ки бояд он ҳал шавад. Ба гуфтаи ӯ, сайёҳони рус ба мӯҳлатҳои кутоҳ ба Тоҷикистон ворид мешаванд, бинобар ин аксари онҳо се рӯзи худро сарфи бақайдгирӣ намуда, сафарашон барҳадар мегузарад. Ӯ мегӯяд, ин муқаррарот ба сайёҳоне, ки тариқи раводид вориди Тоҷикистон мешавад дахл надорад.

-Ҳоло таваҷҷӯҳи саёҳон ба кишвари мо зиёд шудааст. Қирғизҳо ва қазоқҳо дар кишвари мо то як ё ним моҳ бидуни дар қайд гузоштан, ҳаққи гаштугузор доранд. Шаҳрвандони мо ҳам то 15 рӯз дар Русия чунин ҳақро доранд. Агар мақомоти мо ҳам мӯҳлати ба қайдгирии сайёҳони русро бештар кунанд, боз ҳам шумораи онҳо ба кишвари мо афзоиш хоҳад ёфт,-гуфт,ӯ.

Ин масъули ширкати “Ориён Арвентур” мегӯяд, давоми ду моҳи ахир наздики сад дархост аз шаҳрвандони рус барои сайёҳат ба Тоҷикистон гирифтаанд, ки дар қиёс ба соли гузашта бесобиқа ҳаст. Аслан, тибқи қарори ҳукумат, шаҳрвандони кишваре, ки бидуни раводид ба Тоҷикистон сафар мекунанд, бояд давоми се рӯз худро дар идораҳои пулис ба қайд гузоранд ва ҳамчунин барои сафар ба Бадахшон, ки минтақаи наздимарзӣ ҳисоб мешавад, иҷозати махсус бигиранд.

Аммо Нарзулло Тоҳирбеков, коршиноси соҳаи туризм, ки ҳоло дар Бритониё қарор дорад, дар як сӯҳбати катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дуруст аст, ки таваҷҷӯҳ ба Тоҷикистон бештар мешавад, аммо дар сурати рафъ нашудани чанд омили “сайёҳгурезӣ”, эҳтимол ин раванд дер давом накунад. Ин коршинос мегӯяд, нархи баланди чиптаи парвозҳо ба Тоҷикистон, роҳҳои хароб то мавзеҳои сайёҳӣ ва шароити нохуби зистан аз омилҳоеанд, ки монеи ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мешаванд.

-Агар ҳар сайёҳ ҳам ба Тоҷикистон ворид шавад, тариқи Қирғизистон мешаванд. Фикр мекунам, дар ин робита бештар Қирғизистон бурд мекунад, чун чиптаҳои арзон ва шароитҳои беҳтар аз мо барои сайёҳӣ дорад. Масъалаи дигар, ин мавҷуд будани маҳдудият дар сафари сайёҳон ба минтақаҳои алоҳида, аз ҷумла ба ВМБК ва кӯли Сарез аст.

Дар баробари ин, мисоли дигар ин арзиши раводид барои сайёҳон дар сафоратхонаҳои мо дар хориҷ аст. Масалан, дар сафорати Тоҷикистон дар Бритониё барои иҷозатномаи сафар ба Тоҷикистон маблағи 20 повнд муқаррар шудааст, аммо маблағи чунин иҷозатнома ба Бадахшон 50 повндро ташкил медиҳад. Аксаран, сайёҳон ба Бадахшон сафар мекунанд, ки роҳи нохуби 12-14 соатаи нақлиётӣ дорад ва ба он ҷо ҳам ҳавопаймоҳои хавфноки сохти Шӯравӣ парвоз мекунанд,-гуфт, ӯ.

Соли гузашта ба Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор сайёҳ ворид шудааст, ки масъулони Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ онро дар қиёс ба соли гузашта ду баробар медонанд. Сайёҳонро ба Тоҷикистон бештар дуввумин кӯҳи баланд дар дунё, воқеъ дар Бадахшон, таъриху фарҳанги хоси ин мардум ва мавзеҳои таърихиву табиати зебои Зарафшон ба худ ҷалб мекунад. Шикори гӯсфанди Марко Поло, паррандаву ҳайвоноти нодир ва моҳидорӣ дар кулҳое мисли Искандаркул ва Сарез аз дигар омилҳои ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG