Ҷиу-ҷитсу як навъи муҳорибаи омехта аст, ки ҳам ҷузъҳои гуштиро дорад ва ҳам ҷуӯъҳои муштзаниву кикбоксингро. Ин навъи варзиш аз Ҷопон бархоста, батадриҷ дар саросари дунё густариш ёфтааст. Федератсияи Ҷиу-ҷитсу дар Тоҷикистон соли 2011 таъсис ёфт ва ҳоло шумори аъзояш ба 2500 нафар наздик шудааст. Хабарнигори Озодӣ дар Душанбе ба толоре рафт, ки дар он дастикам 16 духтар машқи Ҷиу-ҷитсу мекунанд.