Пайвандони Марям, навраси тоҷик, ки ним сол қабл дар Ироқ пайдо шуд, роҳҳои баргардондани ӯро ба ватан ҷустуҷӯ доранд. Ба Радиои Озодӣ маълум шуд, ки Марями 10-сола яке аз панҷ фарзанди Ҷамолиддин Шоеви 37-сола, сокини шаҳри Ҳисор аст.
Аз Идораи амният омада, гуфтанд, ки ба ғайр аз як набераам дигар ҳамаашон кушта шудаанд
Ҷамолиддин Шоев ҳамроҳи ҳамсараш Садбарг Шомирзоева, сокини 34-солаи Душанбе ва чаҳор тифлаш соли 2016 бо қасди Миср Тоҷикистонро тарк кардааст. Пайвандонаш мегӯянд, баъдан хабар ёфтанд, ки тифли панҷуми онҳо низ таваллуд шудааст.
Навори Марями 10-сола бори аввал моҳи августи соли гузашта тавассути шабакаи телевизионии “Russia Today” аз як паноҳгоҳе дар Ироқ пахш шуд. Дар он навор Марям бо забони русӣ мегуфт, ки аз Тоҷикистон аст ва аз пайвандонаш хоҳиш дошт, ӯро ба ватан баргардонанд. Нимаи моҳи феврали имсол навори дигаре аз ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, ки бо забони тоҷикӣ аз тағояш бо номи Саид хоҳиш дошт, бо ӯ тамос бигирад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Ин навраси тоҷик пас аз озодсозии шаҳри Мавсили Ироқ дар тобистони соли гузашта аз дасти гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайдо шуда, дар Бағдод дар паноҳгоҳе ҳамроҳ дигар кӯдакони дигар аъзои ин гурӯҳ нигаҳдорӣ мегардад. Худаш дар наворҳо гуфтааст, бар асари бомбаафканӣ падару модар ва хоҳару бародаронашро аз даст дод.
- Мақомот дар сӯҳбатҳои қаблӣ гуфта буданд, ки ҳанӯз шахсияти ин кӯдакро шиносоӣ накардаанд.
"Бори охир моҳи август гап задем"
Муҳаммадраҳим Шоев, падари Ҷамолиддин Шоев ва бобои Марям, рӯзи 20-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш соли 2004 расман барои таҳсил ба Миср рафта буд. Ӯ ба мо мактуберо нишон дод, ки мақомоти Тоҷикистон ба Ҷамолиддин иҷозаи таҳсил дар донишгоҳи Ал-Аҳзари Мисрро додаанд.
Шоев гуфт, соли 2015 писараш ҳамроҳи фарзандони худ ба ватан баргашт ва пас аз шаш моҳ гуфт, дубора ба Миср меравад. То моҳи августи соли 2017 Ҷамолиддин бо падараш тамос доштааст.
“Мегуфт, ки дар Миср ҳастам. Бори охир моҳи август занг зад ва бо ҳамин дигар тамос нагирифт. Пас аз чанд моҳ аз Идораи амният омада, гуфтанд, ки дар Ироқ бомба афтодааст ва ба ғайр аз як набераам дигар ҳамаашон кушта шудаанд”, - нақл кард ӯ.
Ҷамолиддин дар рӯйхати афроди таҷти ҷустуҷӯ набуд
Моҳи августи соли гузашта Мавсил, яке аз шаҳрҳои бузурги Ироқ аз дасти ДИИШ озод шуд ва садҳо нафарро мақомоти ин кишвар боздошт карданд, ки гуфта мешавад, аксаран ҳамсару кӯдакони ҷангҷӯёни ин
гурӯҳи тундрав ҳастанд. Ҳанӯз маълум нест, Ҷамолиддин Шоев, ки бо қасди Миср Тоҷикистонро тарк карда буд, чӣ гуна дар Ироқ пайдо шудааст.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, хабарҳое рӯи даст буд, ки Ҷамолиддин ҳамроҳ бо ҳамсару кӯдаконаш ба Ироқ рафтааст, вале ин хабар то пайдо шудани Марям тасдиқ нашуда буд. Дар рӯйхати афроди таҳти пайгард ва ҷангҷӯёни тоҷик, ки аз тарафи мақомоти Тоҷикистон таҳия шудааст, исми Ҷамолиддин нест.
Марям аз аввалин кӯдаки тоҷик аст, ки пас аз озодсозии Ироқ пайдо шуд ва навораш расонаӣ гашт. Пас аз ӯ, телевизиони “Russia Today” чеҳраи чаҳор навраси дигарро нишон дод, ки яке аз онҳо бо номи Оиша мегуфт, шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Қазияи фарзандони Илҳомиддин
Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми январи имсол ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Оишаи 16-сола, Абдуллои 9-сола, Фотимаи 7-сола ва Муҳҳамади сесола фарзандони Илҳомиддин Аслонов, сокини шаҳри Душанбе ҳастанд, ки се соли пеш аз Маскав ба Ироқ рафтаанд. Илҳомиддин бо иттиҳоми узвият ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” таҳти пайгард қарор дорад.
- Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки барои баргардондани ин наврасон ба ватан талош доранд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, беш аз ҳазор шаҳрванди кишвар дар Сурия ва Ироқ ба сафи гурӯҳҳои тундрав пайвастаанд, ки дар миёнашон беш аз 200 наврас низ ҳастанд. Сарнавишти зану кӯдакони тоҷик дар Сурия ва Ироқ маълум нест. Созмонҳои мадарасон мегӯянд, дар миёни 1,5 ҳазор зану кӯдакони ҷангҷӯёни ДИИШ, ки пас аз озодсозии минтақаҳои таҳти назорати онҳо ба дасти нерӯҳои ҳукумати Ироқ афтодаанд, тоҷикон низ ҳастанд. Аз ин миён ҳоло танҳо шахсияти панҷ тифли тоҷик дар Ироқ маълум шудааст, ки интизори бозгашт ба Тоҷикистон ҳастанд.
Яке аз онҳо Марям аст. Бобои ӯ аз 7 пайванде, ки соли гузашта ба Миср гусел кард, ба умеди дидори Марям, ягона нишона аз он оилаи бузург, соатҳои худро паси сар мекунад.