Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба истирдоди Парвиз Турсунов, футболбози собиқи тими “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат, ки ба экстримизм муттаҳам буда, ахиран дар Беларус боздошт шудааст, омодагӣ мегиранд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, барои истирдоди ӯ ба Минск санадҳои қотеъ пешниҳод мекунад.
Мақомот ҷузъиёти парвандаи Турсуновро боз накарданд ва маълум нест, ки ӯ чӣ гуна ва киро ба тундгароӣ даъват кардааст.
Турсунов ҳафт сол пеш барои риши дарозаш аз ҳайати тими “Хайр”-и Ваҳдат берун андохта шуд ва тавре хонаводааш мегӯянд, ҳафт соли охир дар Дубай ва Туркия зиндагӣ мекард. Ин хонаводаи иборат аз зану шавҳар ва чаҳор кӯдак озими Аврупо буданд.
Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 22-юми феврали 2018 алайҳи Парвиз Турсунов бар асоси моддаи 307, замимаи 1-и қонуни ҷиномии Тоҷикистон – “Даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ” – парванда боз кард. Ин парванда дар ҳоле боз шуд, ки Турсунов бо ҳамсар ва чаҳор кӯдакаш дар Туркия ба сар мебурд.
Худашро ба утоқи дигар бурданд, занашро ба Украина фиристоданд
Мақомот ҷузъиёти парвандаи Турсуновро боз накарданд ва маълум нест, ки ӯ чӣ гуна ва киро ба тундгароӣ даъват кардааст.
Дар бораи боздошти Парвиз Турсунов рӯзи 23-юми сентябр ҳамсараш Сайёра Субҳонова аз шаҳри Киев ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ӯ гуфт, шавҳарашро рӯзи 18-уми сентябр ҳангоми кӯшиш барои муҳоҷират дар фурудгоҳи Минск дастгир карданд.
Ҳамсари Парвиз Турсунов афзуд, дар фурудгоҳ пас аз тафтиши санадҳои онҳо шавҳарашро ба утоқи дигар бурданд ва дигар наоварданд. Худи Сайёра ва чаҳор фарзандашро дар фурудгоҳ се рӯз нигоҳ дошта, сипас, ба Украина фиристодаанд.
Таҳпӯши сиёҳ аз зери шортии футболбозӣ
Исми Парвиз Турсунови 43-сола, ки яке аз футболбозони асосии тими “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат буд, ҳафт сол пеш ба далели риши дарозаш расонаӣ шуд. Он замон ӯ ба бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон роҳ наёфт ва барои риш тарк кардани футбол, Парвиз дар сархати ахбори расонаҳои ҷаҳон қарор гирифт. Ин футболбози ришдарози тоҷик, ки бо шеваи пӯшиши либоси варзишӣ ҳам аз дигарон фарқ мекард ва ҳамеша аз зери шортиҳои футболбозӣ таҳпӯши сиёҳ дошт, гуфта буд, баъд аз хондани Қуръон қарор кард, ки тамоми қонунҳои исломро риоя кунад.
Ба гуфтаи як дӯсташ, Парвиз Турсунов чанд сол боз “аз дасти кормандон, (мақомоти интизомӣ) гурехта буд ва дар хориҷ зиндагӣ мекард”.
Ё риш ё футбол
Сайёра Субҳонова, ҳамсари Парвиз Турсунов ҳам гуфт, мушкили шавҳараш бо мақомот баъди сарусадо дар бораи ришаш шуруъ шуд. “Вақте ки футболбозӣ мекард, мушкилаш сар шуд. Аввал намонданд, ки футбол бозӣ кунад, баъд гуфтанд, ки интихоб кунад, ё риш ва ё футбол. Он кас бозиро бас карданд. Баъд 6 сол баромаданду Дубай омаданд”, - гуфт Сайёра Субҳонова. Ба қавли ӯ, баъдан мақомот ӯро ба салафигарӣ муттаҳам карданд.
Дар Хадамоти марзбонии Беларус ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бар асоси муқаррарот боздошти шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави кишварро шарҳ намедиҳанд ва фақат консулгарии кишвари марбутаро аз сарнавишти ӯ дар ҷараён мегузоранд.
Тасмими ниҳоӣ чӣ хоҳад буд?
Аммо наздикони Парвиз Турсунов мегӯянд, феълан аъмоли ӯ аз тарафи мақомоти интизомии Минск баррасӣ шуда ва ҳанӯз маълум нест, ки тасмими ниҳоӣ чӣ хоҳад шуд.
Қонунҳои Тоҷикистон барои "даъват ба ифротгароӣ" аз ҷаримаҳои ҳангуфт то ба панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Давоми як соли ахир садҳо нафар сокинони Тоҷикистон бо ҷурми ифротгароӣ боздошт шудаанд, ки аксари онҳо пайравони равияи "Салафия" ҳастанд.