Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯйсари "ғайриисломӣ"-и футболбозро тарошиданд


Дар Арабистони Саудӣ қабл аз шурӯи бозӣ мӯйсари, ба ақидаи мақомот, “ғайриисломӣ”-и дарвозабони бошгоҳи футболи “Ал-Шабоб”-ро маҷбуран тарошидаанд.

Мақомоти варзиши Арабистони Саудӣ, бино ба хабарҳо, назорати мӯйсари варзишкоронро шадидтар мекунанд. Дар шабакаи интернетии Ютуб дар поёни ҳафтаи гузашта навори видеоие нашр шуд, ки дар он довар қабл аз шурӯи бозӣ мӯйсари дарвозабони бошгоҳи “Ал-Шабоб” Валид Абдуллоҳро метарошад. Мақомот мӯйсари ин дарвозабонро, ки як “тоҷ” ё кокулчаи хеле хурд дошт, намоишкорона ва мухолифи меъёрҳои исломӣ донистаанд.

Аз вокуниши Валид Абдуллоҳ дар ин навор бармеояд, ки қарори тарошидани мӯйсарашро ӯро дар шигифт андохтааст.

Гуфта мешавад, мӯйсари ин дарвозабонро бар асоси қоидаҳои ҷорикардаи Федеросиюни футболи Арабистони Саудӣ кӯтоҳ кардаанд. Довар танҳо баъди тарошидани “тоҷ” ё кокулча аз мӯйсари Валид Абдуллоҳ ба ин бозигар иҷозат додааст, ки вориди майдон шавад.

Арабистони Саудӣ бо бархӯрди шадидаш дар масъалаи риояи меъёрҳои исломӣ маъруф аст. Рӯзи сешанбеи 5 апрел раҳбари созмони ҷавонони ин кишвар аз федеросиюнҳои варзишӣ ва кумитаи олимпии Саудӣ даъват кард, то ба варзишгарон гузоштани мӯйсарҳои ғайримуқаррариро манъ кунанд. Шореҳи варзиши нашрияи “Ал-Ҷазира” рӯзи ҷумъа навишт, федеросиюни футболи Саудӣ бояд он футболбозонеро, ки мӯйсарҳои худро ба таври ғайриоддӣ ороиш медиҳанд, муҷозот кунад. Ба ақидаи ин шореҳ, мӯйсарҳои ғайриоддии бозигарон боис мешавад, ки мухлисони хурдсоли онҳо ба пайравӣ аз варзишгарони дӯстдоштаашон низ чунин мӯйсарҳои “ғайриисломӣ” бигузоранд.

Қазияи дарвозабони «Ал-Шабоб» танҳо моҷарои марбут ба мӯйсару риши варзишгарон нест, ки расонаӣ мешавад.

Дар соли 2011 моҷарои Парвиз Турсунов, бозгари дастаи футболи “Хайр”-и Ваҳдати Тоҷикистон дар матбуоти байналмилалӣ сарусадои зиёд ба по карда буд. Парвиз Турсунов бо риши дароз футбол бозӣ мекард, вале дар моҳи апрели соли 2011 ӯро расман ба далели “риоя накардани оинномаи бошгоҳ” аз “Хайр” берун карданд. Аммо аксари расонаҳо навиштанд, ки дар асл сабаби муҷозоти Турсунов, ки аз беҳтарин бозигари хатти ҳимояи тимаш буд, риши ӯст, ки алорағми ҳушдори масъулон аз тарошиданаш саркашӣ кардааст.

Парвиз Турсунов
Парвиз Турсунов

Аммо Федеросиюни футболи Тоҷикистон дар шарҳи ин гузоришҳо гуфт, касе Парвизро барои ришаш муҷозот накардааст, чунки қаблан ӯ бо вуҷуди риш доштанаш бемамониат бозӣ мекард.

Дар соли 2014 президенти дастаи футболи Туркия - “Генчлербирлиги” Илхан Ҷавҷав қарор баровард, ки ҳар бозигари ин даста, бо риш ба майдон мебарояд, ба маблағи 8 ҳазору 900 евро ҷарима хоҳад шуд. Илхан Ҷавҷав гуфт, ки "ман 80-солаам ва ҳаррӯз ришамро метарошам. Аммо клуб ба мактаби имом-хатибҳо табдил шудааст. Шумо варзишгаред ва бояд намуна барои ҷавонон бошед!”

Илхан Ҷавҷав кӯшишҳое кард, ки раиси Федератсияи футболи Туркияро барои манъи бо риш ба майдон баромадани бозингарон моил созад, аммо посух гирифт, ки УЕФА – Анҷумани футболи Аврупо риш мондани футболбозонро манъ намекунад.

XS
SM
MD
LG