Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, Ричард Ҳоугланд имрӯз дар робита бо мушкилоти ахири журналистон дар Тоҷикистон ва мушаххасан дар мавриди Ҷумъа Толибов ва Ваҳҳоб Одинаев гуфт, «Замоне, ки афрод боздошт ё муҷозот мешаванд, ин кор бояд барои нақзи қавонин сурат бигирад, на ба далоили сиёсӣ. Ва агар тасмиме дар бораи онҳо гирифта мешавад, бояд дар додгоҳҳо ва тайи муҳокимаҳои мунсифона ва шаффоф анҷом шавад.»
Сафири Амрико дар Тоҷикистон дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, дар як ҷомеаи замонавӣ ва демократӣ ин қобили пазириш нест, ки аз қонун ба мақсадҳои сиёсӣ истифода шавад. Ричард Ҳоугланд дар мавриди мушкилоте, ки ахиран барои расонаҳои гурӯҳии хусусӣ аз ҷумла, ТВ "Сомониён" пеш омада гуфт, хуб мешуд, агар давлати Тоҷикистон қавонини марбут ба сабти ном ва муҷаввиздиҳӣ ба расонаҳои хусусиро ҳарчӣ зудтар такмил мекард. Вай афзуд, ки ТВ "Сомониён" ба далели мушкилоте дар сабти ном баста шуд ва бисёре аз радиову телевизионҳои хусусии дигар низ, ки мехоҳанд оғоз ба кор бикунанд, дақиқан намедонанд, ки бояд бо чӣ шароите сабти ном кунанд.
Сафири Амрико дар Тоҷикистон ҳамчунин дар посух ба суоле дар мавриди шикояти вакили Маҳмадрӯзӣ Искандаров доир ба надоштани имкони мулоқот бо ӯ гуфт, қавонини Тоҷикистон рӯшан мекунанд, ки шахсе, ки дар боздошт қарор дорад, ҳаққи доштани як вакилро дорад ва ҳамчунин ҳақ дорад, бо хонаводаи худ мулоқот кунад. Ҷаноби Ҳоугланд гуфт, «Қонун бояд риоя шавад.»