Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лоиқ Раҷабов дар бораи шикаст, дуои сафир ва барномаҳои ояндааш. САДО


Лоиқ Раҷабов
Лоиқ Раҷабов

Лоиқ Раҷабов, размкори 29-солаи тоҷик, ки дар сабқат барои як миллион доллар дар Амрико ноком шуд мегӯяд, шикасти ӯ сабаб дорад ва барои онки натавонист интизории мухлисонро бароварда кунад, узр мепурсад.

Суҳбати Радиои Озодӣ чанд соат пас аз муҳорибаи ӯ сурат гирифт ва хабарнигори Радиои Озодӣ нахуст аз ӯ пурсид, ки бохташро дар чӣ мебинад?

Лоиқ Раҷабов: "Камбуди асосии ман ин саломатӣ буд. Барои онки ман 20 рӯз пеш аз муҳориба аз поям ҷароҳат бардоштам. Ҳар рӯз бо ин бародароне, ки тамрин мекунем, табобат кардем. Касе маслиҳат дод, ки дар оби намакдор гузор ё ягон малҳам молидан гир хуб мешавад. Ҳаминхел кардем, аммо поям сиҳат нашуд. Дар ин байн аз куҷое рақиби ман хабардор шудааст, ки пойи чапи ман заъф аст. Барои ҳамин камбуди асосии ман ин захми поям буд. Пеш аз муҳориба баромадан аз як бародар хоҳиш кардам, ки ҷойи захмро пахш кунад, бинам чӣ қадар дард мекунад. Ӯ бо дасташ ҷойи захмро пахш кард ва ман гуфтам, ки Худоё дар инҷо назанад.

Радиои Озодӣ: Аммо бархилофи интизории Шумо рақибатон чанд маротиба ба поятон зарба зад.

Лоиқ Раҷабов: "Чанд маротиба. Агар гӯем, ки тасодуфан задааст, ки ингуна ҳам нест. Ба хотире, ки аз замони шурӯи мусобиқа фақат дар пойи ман зад. Ӯ дар сараш мушт хурд мехурд, лекин пойи маро сар намедод.. Нақшаи кашидаи ҳариф аз аввал ҳаминхел буд. Ҳатто аз кунҷи майдон ҳарфзании мураббиёни ӯро мешунидам, ки фақат мегуфтанд, “ба пояш зан”.

Радиои Озодӣ: Баъзе мутахассисон баъди тамошои бозии Шумо гуфтанд, ки Лоиқ дар давраҳои аввал ва дуввум қувваи худро зиёд сарф кард. Шумо ба ин гуфтаи мутахассисон чӣ посух доданӣ ҳастед?

Лоиқ Раҷабов: "Ростӣ ман қуввае доштам, ки 5 давр ё раунди дигар ҷанг кунам. Ин барои ман мушкил набуд. Фақат замоне, ки дарди пой фишор овардан гирифт, рақибам ҳам ҳис кард, ки пойи ман дард мекунад. Ман аз тарси поям ҷангро гум кардам. Барои онки тарсидам, ки ҳамин замон ё замони дигар боз ба поям мезанад. Агар ба муҳориба эътибор дода бошед ман чап ҷанг кардам, чун захми поям вазнинтар шуд. Одаме, ки бо як тараф ҷанг мекунад, ба тарафи дигар ҷанг кардан хеле мушкил аст. Ман дар ин мусобиқа мисли сабқатҳои пеш муқаррарӣ бозӣ карда натавонистам. Чун дарди пой ба ман имкон намедод, ки ба таври зарурӣ бозӣ кунам. Аз ҳамин ҳисоб шояд мондашавии ман зиёдтар шуд."

Радиои Озодӣ: Як камбуди дигарро мутахасисон дар он гуфтанд, ки Шумо камтар худатонро аз зарбаҳои рақиб ҳимоя кардед.

Лоиқ Раҷабов: "Ман фақат ба ду зарбаи сахти рақиб роҳ додам, ки яке аз даст ва дигари аз зону буд. Ягона зарбае, ки маро нороҳат кард, ин фақат зарбазанӣ бар пой буд, бахусус аз зону поён. Дигар намедонам, муштҳои ман бисёртар аз рақиб ба ҳадаф расиданд."

Радиои Озодӣ: Ба баҳогузории доварон оё розӣ ҳастед, ки ғалабаро ба рақиби шумо доданд. Чун аз рӯи ҳисоби мухлисон Шумо даврҳои аввал, дуввум ва панҷумро бурдед.

Лоиқ Раҷабов: "Ман намедонам, доварони ҳар аёлат ҳар хел баҳо мегузоранд. Аз ҳисобе, ки поям захмдор шуд, ман контроли худамро гум кардам ва “Тек-даун” иштибоҳ кардам. Дар ҳолате, ки ман се “Тек-даун” кардам ва рақибам ҳам се “Тек-даун” кард. Барои чӣ ман дар замин зиёдтар хоб кардам? Аз ҳисобе, ки поям хеле хароб шуд ва худам поямро дар замин истироҳат додам, то дертар хезам, то он вақт дард таскин ёбад. Бо ин вуҷуд аз муҳорибаи ман мардумро хуш омад. Мутаассифона бохтам, албатта ин иштибоҳ намебуд ва ҳарифам ҷойи сустии маро пайдо намекард ман дар онҷо як муҳорибаи олиҷаноб нишон медодам."

Радиои Озодӣ: Варзиш аз бурду бохт холӣ нест. Шумо ҳоло аз 16 бозӣ дар 13- тоаш ғалаба кардед. Нақшаҳои минбаъдаатон чӣ аст?

Лоиқ Раҷабов: "Албатта мебинем. Бисёр бародарон назди ман омада гуфтанд, ки озодона метавонам ба созмони UFC шартнома имзо кунам. Чун ин гуна ҷангро ҳама меписанданд. Фикр мекунам созмони PFL ба осонӣ маро раҳо намекунад. Менеҷери ман омада гуфт, ки Дана Вайт, президенти UFC ба ман таваҷҷуҳ карда, аз президенти PFL дар бораи ман пурсидааст. Ҳамаи ин ба варзишгар ангеза медиҳад, ки мо ба бохтҳо нигоҳ накунем."

Радиои Озодӣ: Оё нақшаи бастани шартнома бо созмони маъруфи UFC-ро доред?

Лоиқ Раҷабов: "Ростӣ агар ман фақат фикри худамро кунам, бароям созмони PFL хубтар аст. Чун дар инҷо пули хеле хуб медиҳанд. Ин пулро дар UFC ман шояд дар чандинсолаҳо ба даст наорам. Агар ман сарпарасти хубе пайдо кунам, то маро хуб дастгирӣ кунад ва шонсе пайдо шавад, ки UFC ба ман шартномаи хуб пешниҳод кунад, албатта дар ин ҳолат мехоҳам рафта дар онҷо бозӣ кунам. Чун UFC дар ҷаҳон лигаи рақами як аст."

Радиои Озодӣ: Шумо дар бораи сарпараст суҳбат кардед. Сарпарасти Шумо феълан кӣ аст ва машқу тамринро дар куҷо мегузаронед?

Лоиқ Раҷабов: "Ман қариб чор сол дар Олмон тамрин кардам, ду маротиба аст, ки ба Тайиланд рафта машқ мекунам. Сарпарасти ман ҳоло роҳбари клуби "Акбар"- Акбарҷон Қурбонов аст, ки моро дастгирӣ мекунад. Тамринҳои моро Акбарҷон Қурбонов сарпарастӣ мекунанд. Албатта бо як сарпараст барои варзишгар мушкил аст. Сарпараст ё ширкате, ки ман онро таблиғ кунам надорам. Агар ширкатҳое бошанд, ки дастгирӣ кунанд, дар он сурат ман метавонам, дар дигар кишварҳо тамрин кунам. Чун вақте дар кишвари хориҷӣ тамрин мекунӣ, ту дар хонаи худ зиндагӣ намекунӣ. Ё бояд меҳмонхона гирӣ ё хонаи иҷора. Як варзишгар хеле харҷи зиёд дорад. Барои як давраи тамрини хуб 10 ҳазор доллар сарф мешавад, хусусан агар машқҳо дар Амрико сурат гиранд. Дар инҷо боз маблағ барои хӯрок зарур аст. Чун ту вақте варзишгар ҳастӣ бояд бисёртар хӯрокҳои серғизо ё дар як вақт парҳезӣ истеъмол кунӣ. Ман диетолог ё табибе надорам, ки ки хӯроки маро назорат кунад."

Радиои Озодӣ: Мухлисон кай метавонанд боз Шуморо рӯи майдон бубинанд?

Лоиқ Раҷабов: "Моҳи майи соли 2020 мусобиқаҳои PFL шуруъ мешавад. То ин муддат мо вақт дорем бо менеҷмент суҳбат кунем. Бинем чӣ пешниҳодҳои дигар аст. Мехоҳем аз созмони PFL талаб кунем, ки қиммати бозиҳои моро болотар баранд. Ба хотире, ки мо нишон додем, ки варзишгари оддӣ нестем ва метавонем, хуб рақобат кунем. Бояд маслиҳат карда бо назардошти пешниҳодҳо кор кардан лозим аст."

Радиои Озодӣ: Оё бозии Шуморо дар ватан модаратон мунтазирӣ мекашиданд ё тамошо намекунанд?

Лоиқ Раҷабов: "Албатта тамошо мекунанд. Ба ман занг заданд. Ҳатто Маҳмадамин Маҳмадаминов, намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид ба ҷойе, ки ман пеш аз мусобиқа гарм шуда истода будам, омада дуо доданд. Бисёриҳо аз ватан занг зада ба ман муваффақият хостанд. Хеле зиёд мехостам ғолиб шавам, аммо мутаассифона нашуд."

Радиои Озодӣ: Сабқати Шумо дар Тоҷикистон ва бахусус миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаводории зиёде пайдо кард. Бисёриҳо субҳи барвақти 1-уми январ бедор буданд то муҳорибаи Лоиқ Раҷабовро тамошо кунанд. Паёми шумо ба ҳаводоронатон чист?

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:53 0:00
Линки мустақим


Лоиқ Раҷабов: "Ман инро ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ эҳсос кардам. Мехондам ва мешунидам, ки чӣ қадар мардум мунтазири муҳориба ҳастанд. Ҳамаи ин барои як варзишгар руҳбаландии зиёд медиҳад. Мунтазир набудам, ки мардум то ин дараҷа ҳаводорӣ мекунад. Лекин мутаассифона ин муҳорибаро ман бохтам ва натавонистам, ки мардумро бо ғалаба хурсанд кунам. Мехоҳам аз ҳамаи онҳо бахшиш пурсам, ки интизории онҳоро қонеъ карда натавонистам. Бо хости Худо дар оянда талош мекунам."

Ҳолномаи Лоиқ Раҷабов:

Лоиқ Раҷабов 17-уми сентябри соли 1990 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Соли 1997 ба мактаби деҳаи Булёни Болои Данғара ба синфи аввал рафта, синфи 11-ро дар мактаби рақами 77-и Душанбе ба итмом расондааст. Хамткардаи Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон дар риштаи муҳандиси роҳи оҳан мебошад.

Лоиқ Раҷабов соли 2015 ба Олмон кӯч баст ва дар толори варзишии як зодаи Тоҷикистон бо номи Олег Шодиев тамрини касбии муҳорибаҳои омехтаро шурӯъ намуд. Ӯ дар Олмон соҳиби чаҳор камарбанд дар риштаи варзиши омехта шуд. Соли 2019 ба Лигаи касбии ҷангҳои бидуни қоида (Professional fight league-PFL) дохил шуд ва то давраи финалии ин мусобиқа роҳ ёфт. Оиладор ва соҳиби се фарзанд мебошад.

XS
SM
MD
LG