Ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо исроли нома аз соҳибкорони алоҳида ва ширкатҳои хусусӣ хостааст, барои “кӯдакони ниёзманд ва ятиму бепарастор” тӯҳфаҳои солинавӣ харида, ба мақомот супоранд.
Чунин номаи мақомоти ноҳияи Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва аз як соҳибкор ҳам ба дасти Радиои Озодӣ расид. Дар ин нома аз соҳибкор дархост шудааст, ки 200 ҳадяи солинавӣ харида, то 25-уми декабр ба дасти мақомоти масъули тақсими ҳадяҳо супорад.
Мақомот мегӯянд, кумак ба ятимону бепарасторон ва афроди муҳтоҷ дастуру супориши ҳукумати Тоҷикистон аст. Як намояндаи шӯъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ варзид, рӯзи 27-уми декабр ба Радиои Озодӣ, гуфт, ҳадяҳоро ҷамъ оварда ва аллакай ба ниёзмандон тақсим кардаанд.
Ӯ афзуд: “Мо ҳоло нусхаҳои протоколҳои туҳфаҳои супоридашударо аз ҳама шӯъбаҳо ҷамъоварӣ дорем. Ҳамаи маълумот, ки ҷамъбаст шуд, ба шумо иттилоъ медиҳем. Ниёзмандон ба шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ муроҷиат мекунанд ва бар асоси рӯйхати шуъба туҳфаҳо тақсим шуд.”
Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ, туҳфаҳои солинавиро соҳибкорон оварданд ва мақомот онро ба ниёзмандон тақсим карданд. Ба ин суол ки чаро ҳадя барои муҳтоҷонро на аз ҳисоби буҷаи ноҳия, балки аз ҳисоби соҳибкорон тақсим мекунанд, мусоҳиби Радиои Озодӣ дар ҳукумати Исмоили Сомонӣ посух надод.
Баъзе аз соҳибкороне, ки Радиои Озодӣ бо онҳо суҳбат кард, гуфтанд, ки ҷамъоварии ҳадя барои муҳтоҷон танҳо хоси ҷашни соли нави милодӣ нест. Онҳо мегӯянд, мақомот дар остонаи дигар ҷашну идҳо, аз ҷумла рӯзи 8-уми март Иди модарон, ҷашни Наврӯз, Рӯзи истиқлолият ва Рамазону Қурбон ба онҳо чунин дархост мефиристанд ва онҳо маҷбуранд, амрро иҷро кунанд. Дар акси ҳол, ба гуфтаи соҳибкорон мумкин аст, мақомот дар оянда дар пешбурди корашон монеа эҷод кунанд.
Насриддин Султонов, соҳибкоре аз Душанбе мегӯяд, дар остонаи ҳар ид мақомот барои хайр ба муҳтоҷон тақозои кумак мекунанд ва ӯву даҳҳо соҳибкор ночор ин дархостро иҷро мекунанд.
Ӯ гуфт: “Мо соҳибкорон андозро, ки месупорем! Бигзор аз ҳамин маблағ як қисматашро барои хайр ба ятимхонаҳо, маъюбон ҷудо кунанд. Ин вазифаи аввалиндараҷаи худи мақомот аст. Соҳибкоре, ки нияти хайр кардан дорад , худаш медонад, ба кӣ хайр кунад. Фикр мекунам, дар ягон кишвари дунё ҳукумат аз соҳибкорон чунин чизеро талаб намекунад. Вақте хайр маҷбурӣ мешавад, хайр нест.”
Ба қавли Насриддин Султонов, хубтар мебуд, агар ҳукумат шароити пешбурди соҳибкориро беҳтару осонтар мекард, то тиҷорати онҳо равнақ ёбад, он гоҳ онҳо андоз бештар месупоранд ва аз ин роҳ ҳукумат метавонад, мушкилоти иҷтимоиро беҳтар ҳал кунад.
Солҳои ахир мақомот дар Тоҷикистон соҳибкоронро ба иҷрои тарҳҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла сохтмони мактабу шифхона, таъмири роҳ, бунёди ҳаммому сартарошхона ва варзишгоҳҳо ташвиқ ва ё водор мекунанд. Мақомот мегӯянд, соҳибкорон ин корҳоро довталабона анҷом медиҳанд, аммо аксар соҳибкороне, ки Радиои Озодӣ бо онҳо ҳамсуҳбат шуд, гуфтанд, тақозои мақомот дар асл дастур аст ва дар сурати сарпечӣ аз он метавонад барояшон дарди сар офарад.
Соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон маъракаи бесобиқаи омодагӣ ба таҷлили 30-солагии истиқлоли кишварро эълон кард ва аз соҳибкорон хостаанд, то соли 2021 дар деҳот ҳаммомҳои замонавӣ, кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо бисозанд. Кумитаи сохтмон ва меъморӣ ҳам тарҳҳои сартарашхонаву ҳаммом ва кошонаи ҳуснро таҳия кардааст, ки соҳибкорон метавонанд, онҳоро интихоб кунанду бисозанд.
Мусоҳибони Радиои Озодӣ гуфтанд, довталабона саҳм гирифтани соҳибкорон дар бунёди иншооти иҷтимоӣ ҳеҷ бадӣ надорад ва дар кишварҳои дигар ҳам дида мешавад. Аммо давлат набояд масъулиятҳои иҷтимоиашро бар дӯши онҳо ва мардум бор кунад, чун ҳар вақт харҷҳои пешбининошудаи соҳибкор зиёд шуд, ӯ ҳам роҳҳои фирор аз пардохти андоз ва кам кардани хароҷотро меҷуяд.