Дафтари матбуоти Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 9 январ ба радиои Озодӣ гуфт, ки Фаридуни Тура бар асоси панҷ моддаи қонуни ҷиноии Тоҷикистон дар изофанависӣ ва сирқати пул ба ҳангоми истифодаи қарзи Бонки Исломии Рушд муттаҳам мешавад. Аз рӯи иттилои додгоҳ, чанд соли пеш ӯ барои сохтмони нерӯгоҳҳои кӯчак дар Тоҷикистон 600 ҳазор доллар қарз гирифта буд. Дар ҳоле, ки худи оқои Тура мегӯяд, ки ин маблағро барои иҷрои тарҳҳои барномарезишудааш сарф кардааст, мақомоти Тоҷикистон ба ҳарфи ӯ бовар надоранд. Айбдоркунанда мегӯяд, ки ӯ дар асл пули камтаре харҷ карда, дар санадҳо ба изофанависӣ роҳ додааст.
Ба иттилои Дафтари матбуоти Додгоҳи шаҳри Душанбе, додгоҳ зери раёсати Абдулмонеъ Бозоров ҷараён мегирад.
Дар моҳи августи соли 2012 Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки як соҳибкори эрониро боздошт кардааст. Фаридуни Тура, ба қави вакили дифоъаш, пас аз он боздошт шудааст, ки нахостааст бо тафтишот ҳамкорӣ кунад.
Ширкати «Роҳи корвон» соли 2003 дар Тоҷикистон расман сабти ном шуда, дар як тендери байналмилалӣ, ки аз сӯи Бонки Исломии Рушд эълон шуда буд, барои сохтмони 8 нерӯгоҳи кӯчаки обӣ дар Тоҷикистон баранда шуд. Яке аз ин тарҳҳо, нерӯгоҳи якмегаватӣ дар рӯдхонаи «Санги Кар»-и ноҳияи Рашт ва дигаре дар минтақаи Роғун буд.
Қаблан дар сӯҳбат бо Озодӣ Фаридуни Тура гуфта буд, ки барномаи сохтмони ин нерӯгоҳ, ки тавассути пажӯҳишгоҳи «Гидроэнергопроект» ба тендер пешниҳод шудааст, камбудиҳо дошт ва ба маблағи тахсисшуда ва ҳаҷми кор мувофиқат намекунад.
Маркази лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ қарордоди тендериро бидуни муроҷиат ба додгоҳ лағв кард ва сохтмони ин нерӯгоҳро ба ширкати дигар вогузошт. Аммо ин ширкат бидуни ҳалномаи додгоҳ молу амволи ширкати «Роҳи корвон»-ро бо акти раиси ҷамоати Навободи ноҳияи Рашт мусодира кард.
Фаридуни Тура мегӯяд, баръакс ба хотири фош нашудани асли масъала ва навҳаҳои аз дасти ӯ кашида гирифтани тарҳҳо ӯро ба изофанависии маблағҳо ва азхудкардани пули тарҳҳо айбор мекунанд. Моҳи феврали соли 2012 Оҷонсии мубориза бо фасод бо пешниҳоди Додситонии кулл алайҳи ӯ парванда боз ва моҳи август Фаридуни Тураро боздошт кард.
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар охирҳои моҳи декабри соли гузашта парвандаи соҳибкори эронӣ раиси ширкати “Роҳи абрешим»-ро ба додгоҳи шаҳри Душанбе ирсол кард.
Радиои Озодӣ